Туҳфаи 1112 китоб аз китобхонаи шахсии профессори Донишгоҳи технологӣ Мария Здержикова ба Китобхонаи миллӣ

 Моҳшариф Мансурова як сокини пойтахт, ки 1112 адад китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа намуд, гуфт ин китобҳо аз профессори Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон Здержикова Мария Ивановна аст, ки ўро давоми 4 сол нигоҳубин кардам ва ў, ки фарзанд надошт, ашёву хонаашро ба ман бахшид.

Қисмати бештари ин китобҳо доир ба илмҳои дақиқ аст, яъне 530 дона китобҳои бадеӣ ва дарсиву соҳавӣ боқимондаро ташкил медиҳад.

Моҳшариф мегўяд, Мария Здержикова васият кард, ки китобҳоямро ба Китобхона бисупор, ки мардум аз онҳо истифода кунанд, чун китоб барои мутолиа аст. Ман аз ин китобҳо, ки махзани донишанд, илм омўхтам, бигзор дигарон низ аз ин дарёи бекарони илму маърифат нӯш кунанд. «Одамони зиёд меомаданд, ки китобҳоятонро фурўшед, ҳатто нарх ҳам монданд, 100 сомонӣ ва 60 сомонӣ барои ҳар китоб. Аммо розӣ нашудам, васияти марҳумро иҷро карда, номашро зинда сохтам», – иброз намуд мусоҳиби мо.

Ин зан гуфт, Мария Здержикова, ки тўли 50 сол дар Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон муаллими калони факултаи энергетика буд ва аз фанни физика фаъолияти омўзгорӣ намудааст, шахси олиму донишманд буда, соҳиби ифтихорномаву сипосномаҳои зиёд аст. Аз ў ҳамчунин як дастгоҳи кинескоп монда буд, ки  ўро низ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супурдам», – гуфт, Моҳшариф Мансурова.

Здержикова Мария Ивановна соли 1958 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  хатм кардааст. Вай омўзгори фанни физика буд ва аз соли 1963 дар донишгоҳи мазкур кор менамуд. Номбурда соли 2017 дар сини 83 солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.

Бо шарофати чунин инсонҳои накў ва дурандеш, ки фикри наслҳои баъдиро мекунанд, шумори китобҳо афзуда ба инсонҳо аз таҷрибаву хиради инсонӣ қисса мекунанд. Бошад, ки сафи чунин инсонҳо афзояд ва хонандагон аз неъмати китобҳо, ки  тавассути донишу илм ва ақлу заковати одамӣ дар асарҳо гирд омадаанд, баҳра бардоранд.

Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.