Толорҳои алоҳида барои волидон ва омӯзгорони иштирокчиёни озмун
Барои таъмини шаффофият ва дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” он пурра аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ сабт мешавад. Ҳамчунин волидон ва омӯзгорони онҳо метавонанд дар толорҳои алоҳида баромади довталабонро ба таври мустақим тамошо кунанд.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”, ки мизбони даври ниҳоии ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошад, дар ҳамбастагӣ бо вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароиту имконотро барои меҳмонон ва иштироккунандагон муҳайё намудаанд.
Дар ҳар як номинатсия, ки дар ошёнаҳои алоҳида ва толорҳои гуногун баргузор мегардад, масъулон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллӣ гузошта шудаанд, ки барои роҳнамоӣ ва омода намудани довталабон мусоидат мекунанд. Мо дар робита ба шароиту имконоти Китобхонаи миллӣ бо чанде аз меҳмонон суҳбат намудем, то назару андешаҳои онҳоро фаҳмида бошем.
Нодира Шарифова омӯзгори муассисаи давлатии таълимии гимназияи №1 шаҳри Ҳисор аз ҷумлаи омӯзгороне мебошад, ки тайи чанд соли охир ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” шогирд омода мекунад. Ӯ дар суҳбат ба мо иброз намуд, ки аз шароити баргузории озмун бисёр қаноатманд буда, метавонанд мустақиман баромади шогирдони худро дар толорҳои алоҳида тамошо кунанд.
Вай ҳамчунин гуфт, ки китобу китобхонӣ ба таффаккури насли ҷавон таъсири мусбат расонида, онҳоро аз корҳои беҳуда ва беманфиат боз медорад.
Дилрабо Носирова омӯзгори литсеи инноватсиони шаҳри Душанбе дар робита ба шароиту имконоти баргузории озмун чунин қайд кард, ки сол ба сол иқдомоти нав илова гардида, имкони ба таври мустақим тамошо кардани баромади шогирдонамон осонтар мешавад. Номбурда инчунин зикр намуд, ки тули чор сол аст шогирдонашро ба озмун меорад ва ҳамасола онҳо сазовори ҷойҳои намоён мегардад. Имсол ӯ ба озмун шогирдаш Осия Ғаффорова– хонандаи синфи 4 умро бо тайёрии ҷиддӣ овардааст ва мехоҳад бо ғолибият баргарданд.
Ҳамсуҳбати дигари мо Ҳабибулло Одинаев аз ноҳияи Восеъ мебошад. Ӯ фарзандаш Омина Одинаеваро ба озмун овардааст. Падари Омина мегӯяд, барои духтараш муаллими сахтгир низ ҳаст. Баромади духтараш аз рӯи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ӯро қаноатманд кардааст. Номбурда дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки бисёр шод ҳастам, ки чунин озмунҳо баргузор мешаванд ва мо метавонем донишу малакаи ҳам худ ва ҳам шогирдонамонро санҷида бошем. Ҳабибулло Одинаев инчунин аз толорҳои онлайнӣ, ки дар ҳар як номинатсия алоҳида кушода шудаанд изҳори миннатдорӣ намуд.
Толорҳои шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон, шуъбаи адабиёти хориҷӣ, толор барои номинатсияи адабиёти классики тоҷик низ пур аз меҳмонон аст ва онҳо аз субҳи барвақт омада баромади шогирдони худро тамошо мекунанд. Бояд гуфт, ки дар ҳар як толори алоҳида муттасадиён муайян гардида, ҷараёни баргузории озмунро назорат ва иштирокчиёну меҳмононро роҳнамои мекунад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа