Ҳумои бахт болои сарӣ, эй парчами миллӣ.

парчам29 октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки 24  ноябр Рўзи Парчами давлатӣ эълон ва ҳамасола ин рўз ҷашн гирифта шавад. Бо мақсади амалӣ намудан ва асоси ҳуқуқӣ бахшидан ба ин иқдом 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии пешниҳод гардид ва онро Парламенти кишвар 19 ноябри ҳамон сол тасдиқ кард.

Бояд зикр намуд, ки ин иқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати кишвар буда, аз ҳар як сокини мамлакат ҳисси баланди ватандўстӣ ва дарки масъулиятшиносиро тақозо намуда, насли ҷавони имрўзаро дар рўҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ва рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Зеро парчам, нишон ва суруди миллӣ аз зумраи муҳимтарин атрибутҳои давлатдорӣ ба шумор рафта, воситаи муҳимми тарғибу ташвиқи нишонаҳои соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд. Дар радифи ин иқдомоти наҷиби Сарвари давлат дар арафаи таҷлили 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлуи Қасри миллат дар манораи бузурги 165 метр бузургтарин парчами ҷаҳон –Парчами давлатии Тоҷикистон қад ороста, ба ифтихори он мавзеъи атрофи он «Боғи Парчами давлатии Тоҷикистон» номгузорӣ карда шуд. Тибқи иттилои коршиносон ва шаҳодатномаи корномаҳои «Китоби рекордҳои Гиннес» ин баландии рекордӣ дар ҷаҳон мебошад.

Баландии матои парчам 30 метр ва паҳнояш 60 метр мебошад. Пояи Парчами давлатӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «ТрейдентСаппот» бунёд шуда, маросими расмии ба истифода додани он 30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиёии мамлакат баргузор гардид. Баъди ифтитоҳи Парчами давлатӣ эҳтироми самимӣ ва қадршиносии сокинони кишвар нисбат ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла нишон ва парчам бараъло мушоҳида гардид. Мардум дастаҷамъона ба тамошои парчами ватани маҳбубамон меомаданд. Садҳо шеъру суруд дар васфи Парчами давлатӣ эҷод  шуда, Тоҷикистон соҳибистиқлол дар арафаи 20-умин солгардаш парчампўш гардид. Таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ барои ташаккулёбии ҳувийяти миллӣ, дарки худшиносӣ ва эҳтиром ба рўҳи бузургони миллат, забону фарҳанг ва арҷгузорӣ ба маданият миллати куҳанбунёди мо мусоидат намуд. Ворисияти ташаккули давлати соҳисистиқоли тоҷикон пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ бо арҷгузорӣ ва эҳтироми фарзанди фарзонаи холқи тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парчами давлатӣ дар Иҷлосия таърихии XVI-уми  Шўрои Олӣ ва оғоз гардидани марҳалаи наве барои мардуми тоҷик дар роҳи созандагӣ ва бунёдкорӣ мушоҳида шуд, ки сокинони ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи иқдомҳои созанда бо шиори «Ба асри ХХI  бо Эмомалӣ Раҳмон» барои бунёди давлати  соҳибистиқлол камари ҳиммат бастаанд. Сулҳу субот, низоми муайяни давлатдорӣ, беҳдошти рўзгори осудаи мардуми кишвар ва баракати рўзгоре, ки насиби хонадони мардуми тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ гардидааст, маҳз баъди эҳтироми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ба Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Ҳуҷанд шурўъ гардид.

Парчами давлатӣ зиннатбахши кўчаю хиёбонҳо  ва биноҳои маъмурӣ буда, дар ашёи рўзгор, девору даромадгоҳҳои роҳҳои мошингарду оҳан ва фурудгоҳҳо тасвиру ҷойгир шудааст. Ҳамчунин, тасвири парчам дар матои гулдўзишуда, либоси варзишӣ, галстук ва ғайра ҷойгир карда мешавад, ки ин эҳтироми самимии мардумро нисбат ба рамзҳои давлатӣ нишон дода, насли ҷавонро дар рўҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ба камол мерасонад. Парчами давлатӣ бо дастоварҳои мардуми заҳматкаши кишвар алоқаманд буда, зимни банақшагирӣ ва амалӣ намудани иқдомҳои созанда аввалан парчамро дар мавзеи ободшаванда барафрохта, баъдан ба сохтани иншоот шурўъ мекунанд. Дар наворҳои телевизионӣ, барномаҳои радио ва мақолаву нигоштаҳо тараннуми болафшонии Парчами давлатӣ васф карда мешавад. ки ин ҳолат суннати арзишманди халқи тоҷикро дар самти эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ таҷассум менамояд. Муҳимтар аз ҳама, парафшонии Парчами давлатӣ дар маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ба нишонаи ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон табдил ёфта,эҳтироми самимӣ ба парчам рисолати ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон гардидааст.Эҳтиром ба Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ифтихороти бузурги ҳар як фарди ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва ин ифтихор дар зеҳн ва андешаи насли ояндаи миллати сарбаландамон ба таври ҷовидон нақш хоҳад баст.

Аз китоби “Парчам”-и Иброҳим Пирназарзода, Душанбе, 2015 таҳияи Рисолат ШЕРАЛИЕВА, корманди шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд.