Умедвориҳои муаллифони китоби «Технология»  барои синфи  9

ТехнологияКитоби дарсии “Технология” барои синфи 9 аз ҷониби Исмоилов С, Рахимов  С, Азизов  А, Азизов Ш. навишта шуда ва дар нашриёти “Маориф” ҳамин сол чоп шудааст. Китоб бо як муқаддимае, ки дар шакли муроҷиат ба хонанда иншо шудааст, оғоз мешавад. Ин муаллифон аз ҷумла менависанд:

Дар  ҷараёни  омўзиши  фанни  технология (таълими  меҳнат)  шумо ба  давоми  тарзи   коркарди  чўбу  тахта  ва  филизот, маданияти  корҳои  таъмирӣ, тарҳҳои  сохмонӣ, касбу  ҳунари  ниёгон  шинос  мешавед  ва  мустақилона  тарҳҳои  эҷодии дилхоҳатонро  мувофиқи  фаслҳои  барнома  интихобан  иҷро  менамоед.

Хусусиятҳои  омўхтани  «Технологияи  коркарди  чўбу  тахта» аз  он  иборат  аст, ки шумо ба хосияти  физикию механикии  чўбу  тахта,  ҳуҷҷатҳои кострукторӣ, технологӣ  ва афзори  дуредгарӣ ошно шуда,  технологияи пешқадамро меомўзед ва маснуоти ҳаётан муҳимро дастӣ ва дар дастгоҳи харротӣ сохта метавонед.

Дар  фасли «Касбу  ҳунари  миллӣ»  ҳунари  кандакорӣ  дар  рўйи  чўб  пушниҳод  мегардад,  ки  он  яке  аз  ҳунарҳои  мардумӣ ба  ҳисоб  меравад. Ин  боб  шуморо  ба  таърихи  кандакорӣ, асбобҳо,  масолеҳ ва  хусусиятҳои  онҳо ошно  сохта,  амалиётҳои  кандакориро  меомўзонад.

Эҷодкорӣ дар  ҳама соҳаи  фаолияти инсон зарур  аст. Маҳз тавассути  эҷодкорӣ  ҷамъият пеш  мараваду  рушд  мекунад, яъне  техника  ва  технологияи нав ба  вуҷуд  меоянд. Эҷокорӣ  доим  ба  ҳаёт  ва  тафаккури  мо  тағийрот  ворид  месозад  ва  барои  такмили  дониш  кумак  мерасонад. Натиҷаҳои  иҷрои тарҳҳои эҷодӣ бояд  воқеӣ  бошанд, то  ки  талаботи гузошташударо қонеъ  гардонанд. Мо  умедворем, ки шумо – хонандагон  аз  уҳдаи ин  кор  сарбаландона мебароед.

Китоби дарсии “Технология” ҳамакнун барои хонандагони Китобхонаи миллӣ ҳам дастрас аст.

Фарзона  ШАРИФОВА,
м
утахассиси  шуъбаи
мукаммалгардонии фонд