Тоҷикистон – Чин аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ

Точикистон-ва-ЧинИн таҳқиқоти фарогир ба марҳалаҳои асосии ташаккул ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин аз давраи ташаккули Роҳи Бузурги Абрешим то имрӯз бахшида шудааст.

Муллифон ташаккули робитаҳои тиҷоративу фарҳангии байни халқҳои минтақаро ҳангоми ташаккули Роҳи Абрешим, муносибатҳои байни халқҳои тоҷику чиниро дар асрҳои миёна, хусусан, дар давраи сулолаи Сомониён дар Осиёи Миёна ва инчунин, муносибатҳои кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистон ва Чинро барассӣ ва арзёбӣ кардаанд.

Китоби мазкур бори аввали соли 2019 бо забонҳои русӣ ва чинӣ нашр гардида, тарҷумаи он ба муносибати 30-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин соли 2022 бо қарори Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таҳрири академик Талбак Назаров чоп шудааст.

Китоб барои таърихшиносон, сиёсатшиносон, дипломатҳо, муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва инчунин, доираи васеи алоқамандони масоили муносибатҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

 Китоби “Тоҷикистон – Чин аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед

  Меҳрангез Муҳаббатова, сармутахассиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.