«ТОҶИКОН»

«ТОҶИКОН»

«Тоҷикон» – и Александр Поникарнович Шишов нахустин асари ҳаҷман калоне мебошад, ки дар он оид ба этнография, фарҳанги маишӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, урфу одоти тоҷикон – қадимтарин халқи минтақаи Осиёи Миёна ва робитаи мутақобилаи он бо дигар халқҳо, махсусан ӯзбекҳо, сухан меравад.

А. П. Шишов нахустин бор бисёр аниқ ва ҳамаҷонибаю дақиқ маводи зиёдеро дар бораи этнография ва фарҳанги рӯзгордории тоҷикон ҷамъоварӣ намудааст. Саҳифаҳои зиёди ин китоб дар хусуси урфу одат, расму оин ва маишату рӯзгордории тоҷикон дар қарни XIX маълумот медиҳанд.

Бисёре аз урфу одот ва анъанаҳои рӯзгордории тоҷикон, ки муаллиф дар бораи онҳо менависад, бо барқароршавии Ҳукумати Шӯравӣ ва тағйирёбии сохти сиёсию иҷтимоӣ аз байн рафтаанд ва дар бораи онҳо аз ҳамин китоб маълумот гирифтан мумкин аст.