Толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дар моҳи май мизбони 9982  нафар хонанда буданд

Мувофиқи омори шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон давоми моҳи майи соли ҷорӣ ба толорҳои тиб ва табиатшиносӣ, ҳуқуқ ва фалсафа, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” зиёда аз 9982 нафар хонанда ташриф оварда,  10059 нусха адабиёт дархост намудаанд. Дар ин бора сардори шуъбаи мазкур Зумратбӣ Эмомова хабар дод.

Бояд гуфт, шуъбаи хизматрасонӣ ба истифоабарандагон яке аз бахшҳои калидӣ ва муҳими Китобхонаи миллӣ ба ҳисоб рафта, кормандони шуъба дар сатҳи зарурӣ ва бо масъулияти баланди касбӣ ба хонандагон хидмат меравонанд.

Вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар назди шуъба толори махсус таъсис дода шудааст, ки он аз рўи ҳамаи номинатсияҳо бо адабиёти зарурӣ таъмин шуда, барои иштирокчиёни озмун мутобиқ ба низомномаи тасдиқшуда адабиёт пешниҳод шудааст. Дар толори мазкур дафтари бақайдгирии иштирокчиёни озмун мавҷуд буда, ҳамзамон китобҳои барои озмун таъиншуда аксаран  дар шакли электронӣ низ мавҷуд аст.

Моҳи май ба толори «Фурўғи  субҳи доноиӣ китоб аст» 496 хонанда ворид шуд, ки ба онҳо 670 нусха китоб пешниҳод гардид.

Шакли дигари хизматрасонии шуъба,  ин пешниҳоди маълумоти шифоҳӣ ба хонандагони ҷавони Китобхона мебошад.  Дар ин самт кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон барои тарзи дуруст дарёфт намудани мавод,  дигар намуди дархости онҳо ва умуман роҳнамоии онҳо барои осону сода истифода бурдан аз китобҳои Китобхона кумак менамоянд.

Шумо низ ба Китобхона биёед ва аз сатҳи баланди хизматрасонии ин даргоҳ баҳравар гардед.