Ҳунарҳои мардумӣ. Сӯзанӣ
Ҳар як халқу миллат анъанаву ҳунарҳои миллии ба худ хос дорад. Миллати тоҷик дорои адабиёту фарҳанги ғанӣ буда, аз қадим ҳамчун миллати созанда, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни инсоният саҳми босазо гузоштааст. Халқи тоҷик ихтироъкори матоъҳои абрешимин, ба монанди атласи оламшумул, адрас, гулбаст ва куртаю чодарҳои гулбаст ва гулдӯзишуда буда, онҳо ҳамчун рукнҳои бебаҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳон шуҳрат ёфтаанд.
Сӯзанӣ низ дар қатори ин ҳунарҳои оламшумул меистад. Он порчаи матои росткунҷаи бо ресмонҳои рангоранг гулдӯзишуда буда, серранг ё худ сафеду сиёҳ аст. Ин намуди гулдӯзӣ аз маъмулитарин ҷиҳози рӯзгори тоҷикон аз қабили борпӯш, қарс, рӯйҷо, ҷойнамоз ва дастурхон буда, дар ҳар хонавода мавҷуд аст.
Нақшу нигори сӯзанӣ дорои хусусиятҳои хос ва андозаи гуногун мебошад, ки бо тарзу тариқа ва мавқеи зист аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан, сӯзании Хуҷанд дар заминаи сиёҳ ва доираҳои он бо рангҳои гулобӣ, сурх ва қирмизӣ гулдӯзӣ шудааст. Сӯзаниҳои Истаравшан гирдагулҳои бузург, рангҳои назаррабо доранд, сӯзаниҳои Самарқанд бошанд, нақшҳои қадима дошта, бештар бо нахи шоҳӣ дӯхта мешаванд. Сӯзаниҳои Бухоро рангомезии хоси худро доранд, ки омехтаи нахҳои ранги хокистарӣ бо кабуд, арғувонӣ бо бунафш, зарди паст бо норинҷӣ мушоҳида мешавад. Дар Хатлон сӯзанӣ дар заминаи сурх гулдӯзӣ карда мешавад. Дар ин ҷо доираҳои азим бартарӣ доранд. Одатан дар сӯзаниҳои Хатлон истифодаи ранги сиёҳ манъ аст. Дар ин ҷо он бо ранги арғувонӣ иваз карда шуда, нақшу нигори муҷаллои табиӣ ва мутаносибу мувофиқ доранд.
Сузанӣ аксар дар мобайни худ гули доирамонанд ва дар канораҳояш ҳошияҳо дорад. Дар нигоҳи аввал он чамани шукуфон ва пур аз гулро мемонад, аммо чашми ҳамабин дар ин чаман ҳамчун рамзҳои сеҳрнок орзуву омол ва ормонҳои мардумро ба монанди фаровонӣ, ҳимоя аз чашми баду ҳифозат аз мавҷудоти бадтинат, зиёву равшанӣ ва дигар ниятҳои некро мебинад. Маъмулан сӯзаниро дар матои махмалин, абрешимин ва ё пахтагин медӯзанд. Махсусан модарон онро дар тӯйҳои арӯсӣ ба духтаронашон тақдим мекарданд ва гулдухтарони ҷавон низ барои бисоташон сӯзанӣ медӯхтанд.
Сӯзанидӯзӣ – ҳунари қадимаи тоҷикон аст, вале мутаассифона, аз намунаҳои қадимиву асримиёнагии он то ба мо чизе нарасидааст. Сӯзаниҳои осорхонаву шахсони алоҳида бошанд, асосан ба садаи XIX тааллуқ доранд.
Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳунарҳои миллии қариб ба гӯшаи фаромӯширафта аз нав эҳё ва ривоҷу равнақ ёфта истодаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо мактаби ҳунармандон ташкил ёфтаву фаъолият мекунанд. Дар ин мактабҳо аз рӯӣ усули анъанавии миллӣ шогирдон тарбия меёбанд. Ба ин васила мо ҳунари ҳунармандони чирадасти гузаштаи худро бори дигар мавриди омӯзиш қарор дода, онҳоро ба некӣ ёд мекунем.
Махфират Муҳиддинова,
мутахассиси бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.