Толори серхонандатарини Китобхона толори хониши “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Усмон Давлатов хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умуммии №53-и ноҳияи Варзоб аст. Ӯ ҳафтае то 4 маротиба ба Китобхонаи миллӣ меояд. Дар толори хониш барои ширкаткунандагони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба мутолиа китоб машғул мешавад. Хондани асарҳои адибони классикро зиёд дӯст медорам, мегӯяд ӯ. Азм дорам имсол низ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок кунам. Солҳои қабли низ ширкат намудам, аммо то даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат нагирифтам. Сабабҳо бисёр буд, ба Китобхонаам кам меомадам, дастраси надоштан ба китобҳо низ баъзан пеш меомад, аммо имсол пайваста ба Китобхонаи меоям. Усмон мегӯяд, шароитҳои муҳайёнамудаи Китобхона барояш бисёр мусоид аст.
– “Толори “Фурӯғи субҳи доноӣ” гарм, бонизом ва бисёр ором ҳам ҳаст. Тамоми китобҳои дар номинатсияи озмун пешниҳодшударо ин ҷо пайдо кардан мумкин. Хеле шод ҳастем, ки давлату ҳукумат барои мо шароитҳоро созгор кардаанд.Мо танҳо бояд хонем ва барои оянда мутахасисони кордон шавем”,- мегӯяд Усмон Давлатов.
Дигар хонандае, ки дар толори “Фурӯғ…” вохӯрдем ва ба гуфтаи масъулини толор қариб ҳаррӯз ба ин ҷо меояд, Маҳноз Рӯзибойзода хонанадаи мактаби №53 ноҳияи Варзоб аст. Ӯ ҳамроҳи дигар хонандагони мактабашон ҳамарӯза ба Китобхона меояд. Маҳнозро барои ширкат дар озмун касе роҳнамоӣ накардааст. Ӯ мегӯяд, дар телевизион баромади довталабонро тамошо кардаму ҳавасам омад ва аз ҳамон ҷо тасмим гирифтан дар озмун ширкат кунам.
Бояд гуфт, давоми 5 соли охир бо баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- сафи хонандагон рӯз ба рӯз зиёд гардида, истеъдодҳои навтарин кашф мешаванд ва аз рӯи маълумоти сардори шуъбаи хизматрасони ба хонандагон Зумратбӣ Эмомова соли 2023 аксарияти хонандагони шуъба ғолиби озмун гардиданд. Аз ҷумла, гирандаи “Шоҳҷоиза”-и озмун Шукрона Тоҳирӣ низ яке аз хонандагони фаъоли шуъбаи мазкур мебошад.
Бояд зикр кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 низ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда мешавад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.Озмун аз рӯйи шаш номинатсия баргузор мешавад:
— адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
— адабиёти классикии тоҷик;
— адабиёти муосири тоҷик;
— адабиёти ҷаҳон;
— эҷоди назм;
— эҷоди наср.
Бо ҳамин мақсад Китобхонаи миллӣ толори алоҳоида барои довталабони озмун ташкил кардааст, ки 96 ҷои нишаст дорад. Толори мазкур пас аз эълон шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷиҳати омода шудани хонандагон ба озмун таъсис дода шудааст. Бо эълон гардидани низомномаи нави озмун ҳамакнун ин толор пур аз хонандагон аст.
Барои ҳамаи онҳо барор мехоҳем.
Китоб бихонем ва ҷаҳони маънавии худро бой созем!
Бахши матбуот а робита бо ҷомеа Китобхонаи миллӣ