Умри 62-солаи як луғати шведӣ ба русӣ дар Китобхонаи миллӣ

“Шведско-русский словарь”. Луғати мазкур барои тарҷумонҳо ва нафароне,ки хоҳиши омӯзиши забони шведиро дорпнд, пешбинӣ гардидааст.Чуноне аз сарсухан бармеояд, дар луғати мазкур иловаҳо зиёд ҳастанд ва ҳамчунин дар тартиб додани он фикру мулоҳиза ва андешаҳои мутолиакунандагону истифодабарандагон ба инобат гирифта шудааст.

Луғатномаи мазкур аз ҷониби Д.Э.Миланова тартиб дода шудааст,ки фарогири 62 ҳазор калима ва ибораҳо мебошад.

Луғати шведӣ-русӣ дар ҳаҷми 1009 саҳифа соли 1962 аз ҷониби нашриёти  “Гасударственное издательство Национальных словарей” дар Маскав нашр гардидааст.

Китоби мазкур яке аз нодиртарин луғатномаҳои шведӣ ба русӣ  ба шумор меравад. Дар баробари ин қадимтарин луғатномаи   шведӣ ба русие   мебошад,ки дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.Солҳои тулониест,ки ин китоб мавриди истифода қарор дорад ва имруз низ онро хонандагон дархост менамоянд. Ин ба он маъност, ки то ҳанӯз ин луғатнома мақому манзалаташро миёни истифодабарандагон гум накардааст.

Нусхае аз ин луғатнома дар толори хониши адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст ва шумо, хонандагони азиз, метавонед аз он мунтазам истифода намуда,малакаву маҳорати хешро дар риштаи забономӯзӣ сайқал диҳед.

Манижабону ИБРАГИМОВА  Мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.