Ҷумахон Файзализода: «Китобхонаи миллӣ» дастоварди замони истиқлол аст

Бо ибтикори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб таҳти унвони «Нақши истиқлол дар рушди давлатдории миллӣ» мизи мудаввар  баргузор гардид. Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми педагогика, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуда, нахуст ҳозиринро ба ҷашни умуми миллии Истиқлол табрик гуфт.

Директори Китобхонаи миллӣ изҳор дошт, ки “Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду матиниродаи тоҷик аст. Он номаи тақдирро бо дасти худ навишта, бо роҳу равиши ба худ хос дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро соҳиб гардидааст. Истиқлоли давлатӣ барои мо нодиру пурарзиш буда, ҳамчун гавҳари гаронбаҳо дар рушду ҳифзи он мунтазам саҳм мегузорем».

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон тайи 30-сол аст, ки дар партави хуршеди Истиқлол нурафшону шукуфон аст. Дар ин сӣ сол давлат ва миллати пояндаи тоҷикон иқтидору имконот ва дастовардҳои гуногунро ноил гардидааст. Симои воқеии ин сарзамини кӯҳсору офтобӣ ҳамарӯза тавассути садову симо муаррифӣ ва намоиш дода мешавад.

Сӣ соли истиқлолият дар саҳифаи таърихи давлатдории миллии тоҷику тоҷикистонӣ пас даргузашти чандин солҳо аз нав ба ҳолати рушд бо тартибу услуби ба худ хос сабт гардидааст. Ва ин ҳама дастовардҳои гуногуни созандаву поянда маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина амалӣ гардида истодааст.

Ба гуфтаи Ҷумахон Файзализода бино ва сохтори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» дастоварди замони Истиқлол буда, дар ин махзани илму маърифат сарчашмаҳои вобаста ба давлатдории навини замони истиқлоли тоҷикон дар самтҳои гуногун мутобиқи талаботи китобдорӣ гирдоварӣ, табақабандӣ ва нигоҳдорӣ мешавад, ки дар иҷрои ин кор Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муҳим дорад. Тибқи маълумот танҳо дар заминаи гирдоварии маводи чопиву электронӣ фаъолияти давлатдории Президенти Тоҷикистон дар зарфи як соли охир ба 24 шоха ва 33 самт тақсимбандӣ гардидааст ва фаъолият дар ин ҷода, идома ёфта истодааст.

Дар ҳамоиш Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ зикр намуд, ки истиқлоли давлатӣ чунин омилест, ки ба давлат имкон медиҳад вазифаҳои худро мустақилона ба анҷом расонад. Ин вазифаҳо бошад, ба дохилӣ (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва мудофиа) ва хориҷӣ тақсим мешаванд. Истиқлол ба мафҳуми озодӣ ҳам пайвастагии зиёд дорад. Озодӣ бошад, дар илми ахлоқ ҳамчун неъмати бузургтарин маҳсуб аст, ки ба инсон табиатан ато шудааст. Аз ин рӯ истиқлолро низ ҳамчун неъмат ва арзиши табиӣ барои инсон ва давлат ҳисобидан имкон дорад. Тавассути чунин фаҳмиши истиқлол интихоби онро аз миёни чандин роҳҳои дигари сарнавишти сиёсӣ дар даҳсолаи охири садаи ХХ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили асосии бақои миллати тоҷик шумурдаанд: “Бақои миллат ва иқтидори давлат аз тавоноии Истиқлол вобаста буда, дарки ҳамин нуктаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхӯрӣ эмин дошт”.

Ба андешаи Хуршед Зиёӣ Истиқлол ва сиёсати истиқлолхоҳии Пешвои муаззами миллат имкон доданд, ки миллати кӯҳанбунёди тоҷик баъди садсолаҳо дар охири қарни ХХ ва ибтидои асри нави ХХI дубора соҳиби давлати миллии хеш гардад ва роҳи бунёди давлатдории миллиро пеш гирифта, дар зарфи сӣ соли охир пояҳои мустаҳками онро побарҷо созаДар миззи мудаввар, ки зери унвони «Нақши Истиқлол дар рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид, масъулон аз Китобхонаи миллӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯҳои “Бунёди давлати дунявӣ чун дастоварди даврони истиқлоли давлатӣ”, “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими истиқлоли миллӣ” маърӯза намуда, дар бораи дастовардҳои замони истиқлол, нақши ваҳдати миллӣ, санаҳои муҳимми таърихи давлатдории мииллии тоҷикон, саҳми Президенти кишвар дар рушди Тоҷикистон ва самтҳои гуногуни давлатду миллати тоҷик дар замони истиқлолият изҳори андеша намуданд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
шуъбаи матбуоти даврӣ.