Ҳудудан 16 ҳазор нафар хонандагон дар се моҳ беш аз 19 ҳазору 500 китоб дархост кардаанд
Тибқи маълумоти оморӣ, дар се моҳи аввали соли 2026 ба толорҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар маҷмӯъ 15 ҳазору 950 нафар хонанда ташриф овардаанд. Дар ин давра хонандагон 19 513 нусха адабиёт дархост намуда, аз фонди бойи китобхона истифода кардаанд.
Нишондодҳои мазкур аз фаъолнокии назарраси хонандагон ва талаботи онҳо ба адабиёти гуногунсоҳа шаҳодат медиҳанд. Шуъбаи хизматрасонӣ минбаъд низ ҷиҳати такмили сатҳи хизматрасонӣ, ғанӣ гардонидани фонди адабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди мутолиа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Дар назди шуъбаи хидматрасонӣ ба хонандагон толорҳои хониши тиб ва табиатшиносӣ ва толори озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” фаъолият мекунанд, ки ҳамарӯза пур аз хонандагон мебошанд.
Такмили фонд ва таҳияи феҳристи дуруст низ барои кормандони шуъба яке аз вазифаҳои асосӣ маҳсуб ёфта, дар баробари ин кормандон ҳамарӯза фонди шуъбаро ҷобаҷогузорӣ карда, адабиёти фарсудашударо барои барқарорсозӣ ба шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо интиқол медиҳанд.
Бино ба иттилои сардори шуъбаи мазкур Шаҳноза Дониярова дар се моҳи соли 2026 дар баробари хидматрасони ба истифодабарандагон 72 нусха номгӯй адабиёти фарсуда баъди таъмир мавриди истифодаи хонандагон қарор дода шуд. Бояд гуфт як қисми фонди шуъбаи хидматрасонӣ ба истифодабарандагон дар таҳхонаи Муассиса нигоҳдорӣ мешавад ва он аз ҷониби кормандон пайваста назорат, аз чангу ғубор тоза, инчунин аз рӯйи қоидаи нигоҳдории фонд мунтазам ҷобаҷогузории фонди ёрирасони шуъбаро тибқи таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) пайваста ба роҳ мемонанд.
Маврид ба таъкид аст, ки Шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон яке аз бахшҳои калидии сохтори Китобхонаи миллӣ маҳсуб ёфта, дар таъмини дастрасии хонандагон ба адабиёт нақши муҳим дорад. Фаъолияти ин шуъба ба таври ҳамарӯза ба хидматрасонии босифат ба истифодабарандагон равона гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди мутолаа дар толорҳои китобхона тадбирҳои зарурӣ амалӣ андешида мешаванд.
Ҳамарӯза садҳо нафар хонандагон — аз ҷумла донишҷӯён, муҳаққиқон ва дигар алоқамандони китоб — ба толорҳои хидматрасонии шуъба муроҷиат намуда, аз имкониятҳои фароҳамгардида барои мутолаа ва омӯзиш истифода мебаранд. Ин раванд аз таваҷҷуҳи омма ба китобу китобхонӣ ва баланд гардидани сатҳи фарҳанги мутолаа дарак медиҳад.
Дар маҷмӯъ, афзоиши шумораи муроҷиаткунандагон ва ҳаҷми дархости адабиёт гувоҳи он аст, ки китобхона ҳамчун як маркази муҳими илму маърифат мавқеи худро дар ҷомеа устувор нигоҳ дошта, нақши он дар тарбияи маънавию зеҳнии шаҳрвандон рӯз аз рӯз бештар мегардад.
Наргис НАЗАРЗОДА