“ТОҶНОМА” – СУБОТИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”

 

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Тоҷнома – суботи сиёсӣ-фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ” ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он олимон ва муҳаққиқони варзидаи кишварамон иштирок намуда, аз нақши силсилакитоби “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) дар эҳё, густариш ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҳамватанонамон, бахусус ҷавонони тоҷик суханронӣ намуданд.

Ҳамоиш бо сухани муқаддамотии директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол оғоз гардида, номбурда доир ба аҳамият ва зарурати нашри силсилакитоби “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) ва ба чи шакл нашр гардидани ҷилдҳои минбаъдаи ин силсила, маълумот ироа намуд.

Қайд гардид, ки дар муддати фаъолияти чандинсолаи муассиса, Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ тавонистааст, ки 12 китобро дар 14 ҷилд ба нашр расонад. Аз ҷумла нашри китобҳои “Авасто”, “Динкард”, “Бохтар” дар ду ҷилд, ”Мероси хаттии бостон” дар ду ҷилд, “Ғурар-ус-сияр”, “Ҳудуд-ул-олам”,Таърихи Систон” “Зайн-ул-ахбор”, “Таърихи Байҳақӣ”, “Тоҷикон”-и А. Шишов, “Таърихи адабиёти тоҷик”-и Е.Э. Бертелс ба нашр расида, китоби дигаре аз ин силсила таҳти унвони «Суғд», дар ду ҷилд дар арафаи нашр қарор дорад.

            Дар идома, сухани табрикотии мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ Абдуллозода Масрур шунида шуд.

            Дар бахши дигари ҳамоиш, суханронии олимон ва муаррихону коршиносони варзидаи кишвар дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ-назариявӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд. Аз ҷумла, доктори илмҳои бостоншиносӣ, академики АМИТ Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ дар мавзӯи “Таърих ва устураи Тоҷ” доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Назарзода Сайфиддин дар мавзӯи “Вожаи “тоҷиква забони бохтарӣ”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо дар мавзӯи “Силсилаи “Тоҷнома (тоҷикон дар масири тамаддун) дар тарбияи хештаншиносии ҷавонон”, рӯзноманигор, ходими ҷамъиятӣ Ализода Ҳуриннисо дар мавзӯи “Тоҷикшиносӣ” – бознигарӣ ва такмили таърихи аслии тоҷикон” ва дигарон баромад намуданд.

            Ёдовар мешавем, ки ҳанўз аз моҳи майи соли 2012 сар карда, то ба имрӯз бо тасмими роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон самти асосии фаъолияти Маркази “Тоҷикшиносӣ” ба тарҷума, таҳия, тадвин ва чопи китобҳои арзишманди мероси хатии ниёконамон таҳти унвони ”Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) нигаронида шудааст.

            Силсилакитоби “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун), бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва чоп мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар ин давра 14 ҷилди силсилаи мазкур нашр гардидааст. Ҳадаф аз нашри ин силсила эҳё, густариш ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҳамватанонамон, бахусус ҷавонони тоҷик мебошад.