Тозанашр. Садриддин Айнӣ: “Мир Алишери Навоӣ”
Ин итоб ба тозагӣ чоп шудааст ва яке аз асарҳои мондагори устод Садриддин Айнӣ ба шумор меравад. Тавре аз номаш пайдост, як асари таҳқиқиву таҳлилӣ дар бораи Алишери Навоӣ ва осори ӯст.
Китоб бо сарсухане таҳти унвони “Нақши осори замон дар таҳқиқотии устод Айнӣ «Мир Алишери Навоӣ» чоп шудааст.
Сарсуханро пурра ин ҷо меорем:
Устод Садриддин Айнӣ бар ҳақ дар баробари асосгузори адабиёти навини тоҷикӣ, муассис ва бунёдгузори илми адабиётшиносии тоҷик низ мебошад, ки ин амр аз фаъолияти серсоҳа, табаҳҳур ва дониши ў дар тамоми улуми мутадовили замонаш маншаъ мегирад. Дар бораи дигар соҳаҳои фаъолияти устод ин ҷо ҷои сухан нест, вале дар бораи осори адабиётшиносии эшон бояд гуфт, ки нахустин асарҳои ин бахши илми ватании мо маҳсули қалами устод буда, «Намунаи адабиёти тоҷикӣ» (Москва 1926) оғози он мебошад.
Тадриҷан таҳқиқу нашри мероси адабии гузаштагони мо ба самти асосии кори эҷодии устод табдил меёбад, ки ин ҳам аз вазъи илмӣ, сиёсӣ ва талаботи ҳамон давраи ҳаёти иҷтимоии замони муаллиф бармеояд. Устод дар он давраи барои миллати хеш ҳассос бо дарки масъулият дар роҳи исботи саҳм ва ҳаққи меросбарӣ ба осори бегазанди гузаштагон ба навиштани як силсила асарҳои таҳқиқотӣ оид ба зиндагӣ ва осори шахсиятҳои адабӣ пардохта, ба муносибати 1000- солагии Абулқосими Фирдавсӣ «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў»(1934), «Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рўдакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва монанди инҳоро ба табъ мерасонанд, ки дар ин асарҳо бисёр масъалаҳои муҳими рўзгору осори ин нобиғагони адабу фарҳанги тоҷик баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Чопу нашри ин осор ҳам дар алоҳидагӣ ва дар дохили Куллиёти устод сурат гирифтааст. Мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба асари «Алишер Навоӣ»-и устод пешниҳоди хонандагони гиромӣ карданиям, ки таҳия, баргардони як қисмат ва тавзеҳи ин асар барои нашри тозаи Куллиёти Айнӣ ба зиммаи ин ҷониб буд. Ҳангоми иҷрои ин кор бисёр паҳлуҳои тарзи кори устод маълум гардиданд, ки онҳо дар мушаххас ва муайян кардани дидгоҳи ў ба осори гузаштагон ва арзиши адабӣ, бадеӣ, таълимӣ ва таърихии он хеле муҳим мебошанд.
Бинобар ин мо бори дигар бо боварии қатъӣ мегўем ва аз тамоми муҳаққиқони осори устод таманнои онро дорем, ки ҳангоми баррасии афкору оро ва ақидаҳои устод дар ягон маврид, бевосита бо дастхати ў кор гиранд ва ба он истинод кунанд (то ба вуҷуд омадани матни илмӣ- интиқодии ин осор), зеро мутолиа ва ҷараёни таҳияи матни асари устод «Алишер Навоӣ» маълум менамояд, ки дар матни чопии ин асар тағйирот, таҳрифот ва афтодагиҳо ба назар мерасанд, ки бо чанд омил вобаста мебошанд.
Омили нахустини ин падида идеологӣ буда, ба вазъи замони муаллиф марбут аст, ки аз ирода ё хости устод берун мебошад.
Аввалан дар бораи номи ин китоб бояд гуфт, ки он як навъ бо хости касе ё идорае бидуни иродаи муаллиф иваз шудааст. Инро аз як ишораи муаллиф ва мутолиаи мактубҳои А. Деҳотӣ ва устод Айнӣ ба ҳамдигар бо хубӣ метавон пай бурд. Бори нахуст номи Навоӣ дар як мактуби устод ба Деҳотӣ омадааст, ки аз он маълум мешавад, ки устод ба таълифи чунин китоб солҳо пеш аз чопи он (соли 1948) омодагӣ ва мавод ҷамъ мекардааст. Дар мактуби устод ба таърихи зер чунин омадааст:
25\ IX9 соли 38, Самарқанд
Рафиқ Деҳотӣ!
Шояд шумо дар матбуоти Ўзбекистон қарори Совети Олии Ўзбекистонро дар бораи юбилеи панҷсадсолагии таваллуди Навоӣ хонда бошед. Совети Олии Ўзбекистон дар он қарор зимнан дар тамоми СССР умумӣ шудани юбилеи Навоиро хоҳиш мекунад. Тоҷикистон, ки ҳамсояи наздики Ўзбекистон аст ва Навоӣ бо асарҳои худ дар байни ҳамаи халқҳои Тоҷикистон (хоҳ тоҷик бошад, хоҳ ўзбек) зинда аст, бояд дар ин юбилей нисбат ба дигар республикаҳои бародарӣ аҳаммияти зиёдтар диҳанд. Дар ин сурат, бояд “Тоҷикистони сурх” ба тарзи тайёрӣ дар ин юбилей саҳифае барорад.
Ман бо хоҳиши «Литгазет» як мақола навишта, тарҷума кунонда ба Маскав фиристодам, ҳозир ба навиштани мақолаи ўзбекӣ машғул мебошам. Шумо аз идораи «Тоҷикистони сурх» фаҳмед, агар саҳифае бароварданӣ бошад ва дар он саҳифа мақолаи маро ҳам чоп кардан хоҳад, ба ман нависад ё нависед, ман як мақолаи тоҷикӣ навишта хоҳам фиристод.
Бо саломи рафиқона: Айнӣ
Ҷавоби ин номаи устод аз тарафи Деҳотӣ ба 29 октябри соли 1938 дар Куллиёти А.Деҳотӣ, ҷилди 5, саҳ. 408 чоп шудааст:
Муҳтарам домулло
Дар бораи ташкил кардани саҳифаи бахшида ба Навоӣ бо муҳаррири «Тоҷикистони Сурх» р. Почоҷонов гуфтугў кардам. Маъқул шуд. Ба Раҳим Ҷалил супурда шуд, ки як сармақола нависад.
Аз шумо илтимос ҳамин, ки дар баробари фиристодани мақолаатон нависед, ки ба саҳифаи ташкил мешудагӣ кадом шеърҳояш (тоҷикиаш бошад хубтар аст, мегўянд) ва аз кадом маҷмуа ва ё тазкира гирифта шавад…
Бо салом Деҳотӣ
29 октябри соли 1938
Хонандагони азиз китоби устод Садриддин Айнӣ “Мир Алишери Навоӣ”-ро метавонанд дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Зарина Зиёвудинова, мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон