Туҳфаи 420 шумораи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва 21 нусха китобу автореферати шарқшиноси ӯзбек ба Китобхоани миллӣ

Комилҷон-РаҳимовКомилҷон Раҳимов, шарқшиноси зодаи Ӯзбекистон, доктори илмҳои таърих, ки бо даъвати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯнамоии китобаш ба Душанбе омадааст, зимни боздид аз Китобхонаи миллӣ 420 шумораи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва 21 китобу авторефератро туҳфа кард. Рӯнамоии китоби олми Ӯзбекистон дар Институти фалсафа, политология ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинов баргузор мешавад.

Комилҷон Раҳимов корманди илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, дар таҳияву тарҷумаи китобҳо саҳм гузоштааст. Аз ҷумла китоби “Ҳикматҳои Алишери Навоӣ”- ро аз забони ӯзбекӣ ба забонҳои русӣ, туркӣ, форсӣ ва арабӣ тарҷума  намудааст. Ӯ дар як сӯҳбате ба мо гуфт бори аввал дар таърих осори Алишери Навоиро ба таври мукаммал тарҷума кардааст. Ва ин китобро Институти шарқшиносии Ӯзбекистон ба номи Абурайҳони Берунӣ соли 2019 бо теъдоди 5000 нусха нашр намудааст.

Комилҷон Раҳимов, ки аз шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ дидан намуд, иброз дошт, ки баҳри таҳкими равобити фарҳангӣ ба Тоҷикистон омадааст ва ин дувумин сафараш ба кишвари мост.

Мақсади аз тақдими китобҳову рӯзномаҳоро Комилҷон Раҳимов дар он медонад, ки ин китобҳо ба  олимони ҳарду кишвар хидмат намояд.

– Ба қавли “Мавлоно мо аз барои васл кардан омадем…”- дар идома афзуд  ӯ.

Ӯ ҳамзамон шукргузорӣ аз муносибатҳои хуби президентҳои ҳарду кишвари дӯст намуд. Аз тамошои боғи Алишери Навоӣ изҳори хушнудӣ кард ва афзуд, ки дар таърих бори аввал ҳикматҳои Алишер Навоиро ба форсиву арабӣ комилтар тарҷума кардааст.

– Президентҳоямон боғҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро, ки кушоданд, мо ҳам хостем дарҳои равобити илмиро боз кунем, то ҷавбгӯ ба иқдомоти сарони ду кишвар бошад”,-гуфт Комилҷон Раҳимов.

Маврид ба таъкид аст, ки як китоби Комилҷон Раҳимов бо номи “Сарчашмаи тасаввуфи Мовароуннаҳр” дар Душанбе ба нашр расидааст ва ин худ як далели таҳкими равобити илмиву фарҳангӣ миёни ду кишвар аст.

Комилҷон Раҳимов аз намояндагони ҷавони илми ӯзбек ва тоҷик дар риштаи таълимоти тасаввуф буда, дар пажӯҳишҳои илмии худ пайдоиш ва сайри таҳаввули андешаҳои сӯфия дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, таърих ва таълимоти тариқати Хоҷагон-Нақшбандияро дар доираи пажӯҳишҳои густурда таҳқиқ намуда, худро ба аҳли илм ҳамчун шарқшиноси ҷавону боистеъдод, олими манбаъшинос ва тарҷумони чирадаст муаррифӣ  кардааст.

Комилҷон-Раҳимов

Комилҷон Раҳимов муаллифи  беш аз 50 мақолаи илмии дар 7 кишвари хориҷӣ ба табъ расида  буда, соҳиби  23 монография ва  2 маҷмӯаи  илмист.  Ба ҳамин тариқ, ӯ  дар таълифи маҷмӯаҳои гуногун, луғатномаву  энциклопедияҳо  аз ҷумла “Алломаҳои сарзамини бузург” бо се мақола, “Луғати тафсирии истилоҳоти тасаввуфӣ” бо ҳафт мақола ва “Энсиклопедияи ислом”  бо 67 мақола саҳми босазои илмии хешро гузоштааст.

Афзун бар ин, ӯ дар 45 Анҷумани илмӣ – назарии дохилии Ӯзбекистон  ва  25 Конфронси байналмилалии илмӣ- назарӣ ва илмӣ- амалии кишварҳои хориҷӣ бо гузоришоту маърузаҳои худ ширкати фаъол намудааст.

Раҳима БОБОЕВА, шӯъбаи
тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.