То китоб ба хонанда мерасад, ки…
Замоне, ки донишҷӯ будам ва ба «Китобхонаи миллӣ» барои мутолиаи китоб меомадаму фақат як суол дар сарам меомад, ки беҷавоб буд. Ба худ мегуфтам, ин қадар коргари зиёд чи кор мекарда бошанд? Мудоме, ки дар толори хониш як чанд нафар дархостҳои хонандагонро қабул мекарданду тибқи он китобҳои ба онҳо заруриро меоварданд, пас дигарҳо ба чи кор машғул бошанд? Ин бароям як муаммо буд, ки ҷавобашро ёфта натавонистам.
Бо гузашти айём донишгоҳро хатм намудам ва хоҳиши дар китобхона кор кардан пайдо шуду ба шуъбаи кадрҳо муроҷиат намудам, хушбахтона маро ба кор қабул карданд. Рӯзи аввали кориям дар шуъбаи мукаммалгардонии фонд шуруъ гардид. Сардори шуба Гулҷаҳон Асоева маро хуш пазируфта бо коргарон шинос намуда, ба ҳар яки онҳо супориш доданд, ки нозукиҳои кори худро ба ман омӯзонанд. Дар муддати кӯтоҳ бо онҳо суҳбат карда, ба кори ҳаррӯзаашон аз наздик ошно шудам. Ва ба назарам расид, ки қариб ба суоле, ки доим аз худ мепурсидам, посух пайдо мекунам.
Ҳоло мехоҳам дар бораи кори шуъбаамон бароятон маълумоте бидиҳам.
Ҳар китобу рисола, рӯзномаву маҷаллае, ки дар китобхона аст, сараввал ба шуъбаи мукаммалгардонии фонд ворид мегардад, баъдан ба шуъбаҳои дигар ирсол мешаванд. Дар шуъба китобҳои туҳфашуда аз шахсони алоҳида, нусхаҳои ҳатмӣ, сарчашмаҳои гуногун ва китобҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришударо қабул мекунанд, ҳамаи китобҳоро аз назар мегузаронанд, соҳа ба соҳа ҷудо карда, ба забонҳо тақсимбандӣ менамоянд. Баъдан бо баргаҳо муқоиса мекунанд, сабт мекунанд ва барои баъзе аз китобҳое, ки барга надоранд, барга тартиб медиҳанду муҳр, часпак ва рамзбандӣ менамоянд.
Аз сабаби ду дафтар будан, ки яке тоҷикӣ ва дигаре русӣ мебошад, китобҳоро ба дафтари инвентарӣ мегузаронанд, ки ҳамин каме вақти зиёдро талаб мекунад. Пас аз анҷоми ин корҳо китобҳоро ба шуъбаи коркарди адабиёт месупоранд. Қисми дигари коргарон бошанд ба анҷоми корҳои техникӣ машғуланд. Ду нафар аз ҳамкоронамон рӯзномаву маҷаллаҳои обунавӣ, нусхаҳаи ҳатмӣ, сарчашмаҳои гуногун, рӯзномаҳои ноҳиявиро қабул мекунанд. Он ҳамаро коркард ва вориди компютер мекунанд. Сипас дар баргаҳо рақамгузорӣ намуда, ба шуъбаҳои дахлдор интиқол медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ тамоми хуҷҷатҳои заруриро барои обунаи рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ омода намуда, вуруди онҳо ба китобхонаро назорат мекунанд. Масъалаҳои вобаста ба обунаи дохиливу хориҷиро бо КВД «Почтаи тоҷик» ҳал мекунанд. Диссертатсия ва авторефератҳоро бошад қабул намуда, баъди барга навиштан ба муаллифон маълумотнома пешниҳод менамоянд. Ҳамингуна ҳисоботҳои моҳонаи инвентариро дар шакли электронӣ варид менамоянд.
Ман бошам китобҳои тозанашри туҳфа аз муаллифон, нусхаҳои ҳатмӣ ва туҳфа аз шахсони алоҳида, ки зиёда аз 100 нусхаро дар бар мегирад, барои ба сомонаи китобхона гузоштан мавод омода менамоям.
Шуъбаҳои дигар, ки китобро баъди мукаммалгардонии фонд қабул мекунанд, расмиёти дигари вобаста ба хусусияти кори худро анҷом медиҳанд ва сипас китоб ба дасти хонанда мерасад.
Ин заҳмати дастаҷамъонаи кормандони китобхона аст, ки хонандагон дар толорҳои гарму ором нишаста китоб мутолиа намуда, донишҳои худро ғанӣ мекунанд, донишҷӯён ба дарсҳо худро омода месозанд, олимон барои корҳои илмии худ маводи зарурӣ меҷӯянду меёбанд. Дигарон китоби дилхоҳи худро мегиранд ва дар гӯшае саргарми мутолиа мешаванд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.