“ТОҶИКОН”-Шоҳасаре барои шинохти миллат
“Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд”. Эмомалӣ Раҳмон
Номи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахсияти муҳтараму муътабар дар саҳифаҳои ранголудаи таърихи миллати тоҷик ҳамчун нависандаи хушном, таърихнигори барҷаста, муҳаққиқ , доктори илмҳои таърих, академики Академияи илҳмои Тоҷикистони Шӯравӣ, академики Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ва Қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дарҷ ёфтааст. Ин фарзанди фарзонаи миллат тавониста бо таълифи асари бузургу мондагори хеш – “Тоҷикон” ному нишони миллати моро шуҳраи офоқ созад. Тариқи ин шоҳасари безаволи ӯ мардумони олам бо таъриху тамаддун ва урфу одати миллати мо ошно гардида, садоқату эҳтиромашон дуболо афзун шуд. Китоби “Тоҷикон” чун ганҷинае нахустин бор соли 1972 ба забони русӣ дар нашриёти “Наука” ва сипас солҳои 1983 ва 1985 дар ду ҷилд дар нашриёти “Ирфон” чоп шудааст. Бояд гуфт, ки гунаи русияш то асри 18 ва нашри тоҷикияш то 1917 – ро дар бар мегирад.
Пажӯҳишу ковишҳои пайвастаи Бобоҷон Ғафуров ҳамин натиҷа дод, ки соли 1948 дар асоси таърихи миллати тоҷик рисолаи мухтасари худро бо номи «История таджикского народа в кратком изложение» таҳия намуд. Дар аҳди ба сифати директори Институти шарқшиносии Тоҷикистони Шӯравӣ фаъолият бурданаш, ба таҳқиқи тоҷикшиносӣ амиқтар машғул гардид ва баъди пажӯҳиши тӯлонӣ “Тоҷикон” – ро таълиф кард, ки ба яке аз шоҳасарҳои рӯйимизии ҳар хонанда мудаббал шуд. Китоби “Тоҷикон” аз муқаддима, 6 бахш ва 17 фасл таркиб ёфта, бо замимаҳои муътамад дарҷ гардидааст.
Ба муносибати таҷлил аз 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши васеъ ва ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи халқи тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, озмуни фаромиллии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» соли 2023 баргузор шуд. Ин ташаббуси бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ба некӣ пазируфта шуд.
Аллома Бобоҷон Ғафуров, ки исми худро дар саҳифаҳои таърихи миллат ба сифати донишманди бузургу таърихнигори беҳамто сабт карда, бо рафтани солҳо аз сари мо, мақому мартаба ва моҳияти шоҳасари нигоштаи ӯ “Тоҷикон” фузун мегардад. Китоби «Тоҷикон» асари бебаҳоест, ки миллати моро оламиён бо шарофати ҳамин китоби гаронбаҳо шинохтаанду кайҳо эътироф кардаанд. Такя ва бовар ба ин ҳама дастакҳо, тақдими китоби “Тоҷикон” аз сӯйи Пешвои миллат ба ҳар хонаводаи тоҷик амали шоиставу сутурданиест, ки назирашро олам надида. Хулоса, агар Фирдавсии бузургвор “Шоҳнома” ишно карду тухми суханро ба даҳри дун барои абад пароканда карду кошт, пас, дар авоили асри 20 номаи заволнопазири дигаре барои миллат “Тоҷикон” шумурда шуд, ки аз оғози ин тамаддундорӣ то оғози Тоҷикистони навинро ба таркиб дорад.
Воқеият дорад, ки кулвори моломол аз ғановату маънавиёту маърифати пандомӯзи адабиёти моро ҳамвора дар арсаҳои мухталиф ҳикоёту қиссаву достонҳое ба таркиб гирифта, ки осори арзишманду бебаҳову нодиру безаволи офарандаҳои классики мо рӯ ба газандро намебинанду бо рафтани умр аз сари мову омадани наслҳо, ин ганҷинаи гаронбаҳо мудом ба қимати воло дакка мехӯрад. Пас, номи Бобоҷон Ғафуров ва шоҳасари ӯ “Тоҷикон” то миллати тоҷик ҳаст, поянда боқӣ хоҳанд монд.
Оростамоҳ Азизова, сармутахассиси шуъбаи нигоњдории иктоб.