Толорҳои пурхонандаи рӯзи якшанбеи Китобхонаи миллӣ

Толрҳои пурхонанда

Дирӯз якшанбе, даҳҳо нафар аз ҷумлаи донишомӯзони мактабҳои олӣ, макотиби миёна, устодони донишгоҳҳои оливу миёна чун ҳамеша бо қудуми мубораки худ толорҳои хониши Китобхонаи миллиро нуронӣ карданд. Вақте кас вориди толори пурхонанда мешавад ва баъзан ҳатто ҷойи нишаст наёфта, сар ба толори дигар мезанад, дил аз фараҳ лабрез мегардад. Пурии толорҳои хониш аз шавқу майлу рағбат ба китоб шаҳодат медиҳад.

Дуруст аст, ки аксари хонандагони рӯзи гузашта донишҷӯён буданд ва ин табиист. Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон барои омодагӣ ба дарсҳову имтиҳоноту санҷишҳо беҳтарин макон аст: ором, таъмин бо одитарин шароит. Китобҳо фаровонанд, агар яке пайдо нашуд, дигареро метавон мутолиа кард ва мавзӯъро фаро гирифт. Ин аст, ки аз дуриҳои дур ҳам меоянд, то китоби мавриди ниёзашонро пайдо ва мутолиа намоянд.

Хушо ба ҳоли касоне, ки рӯзи истироҳати худро канори як китоби пурмуҳтаво мегузаронанд ва аз саҳифаҳои он дурри маънӣ мечинанд.  Китоб аст ёрӣ танҳоӣ ва китоб аст рафиқу муниси рӯзу шабҳои танҳоӣ!

Беҳтарин РАФИҚ ва беҳтарин РАҲНАМО!

Аксҳо аз дирӯзи ҳузури пурнури хонандагон дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ!

Хосиятбибӣ КАРИМОВА, Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.