Туҳфаи библиографӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Дар Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи дастурҳои библиографӣ роҳандозӣ шудааст. Дар заминаи ин ташаббус нашри пайдарпайи як қатор феҳристҳо, нишондиҳандаҳо ва китобномаҳои шарҳиҳоливу тавсифӣ пешбинӣ мешавад.
Айни замон, дар марказ корҳои таҳқиқотию пажӯҳишӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти ду абармарди миллат – Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур ҷараён доранд. Дастури мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар ояндаи наздик ба нашр пешниҳод хоҳад шуд.
Ин иқдоми наҷиб рамзи садоқату посдорӣ аз заҳмату талошҳои чеҳраҳои ватандӯст, мондагор ва фидокоронест, ки баҳри ҳифзи халқу марзу буми Ватан ҷонбозиҳо намудаанд. Таҳияи феҳристи мазкур натиҷаи сиёсати фарҳангдӯстонаву меҳрпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Он бо як рӯйдоди беназири таърихӣ ва маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол – ба Ватан баргардонидани хоки се тан аз аввалин меъморони давлатдории тоҷикон иртиботи ногусастанӣ дорад..
Маросими расмии ба Ватан бозгардонидани хоки се тан аз фидоиёни миллат – Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва, ки 19 майи соли ҷорӣ бо талоши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар таърихи муосири давлатдории мо саҳифаи наверо варақгардон кард. Ин шахсиятҳои барҷаста маҳз дар даврае ба майдони муборизаҳои сиёсӣ омада буданд, ки ҳастии миллати тоҷик зери таҳдиди ҷиддӣ қарор дошта, хавфи ба вартаи нестӣ рафтани он ба миён омада буд..
Иқдоми мондагор ва олии маънавию сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба оромгоҳи Лучоб интиқол додани хоки ин қаҳрамонон як қадами муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Ин ташаббуси таърихӣ пас аз 89 соли мусофират, рӯҳи ин бузургонро бо хоки Ватан пайванд дод ва адолати таърихиро барқарор сохт.
Ҳастии ҳар як халқ ва пойдории давлати миллӣ ба мизони эҳтироми он нисбат ба гузаштаи худ ва қаҳрамонони таърихияш вобастагӣ дорад. Миллати тоҷик дар тули асрҳо аз санҷишҳои сахти таърихӣ гузашта, ба шарофати фарзандони сарсупурдаву фидокораш тавонист ҳувият, забон ва марзу буми худро ҳифз намояд.
Феҳристи мазкур на танҳо номгӯйи адабиёт, балки сарчашмаи муҳимми илмию таърихӣ ва роҳнамои арзишманд дар корҳои таҳқиқотию пажуҳишӣ маҳсуб хоҳад ёфт. Он ба хонандагон ва пажӯҳишгарон имкон медиҳад, ки пас аз мутолиаи адабиёти тавсиявии он дарк намоянд, ки давлатдории муосири мо бар рӯйи кадом сутунҳо ва ҷоннисориҳо бино ёфтааст. Ин феҳрист аҳаммияти тарбияи ватандӯстии насли ҷавонро дар заминаи корномаи ин абармардон нишон дода, собит месозад, ки хидматҳои содиқона ба Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд.
Хулоса, дастури библиографии «Қаҳрамонони Тоҷикистон: феҳристи адабиёт», ки фарогири маводди марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ду чеҳраи мондагор – Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур мебошад, дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманде ба поси хотири қаҳрамонони Ватан хоҳад буд. Маркази «Тоҷикшиносӣ» дар назар дорад, ки пас аз анҷоми пурраи корҳои таҳия ва нашр, ин дастурро дастраси умум гардонад, то хонандагону пажӯҳишгарон тавонанд онро дар корҳои илмию таҳқиқотии худ ба таври густурда истифода намоянд.
Маҳмадвалӣ Зиёев, сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ» .