Уфуқҳои Истиқлол

Уфуқҳои ИстиқлолДар китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол” дар бораи бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои кишварамон дар чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисодии мамлакат, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон сухан меравад.

Чанд иқтибос аз ин китоб: “Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар оғоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд. Ин давраи тира, ки чандин қарн идома ёфт, асрҳои фоҷиаи миллӣ ва таназзули фарҳангии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Гарчи дар ин марҳала маҳз дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт. Танҳо 9-сентябри соли 1991 чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби Истиқлол ва давлати мустақил шуданд.

Бинобар ин, вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу  имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни “миллати куҳан ва давлати ҷавон”-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо маҳз ҳамин аст…”

“Ҳифзи давлатдории миллӣ ва тамомияту суботу амнияти он як вазифаи ҷонии мост ва тамоми он паёму пешниҳодҳое, ки ироа мешаванд, маҳз дар атрофи ҳамин ҳадафи меҳварӣ маъно пайдо мекунанд. Ба ибораи дигар, ҳифзи истиқлолият  ва рушди давлатдории миллӣ мазмуни асосии тамоми фаъолияти моро ташкил медиҳад.

Дар марҳалаи нави рушди кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун як арзиши умумимиллӣ, ҳамчун як фарҳанг ва як андешаи фарогири мардумӣ фаҳмида шуда, ваҳдати мусолиматомези намояндагони ҳамаи неруҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, афкору ҷаҳонбиниҳо, дину мазҳабҳо ва қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро ифода кунад. Имрӯз мо бояд маҳз ҳамин навъи фаҳмиши сулҳ ва ризоияти миллиро барои мардум ва хусусан барои насли ҷавони худ таълим дода, онро ҳамчун яке аз меҳварҳои ҳувияти миллӣ ва яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ амалӣ гардонем”.

“Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи Озодию Истиқлолият ва манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад…”

Дар ин китоб 25 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил шудааст. Он аз сарсухан, панҷ боб ва охирсухан иборат мебошад. Китоби мазкур соли 2018 нашр гардидааст ва барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва умуман, доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Китоби Пешвои азизи миллат Эмомалӣ Раҳмон “УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Раҳмонова-БунафшаТаҳияи Бунафша РАҲМОНОВА,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон.