Ғуборӣ, Ғубори Розӣ, Ғубории Ҳиравӣ, Ғубори Исфаҳонӣ

Ғуборӣ шоири тоҷики асри 16. Дар зодгоҳаш Астаробод таҳсил карда, улуми мутадовилаи замонро омўхтааст. Дар манбаъҳо чун шоири ғазалсаро ёд шудааст. Ғуборӣ хушнавис низ буд: хатти ғуборро хеле хуб менавишт. Тахаллусаш аз ҳамин ҳунараш аст. Дар мусиқӣ низ даст дошт. Аз девонаш иттилоъ нест. Абёти зер аз ўст:

 

 

Шаб, ки мерафтам ба паҳлуи саги он дилфурўз,

Хоб дар чашмам намеомад зи шодӣ то ба рўз.

****

Бехабар будам, задӣ санги ҷафо ногаҳ мар

Аз барои дидани худ сохтӣ огаҳ маро.

 

 Муаллиф  М.Диловаров 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 122.

Ғубори Розӣ

            Ғубори розӣ Мирзонабӣ, шоири эронӣ (1819-53). Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Бо сабаби беморӣ аз биноӣ маҳрум гардид. Ба атторӣ (дорусозӣ) машғул буд. Намунае аз ашъори  Ғубори Розӣ.

           Эй ҷаъди ҳам андар ками он дилбари айёр,

           Дар ҳар сари мўят дили як шаҳр гирифтор.

  Гаҳ такя ба Ноҳид кунӣ, гоҳ ба Хуршед,

         Гаҳ даст ба шамшер барӣ, гаҳ ба думи мор.

     Печон ба сару гардани он моҳӣ чу нонак,

       Дар гардани бадхоҳ каманди шаҳи аброр.

  Ҷамшед барозандаи дайҳими имом аст,

         Хуршеди фурўзандаи дин, Ҳайдари қаррор.

       ****

    Ғам пардадар асту ашк ғаммоз,

   Пўшидани ишқ кори ман нест.

Чизе, ки варо шумора натвон,

     Илло ғами бешумори ман нест.

      Шаб он ки бар оташам занад об,

Ҷуз дидаи ашкбори ман нест.

       Рафтам, ки канора гирам аз ғам,

         Шаб нест, ки дар канори ман нест.

 

 Муаллиф Ализода С.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 122.

 

Ғубории Ҳиравӣ

Муҳаммадамин, шоири тоҷики асри 16. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ аз шоирону донишмандони машҳури замон будааст. Дар иншо моҳир буд, аз илми ҳайъат., «Маҷмаъу-л-хавос») сабт гардидаанд. Абёти зер аз ўст:

                                      Чунон макун, ки дигар тарки оҳу нола кунам,

                                   Чунон макун, ки туро бо Худо ҳавола кунам.

                                        Руҳе, ки гашта чу коҳ аз хумори меҳнату дард,

                                Зи нашъаи майи ворастагӣ чу лола кунам.

                         Ба ним лаҳза, ки домони дигаре гирам,

                          Сазо ба домани рашки ҳазорсола кунам.

              ****

                        Дил хуш ба сари кўйи ҷунун омада буд,

                Дар сабру субот зуфунун омада буд.

               Ин уқдаи рашк агар намеомад пеш,

                             Аз уҳдаи ошиқӣ бурун омада буд.

 

  Муаллиф М.Диловаров 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 122.

 

Ғубори Исфахонӣ

            Ғубори Исфахонӣ. Мизо Абутуроб (фавт 1730, Аҳмадободи Гуҷарот; бар асари муноқишаҳои дохилӣ кушта шуд), шоири форсизабони Ҳиндустон.

Ҳамроҳи падараш Мирзо Муҳаммадалихон, ки аз «силсилаи мирзоёни дафтари Сафавия» буд, ба  Ҳиндустон рафта, дар замони барҳаёт будани падараш ва баъд аз вафоти ў дар дарбори ҳукмронони он сомон хидмат мекард. Дар Акбаробод ва Аҳмадободи Гуҷарот зиндагиву эҷод кардааст.  Дар тазкираҳо бо нисбаи Гуҷаротӣ низ ёд шудааст. Дар оғоз Ғубор тахаллус мекард. Сипас тахаллусашро  ба Туроб иваз намуд. Дар тазкираҳо, масалан, «Хизонаи омира» суханвари «хуштабъ, дақиқулфикр, маъниёб», «Сарви Озод» чун «шоири хушзехн», «Сафинаи Хушгў» чун «шоири хушфикр, хушзабон, соҳибталош, бисёрдон» тавсиф шудааст. Вақте ки Ҷаъфар мутахаллис ба Ошиқ ном шоире дар ҳаҷваш қасида гуфт, ў дар ҷавоб рўбоии зеро сурудааст:

                      Ғуяд, ки ҳаҷв кард моро Ҷаъфар,

                             Ширину латиф ҳамчу ширу шаккар.

                                 Сад шукр, ки он чи айби мо буд, Ғубор,

                       Имрўз барои дигаре гашта ҳунар.

                      Абёти зер низ аз ўст:

                                   Ҷони Маҷнуну дили Фарҳод мехоҳем мо,

                       Хонаи занҷирро обод мехоҳем мо…

                                                Нола бо мурғи қафас пайғоми мо шояд нагуфт,

                            Синаи чоку дили ношод мехоҳем мо.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 121-122.

 

Муаллиф З.Ғаффорова

 

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ.