Тирамоҳ дар ҷангал. Мавзӯъ дар маҳфили “Дастони моҳир”

Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили ҳамешагии  «Дастони моҳир» дар мавзўи  «Тирамоҳ дар ҷангал» бо иштироки хонандагони фаъоли шуъба баргузор гардид.

Сараввал муаллима Раҳимова Фирӯза оид ба фасли тирамоҳ ва хусусиятҳои он ба хонандагон маълумот дод. Ҳамчунин, муаллима аз маводи конселиарӣ тарзи омода намудани замбӯруғҳо ва баргҳои дарахтонро нишон дод.

Сипас миёни мураббӣ ва хонандагон оид ба мавзӯъ табодули афкор сурат гирифт ва хонандагон оид ба фасли тирамоҳ аз ашъори шоирон шеърҳо, чистонҳо, тезгӯякҳо қироат намуданд.

Хонандагон дар навбати худ бо истифода аз маводи конселярӣ замбӯруғҳо ва баргҳо сохатнд.

 Зуҳро Матинова, мутахасисси пешбари

шуъбаи кўдакон ва наврасон.