“Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”- чорумин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ
24-уми ноябр дар Китобхонаи миллӣ даври ҷамъабастии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” оғоз гардид. Тавре қаблан ҳам иттилоъ дода будем, озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.
Довталабони ин озмун аз тамоми гушаю канори ҷумҳурӣ ҷамъ омадаанд ва миёни ҳам рақобат хоҳанд кард. Дар ин озмун иштирокчиён аз рӯи синну сол гурӯҳбандӣ шуда, дар он хонандагони мактабҳои миёна, донишҷӯён (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зиннаҳои таҳсилот, калонсолон ва кормандони касбу кори гуногун ширкат меварзанд. Ҳадаф аз баргузории озмун омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқи тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати тоҷик дар рушду инкишофи тамаддуни инсоният мебошад.
Парвизи Маҳмадамин – муҳаррири идораи гузоришҳо ва пахши мустақими Телевизиони Варзиш яке аз иштирокдорони даври ҷамъбастии озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» мебошад. Ӯ мегӯяд мақсад аз ширкат намудан дар озмун ин пеш аз ҳама шинос шудан бо гузаштаи миллати тоҷик ва омӯзиши ҳамаҷонибаи таърих ва фарҳанги гузаштаи худ мебошад. Парвиз бар он назар аст, ки мо ҳарчи қадар таърихро донем, вале аз он истифода набарем боз ҳам ба ҳамон мушкилоту бархӯрдҳои нодуруст рӯбарӯ мешавем. “Ҳодисаҳое, ки дар тулӣ таърих ба вуқуқъ мепайванданд, агар мо диққат диҳем, ҳар яке ба дигаре хело шабоҳат дорад. Ҳамон истилогарӣ, зулм, ситам, ҷабр ба ҷони инсонҳо… Ҳамаи ин аз он дарак медиҳад, ки мо гаштаву баргашта хатоҳое, ки дигарон кардаанд, такрор мекунем ва бармегардем ба ҳамон давр”- мегӯяд ӯ.
Иштирокчии дигар Меҳрон Абусаидзода хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 ноҳияи Лахш мебошад. Ӯ дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки завқу завқи зиёд ба мутолиаи асарҳои хусусияти таърихӣ дошта ӯро водор кардааст, то дар озмуни мазкур иштирок намоянд.
Китоби аллома Бобоҷон Ғафуров ӯро ба гузаштаи миллати худ ошно намудааст. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, хело шод ҳастам, ки ин озмун эълон гардид ва мо тавонистем боз ҳам хубтар ва амиқтар бо чеҳраҳои таърихи миллати тоҷик, бо гузаштаи ниёгонамон шиносоӣ пайдо намоем ва ҳамчун насли ватандӯсту хештаншинос ба воя расем.
Меҳрона Худойбердиева довталаби дигари озмун донишҷӯи соли 2-юми МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент аст. Ӯ дар суҳбат ба мо гуфт, ки ҳадафи аслиаш иштирок ва сазовори ҷойи намоён гаштан ва бо сари баланд ба маҳали худ баргаштан аст. Меҳрона мегӯяд, баъдии он ки эълони озмунро хондам, тасмими қатъи гирифтам, то дар он ширкат варзам, новобаста ба он ки мо дар кадом соҳа кору фаъолият кунем, донистани таърихи миллат ва арҷ гузоштан ба он вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад.
Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 и шаҳри Ваҳдат Абдулло Тағойзода ба озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» се нафар шогирди худро омода намудааст.
Ин омӯзгори сермаҳсул ақида дорад, ки агар чунин озмунҳои сатҳи баланд дар миқёси ҷумҳурӣ пайваста ва бо ҳамин тарз шаффоф ва поквиҷдонона гузаронида шаванд, насли имрӯзи мо як насли босавод, пурмаърифат ва бомаданият ба рӯи кор меояд. Ҳамаи ин доноӣ, бомаърифатии Пешвои муаззами миллати моро нишон медиҳад, ки мехоҳанд, миллат босавод, кордон ва соҳибмаърифат бошад.
Шароитҳои баргузории озмунҳо хело ва хело сазовори таҳсин ва офаринҳост. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, аз барномаи омоданамудаи муттасадиён, ки аз субҳи барвақт хотири меҳмононро болида гардонд, бисёр шод аст ва ин барояш рӯҳияи хуб бахшидааст. Умеди калон дорем, ки бо сари баланд бармегардем – мегӯяд ӯ
Маврид ба зикр аст, ки озмун аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардида, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст.
Наргис НАЗАРЗОДА