Умре дар талоши илм. Ба баҳонаи зодрӯзи академик Кароматулло Олимов  

Имрӯз яке аз пуркортарин олимони мо, академики  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов зодрӯз дорад. Донишманди маъруф ба баҳори 78-уми умри худ қадам мегузорад. Кароматулло Олимов аз ҷумлаи донишмандоне мебошанд, ки бо камоли ихлосу боварӣ бахше аз китобҳои китобхонаи шахсии худро ба Китобхонаи миллӣ тақдим карда ва ҳоло дар толори хониши “Академикон ва докторони илм” гӯшаи китобҳои ишон фаъол асту хонандагон аз он баҳра мебаранд. 

Олимов Кароматулло 27 июли соли 1944 дар деҳаи Боғикалони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.

Падари устод, ки Олимхони Эшонтура ном дошт, намунаи бузурги равшанфикрони ҷадидгарои аввали асри XX ва аз дастпарварони мактабҳои маъруфи Мовароуннаҳр маҳсуб гашта, ҳамчун донандаи хуби забони русӣ ва табибӣ беҳамто буда, дар тўли ҳаёти худ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати мардум аз касалиҳои мудҳиши сирояткунанда хидмати шоиста анҷом додааст. Модари устод – Макраматхон, ки бо тахаллуси Махфӣ Киромзода шеър мегуфт, яке аз занҳои бо илму фарҳанги тоҷик буда, дар муҳити адабию фарҳангии Вароруд парвариш ёфта, дастпарвари мактаби бедилхонӣ, ки дар он рўзгор дар минтақаҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла Истаравшан васеъ паҳн гардида буд, ба ҳисоб мерафт. Ин намояндаи аввали қарни XX-и равшанфикри тоҷик дорои истеъдоди баланди дарку фаҳмиши шеъру ҳикмат ва адаб буданд, ки ашъорашон то имрўз боқӣ мондааст ва саршор аз муҳаббату садоқат ба Ватан, сарзамин ва фарҳанги аҷдодӣ мебошанд. Ҳамин қобилияти баланди шеърфаҳмӣ ва илҳоми шоирона буд, ки аксари номаҳояшонро ба ҷигарбандашон бо шеър баён кардаанд ва ин сарчашмаи илҳоми шеърсароии профессор Кароматулло Олимов гаштааст.

Кароматулло Олимов соли 1959 мактаби миёнаро ба итмом расонида, худи ҳамон сол ба шуъбаи форсии факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шомил гардида, соли 1964 факултаи мазкурро бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти кориашро аз соли 1995 ба ҳайси омўзгор дар мактаби миёнаи №19-и шаҳри Истаравшан оғоз намуда, то соли 1967 кор мекунад. Баъдан бо тавсияи Шўрои олимони кафедраи фалсафаи донишгоҳ ба шуъбаи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши таърихи фалсафа ба аспирантура дохил мешавад. Дар аспирантура таҳти роҳбарии асосгузори мактаби навини фалсафаи тоҷик ва поягузори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмхои Тоҷикистон, академик Аловиддин Баҳоваддинов дар мавзўи «Ҷаҳонбинии Саноӣ» таҳқиқоти илмӣ мебарад. Бинобар чанде пеш аз ҳимояи рисолаи номзадии ў марги бемаҳал риштаи ҳаёти олими бузург Аловиддин Баҳоваддиновро қатъ мекунад ва бо дастгирию кўмаки сарвари ҳамонвақтаи шуъбаи фалсафа, узви вобастаи АМИТ Ғаффор Ашўров Кароматулло Олимов рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии Саноӣ» ба анҷом расонида, соли 1971 ҳимоя менамояд.

Устод баъди бозгашт аз Афғонистон боз ба кори илмӣ машғул шуда, соли 1994 рисолаи доктории худро дар мавзўи «Тасаввуфи Хуросон»  дифоъ намуда, соҳиби унвонҳои доктори илми фалсафа (1994), профессор (2013), узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2008) ва академики Академики миллии илмҳои Тоҷикистон (2014) гардидааст.

Солҳои 1969-1971 дар вазифаҳои ходими хурди шуъбаи фалсафа, 1971-1974 ходими калони шуъбаи фалсафа, 1974-1977 сартарҷумон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, 1977-1980 ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи АМИТ, 1980-1984  сартарҷумони  гурўҳи мушовирони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар Афғонистон,  1984-1985 ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи АМИТ, 1985-1986 ходими пешбари илмии шуъбаи фалсафаи АМИТ, 1986-1991 мудири сектори таърихи фалсафаи Институти фалсафаи АМИТ, 1992-2001 мудири кафедраи фалсафаи Пажўҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АМИТ,  1996 вакили Шўрои вакилони халқи шаҳри Душанбе, 1997-2000 узви Комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2000-2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001-2004 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамзамон раиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги ҶТ), 2001-2012 раиси комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон, 2004-2007 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, 2007-2008 директори Институти фалсафаи АМИТ, 2008-2011 директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ, 2012-2016 ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Кароматулло Олимов ба таҳқиқи афкори фалсафии ниёгон ҷуръат намуда, паҳлўҳои мухталифи ҷаҳонбинии Абулмаҷд Саноӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайрро ҳамаҷониба таҳлил намуд ва дар шакли китобу рисола ба хидмат овард, ҳикмати намояндагони барҷастаи улуми пешинагонро омўхта, перомуни аҳамият ва таъсири он ба фалсафаи ҷаҳонӣ мақолаҳои арзишманд ба табъ расонд, самту хусусиятҳои инкишофи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии мардуми форсинажодро нишон дод. Дар канори пажўҳишу таҳқиқ ин донишманди пуркор ба тарҷумаи баъдеӣ шуғл меварзад, минҷумла асарҳои безаволи Ҳаким Ибни Сино «Азҳавия»-ро аз тоҷикӣ ба русӣ ва «Ишорот ва танбеҳот»-ро аз арабӣ ба тоҷикӣ баргардонидааст. Зери назараш чандин маҷмўа, рисолаҳои илмӣ, адабию маълумотӣ рўи чоп омадаанд ва ба бисёр китобҳои илмӣ тақриз навиштааст. Инчунин дар таҳрири китобҳои зиёд саҳми арзанда дорад.

Мавсуф ҳанўз аз айёми донишҷўӣ дар маҳфилҳои адабию фалсафии факулта ва донишгоҳ иштирок намуда, узви фаъолтарини ин маҳфилҳо маҳсуб мешуд.

Таҳқиқоти аввалини профессор Олимов К. дар бахши таърихи фалсафаи тоҷик ба тасаввуф бахшида шуда буд, ки таҳти унвони «Ҷаҳонбинии Саноӣ» соли 1973 ва асари хеле калонҳаҷми ў «Тасаввуфи Хуросон» ба шумор меравад, ки он ду маротиба дар солҳои 1993 ва 2014 ба табъ расидааст.

Асари калонҳаҷми ў масъалаҳои таърихи фалсафӣ ва тасаввуфи асрҳои X-XII аз қабили Мустамаллӣ, Ансорӣ, Абўсаид, Аббадӣ, Хуҷирӣ ва ғайра мавриди таҳлил ва интиқоди илмӣ қарор гирифтааст.

Устод дар баробари таълифи осору китобҳои ирфонӣ ва фалсафӣ як гурўҳ олимони босалиқа ва шинохтаи ҷумҳуриро тарбия карда, ба мартабаҳои баланди докторӣ ва профессорӣ расонидааст, ки ҳар кадоми онҳо дар пешрафти илми фалсафаи муосири тоҷик саҳми босазои худро гузоштааст.

Академик Кароматулло Олимов обрў ва нуфузу мақоми илми тоҷикро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон баланд бардоштааст. Аз он ҷумла, дар конфронс ва сипозиумҳои байналмилалие, ки дар Русия, Амрико, Олмон, Фаронса, Белгия, Чехословакия, Булғория, Лаҳистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Чин, кишвари Араб ва Уқёнуси Ором доир гардидаанд, дар хусуси масъалаҳои мубрами фалсафаи имрўзаи ҷаҳонӣ ва ба хусус фалсафаи Шарқ суханрониҳо кардааст. Инчунин осори илмиаш дар Русия, ИМА, Олмон, Лаҳистон, Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо нашр шудааст.

Дар баробари асарҳои бунёдии академикӣ профессор Кароматулло Олимов мақолаҳои зиёди илмиро рўйи чоп овардааст, ки онҳо ба мавзўъҳои илмӣ-фалсафӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ғайра бахшида шудаанд.

Осори ў:

Философские и социально-этические взгляды Санои. – Д., 1970;

Мировозрение Санои. – Д., 1973;

Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ. – Д., 1988;

Хорасанский суфизм. – Д., 1994;

Хорасанский суфизм: Опыт историко-философского исследования: Дис… доктора философ. наук. – Ташкент, 1994;

Бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ. – Д., 1995;

Баррасиҳо дар тасаввуф. – Д., 1999;

Машъали роҳи хирад. – Д., 2011;

Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ. – Д., 2013;

Паёми садоқат. Маҷмўаи шеърҳо. – Д., 2014;

Олами ирфон. Мир суфизма. Осори мунтахаб. – Д., 2014;

Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ. – Д.,

2014; Абубакр Закариёи Розӣ донишманди ҷаҳоншумул. – Д., 2016 (ҳаммуаллиф);

Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X-XII. – Д., 2019;

Меҳри модар. Ёднома. – Д., 2020;

Мувашшаҳот ба аҳли адаб. – Д., 2020;

Ахтари дурахшони илм. – Д., 2020;

Ҷусторе дар аҳвол, осор ва ҷаҳонбинии Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ. – Д., 2020;

Машъалафрўзони хирад. – Д., 2021;

Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат. – Д., 2021;

Анвори меҳр. Маҷмўаи шеърҳо. – Д., 2021 ва ғайраҳо мебошанд.

Адабиёт: Кароматулло Олимов Китобномаи шарҳиҳолӣ. – Д., 2014.

Академик Кароматулло Олимов барои корҳои шоёну хизматҳои арзандаи худ бо ордени «Нишони фахрӣ» (1982), унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), барои иштироки фаъолона дар таблиғи андешаҳои сулҳу сулҳофарӣ, таълифи асарҳои зиддитаасубӣ ва ташвиқи осори гузаштагон бо Гувоҳномаи «Узви ҳаракати сулҳи ҷаҳонӣ»-и Созмони байналмилалии байнидинӣ ва байнифарҳангӣ (Ню-Йорк, 2001),  «Ҷоизаи байналмилалии фонди ба номи Манучеҳри фарҳангӣ» (2010), «Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино» (2022)  ва дигар ифтихорномаҳои соҳа қадрдонӣ гардидааст.

Тавре ишора рафт, аз моҳи феврали соли 2022 академик Кароматулло Олимов китобхонаи шахсии худро ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» туҳфа намуд. Айни ҳол дар «Толори академикон ва докторони илм» гўшаи китобҳои устод фаъолият дорад, ки устодону шогирдон, мухлисон ва тамоми хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ин ганҷинаи пурарзиши эшон истифода мебаранд.

 

Ҷўраева Бибираъно, сардори шуъбаи нигоҳдории

рисолаҳои илмӣ.