Ҳунарҳои мардумӣ. Карнайсозӣ
Карнайсозӣ як бахши мисгарӣ, навъе аз хунари анъанавии мардуми тоҷик. Карнай асосан аз биринҷӣ ва баъзан аз мис сохта мешавад. Дарозии карнай 190-210 см, қутри лўлаи он 3,3см ва вазнаш 1кг мебошад. Ҳамчунин даҳана бо торсак 85-90 см, миёнаҷо 55 см ва каба 57-63 см дарозӣ доранд.
Тарзи сохтани он чунин аст: ба рўи тахта ё варақаи биринҷӣ бо қолаб қисмҳои карнайро кашида бо миқрози оҳанбурӣ мебуранд. Нахуст даҳанаи карнай сохта мешавад. Барои ин варақаи андозашудаи даҳанаро (онро “чапонидаҳана” меноманд) бо миқроз дандона бароварда, дар гирди оҳани лўлашакл мепечонанд. Дандонаҳоро бо болғаи чўбин зада маҳкам мекунанд ва даҳана шакли лўларо мегирад. Ҷойҳои пайвандшударо бо истифода аз нуқра, каме қалъагӣ ва руҳ кафшер мекунанд. Бо болға мавзеи барҷаста ва дағали пайвандҳоро ҳамвор ва бо сўҳон соида суфта мекунанд. Сипас, даҳанаи карнай бо тезобаву туршоба (кислотаи сулфат ё кислотаи хлорид) тоза карда мешавад. Қисми дигари даҳана – торсакро аз рўи қолаб бурида, дар оташи баланд мулоим карда, дар қолаби махсус кўфта, ба шакли косача медароранд ва миёнаи онро сўрох мекунанд, то ки нўги борики нил ба он пайваст шавад.
Нил яке аз қисмҳои муҳимми карнай буда, як нўги он аз нўги дигараш кушодтар аст. Он низ аз биринҷӣ сохта мешавад, аммо ғафсии тахтаи он аз дигар қисмҳои карнай маҳинтар мебошад. Нилро лўлавор печонда, ба даруни даҳана мегузоранд ва нўги борики онро ба сўрохи торсак ва нўги васеътари онро ба поини даҳана аз дарун бо қалъагӣ кафшер мекунанд.
Миёнаҷои карнай низ бо ҳамин усул тайёр шуда, аз пеш бо даҳана ва аз поин бо кабаи карнай пайванд карда мешавад. Дар қисми аввали миёнаҷо (баъди 10-11см) қуббачаи хурдеро барои ороиш аз беруни лўла насб мекунанд. Қисми поинии карнай – каба низ ба ҳамин тарз сохта мешавад. Тахтаи биринҷиро бо қолаб бурида, дандона сохта мепайванданд ва пас аз кафшер бо болға кўфта, филиззи онро сахту чандир мекунанд. Девори каба ҳар қадар бисёр кўфта шавад, садо ҳамон қадар дилкашу ҷарангосӣ берун меояд. Дар мобайни каба аз берун қубба ҷойгир карда мешавад.
Пас аз кафшери ниҳоӣ ҳамаи қисмҳои карнайро бо гили регаш маҳин соиш медиҳанд, то ки аз доғҳо покиза гардад. Зеҳи ороишӣ алоҳида сохта шуда, онро ба нўги васеи каба аз берун устувор мекунанд. Дар охир карнайро бо чархи мўйин тоза мекунанд ва он ҷилодор мешавад.
Ҳунари карнайсозӣ дар гузашта дар шаҳрҳои калони тоҷикнишини Осиёи Марказӣ роиҷ буд, аммо дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 он қариб аз байн рафт. Ҳоло дар шаҳри Истаравшан усто Мирзои карнайсоз бо писарон ва шогирдони худ ба карнайсозӣ ба таъмири карнай машғуланд. Дар гузашта аҷдоди усто Мирзо – падараш усто Мансур, бобояш усто Мирсабур, бобокалонаш усто Миршафеъ ҳама ба карнайсозӣ машғул буданд. Усто Мирзо бо тавсияи санъатинос Н. Ҳакимов аз рўи тасвирҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ 8 навъи карнайи аҳди Сомониён (каҷкарнай, буқ, карнайи шикаста, говдум, нафир, шоҳнафир, силсиласадо ва шайпур)-ро сохта, ба осорхонаҳо, дастаҳои мусиқӣ ва оркестри ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш карда аст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 546-547.Муаллиф: Д. Раҳимов.
Таҳияи Гулсара Толибова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.