Толорҳои серхонандаи китобхонаи миллӣ
- 05.2022, якшанбе. Толорҳои хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон пур аз хонанда аст. Толори хониши «Фурўғи субҳи доноӣ» низ моломоли хонадагон буд, ки ин аз таваҷҷуҳи зиёди мардум, бахусус ҷавонон нисбати китоб дарак медиҳад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамарўза аз соати 8-и субҳ то 20-и шаб фаъолият намуда, теъдоди хонандагонаш ҳамрӯза рӯ ба афзоиш аст.
Толори хониши «Фурўғи субҳи доноӣ» барои ширкаткунандагони озмум кушода шуда, аз соати 8-и субҳ то 17:00 фаъолият мекунад, тибқи низомномаи озмун китобҳо барои хонандагон пешкаш шудааст.
Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.