Умри ҷавони бахши матбуот ва робита бо ҷомеа

робита бо ҷомеаБахши матбуот ва робита бо ҷомеаи шуъбаи котиботи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2022 таъсис ёфта, тибқи Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» фаъолият менамояд.

Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти бахши матбуот ва робита бо ҷомеа иборат аз:

– таъмини самараноки фаъолияти иттилоотии Китобхона, дар иртибот бо ҷомеа баланд бардоштани мақоми Китобхона, таъмини фаъолият, рушд ва пешбурди WEB портал (сайт)-и Китобхона, нашри маводи тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба мутолиаи китоб;

– ташкил ва пахши фаврии маълумот дар ВАО;

– WEB – портал (сайт) ва саҳифаҳоро дар сомонаҳои иҷтимоӣ оид ба мафҳилҳои Китобхона фаъол  нигоҳ доштан, онро пурра назорат кардан;

– дар заминаи дархости китобдорон ва ҷомеа дар сомонаи расмии Китобхона бахши махсуси иттилоотрасониро таъсис додан;

– ташкили ҳама гуна аксбардориҳо, сабтҳои видеоӣ, ки фаъолияти Китобхонаро инъикос менамоянд;

– чопи маводи тарғиботию ташвиқотӣ, илмию эҷодӣ ва дигар маводи чопӣ;

Китобхонаи миллӣ

– назорати таъминоти иттилоотии Китобхона дар воситаҳои ахбори омма (ВАО), аз ҷумла дар нашрияҳои дохили муассиса;

– ташвиқу тарғиби симои мусбии Китобхона аз тариқи ВАО;

– ҳамоҳангсозӣ ва паҳн намудани иттилоот дар бораи чорабиниҳои Китобхона дар ВАО;

– мусоидат бо ВАО дар таҳия ва тайёр намудани маводи иттилоотии фарогири самтҳои гуногуни фаъолияти Китобхона;

– таҳрир ва назорати доимии WEB – портал (сайт)-и Китобхона, саҳифаҳои Китобхона дар сомонаҳои иҷтимоӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун барои ВАО

Китобхонаи миллӣИмрӯз бахш дар самти таблиғи фаъолияти Китобхонаи миллӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла рӯзномаву маҷаллаҳо, сомонаҳои иттилоотӣ, шабакаи умуиҷаҳонии Фейсбук нақши муҳим ифо мекунад. То кунун садҳо гузоришу таҳлилҳо, хабарҳо аз фаъолияти ҳамарӯзаи шуъбаву бахшҳои Китобхона дар фазои маҷозӣ гузошта шудаанд, ки миёни хонандагон ҳамовозиҳо пайдо карда, боиси баҳсҳои созанда дар шабакаҳо гаштаанд.

  • Реҷаи кории бахш:  аз соати 800 то 17 00
  • Рӯзҳои корӣ: душанбе-ҷумъа
  • Мудири бахш: Раҳима Бобоева
  • Телефон:    221-5003
  • Теги: робита бо ҷомеа