Интишороти Китобхонаи миллӣ “Корномаи Ардашери…
Муфассал
Маркази «Тоҷикшиносӣ» бунёди илмии худшиносии миллӣ
Соли 2007 дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангӣ бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кӯшише буд, ки ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани Китобхонаи миллии кишвар мусоидат менамуд. Марказ, аз соли 2007 то ҳол фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин муддати кӯтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик нақши босазо гузоштааст.
Бо тасмими роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз моҳи майи соли 2012, самти асосии фаъолияти Маркази «Тоҷикшиносӣ» васеъ шуда, ба тарҷума, таҳия, тадвин ва чопи китобҳои арзишманди мероси хаттии ниёконамон таҳти унвони «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун») дар 50 ҷилд ба нақша гирифта шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки силсилакитоби «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун), бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳияву чоп мегардад. Қобили зикр аст, ки дар ин давра, 15 ҷилди силсилаи мазкур нашр гардидааст. Ҳадаф аз нашри ин силсила, эҳё, густариш, муаррифӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҳамватанонамон ва бахусус ҷавонони саодатманди тоҷик аст.
Ин баёз бояд барои муайян намудани мақому мартабаи миллати кӯханбунёди тоҷик, ки яке аз нахустин офарандагони фарҳанги моддию маънавии башарӣ хизмат намудааст, барои рушду суботи худшиносӣ ва ваҳдати миллии мо ҳамчун заминаи муътамад ва мусаннади илмию фарҳангӣ мусоидат намояд.