Ҳунарманди маъруф Шералӣ Абулқайсов дар синни 70-солагӣ аз олам даргугашт

     Моҳи апрели соли равон аз 70-солагии ҳунарманди  шинохта гуфтанду навиштанд. Даҳҳову садҳо муборакбодӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сарозер шуд. Ва инак ҳоло се моҳ аз аз зодрӯз сипарӣ нашуда, имрӯз хабари маргаш расид. Ду-се рӯз пеш аз ҳолати вазнини саломатиаш хабар дода буданд ва садҳо нафар боз дар ҳамин шабакаҳо барои шифояш аз Худованд дасти дуо бардошта буданд. Имрӯз вай ба Ҳақ пайваст, ба ҷовидон рафт. Хонаи охираташ ободу қабраш пурнур бод.

ШЕРАЛӢ АБУЛҚАЙСОВ 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар оилаи хизматчӣ тавваллуд шудааст. Соли 1968 баъди хатми мактаби миёнаи № 8 қишлоқи Дерзуд ба Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко ба факултаи санъат ба шӯъбаи актёри театри драмма ва кино дохил шуда, соли 1973 онро бо мувафақкият хатм мекунад ва бо роҳхати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор қабул карда мешавад ва то ба имрӯз дар ҳамин театр кору фаъолият карду эҷод намуд.

Аз соли 1996 Омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, аз соли 2009 вазифаи дотсент, мудири кафедраи маҳорати актёриро ба ӯҳда дошт.

 Дар матбуот гоҳ-гоҳ мақолаҳои мубоҳисавӣ — тадқиқотиаш ҷоп мешуданд, ки баҳсҳои гарме доштанд. Мисли «Ба оянда тӯр меандозем», «Чеҳраи боофарин», «Зинаҳои камолот», «Театрҳои халқиро ҷонибдорӣ бояд кард», «Талоши ҳастӣ» «Ҷавҳари ранги обӣ» ва ғайра.

Соли 2007 дар ҳамкорӣ бо иттифоқи варзишгарон ва актёрони Тоҷикистон бо кумаки ташкилоти «НОРЕ» ва бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба рушд, UNTOP, бо нияти мубориза бар зидди бемории сил ва ВИЧ/СПИД аз рӯйи асарҳои Н.Абдухамедов ва А.Қодирова «Будан ё набудан», «Зиндагӣ ҷовидона нест», «Хаёти дубора» намоишҳо таҳия кардааст.

Соли 2008 бо кумаки аташеи фарҳанги и сафорати Фаронса ва мадади ташкилоти МОМ аз рӯйи асари С.Айюбӣ «Муҳоҷират» ва асари А. Ш. ва А.Фарзона «Аз ғуломӣ раҳоӣ ҳаст» намоишҳо таҳия намудааст.

Ҳунармади мумтоз даҳҳо нафар шогирдонро ба камол расондааст. Ин солҳое, ки дар Донишкадаи санъат кор мекард, беҳтаринҳоро чун ҳунармандони оянда тарбия кардаву дар таҳияи намоишҳои донишҷӯён саҳм доштааст.