Ҳунаромӯзии  шахсони имконияташон маҳдуд дар маҳфили “Дастони моҳир”

Дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд маҳфили “Дастони моҳир” ба фаъолият оғоз намуд. Дируӯз дар ин маҳфили тозабунёд хонандагони доимии шуъбаи мазкур –  ҷавондухтарон ва бонувони дорои маъюбият иштирок намуданд. Хуҷамқулова Адолат – хонандаи доимии шуъба ба ҳайси омӯзгор ба хонандагони дигари шуъба ҳунари аз мӯҳраҳо бофтану омода сохтани ороишоти занона, аз қабили ороиш барои мӯйи сар, тоқӣ, ҳамён, бозубанд, гули лолаву садбарг, себаргаву рустании бамбукро меомӯзонад. Бояд гуфт, ки Айдулат ҳамроҳи худ аз Ҷамъияти маъюбони “Муосир” чанд тан бонуи ҳунармандро оварда буд, то ба дигарон дар омӯзиш кӯмак намоянд.

Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон “Муосир” соли сеюм аст, ки фаъолият мекунад. Он бо дастгириву кӯмаки Иноятова Саида – сарвари Созмони занони маъюб “Иштирок” таъсис дода шуда, Хуҷамқулова Адолат сарвари Ташкилоти Ҷамъиятии маъюбон “Муосир” мебошад. Хуҷамқулова дар баробари бо ҳунар мағлуб кардани яъсу ноумедӣ, боз варзишгар – чемпиони чандинкаратаи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус низ ҳаст. Хуҷамқулова Адолат дар сабқати варзишгарони маълул (Паралимпийские игри) миёни занон дар вазни то 60 кг ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд. Бар замми ин Адолатбону қаҳрамони навъи варзиши вазнпартоӣ низ мебошад.

Бону-хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд таъсиси маҳфили “Дастони моҳир”-ро бо камоли хушнудӣ пазируфтанд. Ба мӯҳрабофон хонандагони доимии шуъба, ки  биноияшон заиф аст, ҳамроҳ шуданд. Чанд нафари онҳо алакай дар хона бо бофтани ҷӯробу дастпӯшак ва кифҳои рангубаранг  машғуланд. Онҳо: Гандумова Бибиҷон, Ҳусейнова Фирӯза, Саидалиева Лутфия  ба воситаи палмосидани риштаву нах ва ҳисоби кӯкҳои ҳар қатор ба осонӣ аз ӯҳдаи бофтани ҳар лавозимоти зарурӣ мебароянд. Насиба Маҳмадова, Сафаргул Азизова ва Шаҳноза Давлатмирова бошанд бо ёрии мӯҳраҳои ҷилодору рангоранг маҳсули меҳнати худро пешкаши ҳаводорони ин ҳунари нозук мегардонанд.

Дар рафти омӯзиш, Адолатбону ҳар як амалашро боҳавсала ба шогирдонаш мефаҳмонад ва аз онҳоро аз нозукиҳои он бархурдор месозад.  Дар рафти суҳбат суолҳо ба миён меомаданд ва новобаста аз он ки суолҳо аз раванди кор буданд ё ҳаёти шахсиаш, Адолатбону бо масъулияти том посух мегуфт. Ҳини суҳбат мамаълум гашт, ки Хуҷамқулова Адолат аз инсонҳоест, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои хеш аз мушкилиҳо намеҳаросад. Гомҳои устувору мақсаднок мегузорад ва мунтазам пайгири ҳадафаш аст.  Ин омӯзгори босабру  нишонрас мегӯяд, ки ҳидоятҳои ҳамешагии модаркалонаш аз хурдӣ дар қалби ӯ майлу рағбати омӯзиш ба ҳунарҳои мардумиро бедор карда буд. Аввалин ҳунари омӯхтааш дӯзандагӣ буд. Аз ин рӯй, мақсад дорад, ки дар озмуни эълоннамудаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли 2026”  иштирок намуда, соҳиби чанд мошинаи дарздӯзӣ гардаду ба занону духтарони маъюбиятдошта ҳунари чевариро омӯзонад.

Шахсони дорои маъюбият аъзои комилҳуқуқи оила ва ҷомеа мебошанд. Онҳо бояд ба истеъдоду ҳунари худ бовар кунанд. Маъюб будан ин ҳукми барҷомондагиро надорад. Инсон дар ҳама ҳолат метавонад касби дӯстдошта дошта бошад. Метавонад ба худ ва ҷомеа фоида оварад, – мегӯяд Адолатбону.

Дар зимн, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд Набиева Саодат ва кормандонаш ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки будубоши ҳамарӯзаи хонандагонашон дар шӯъба шавқовару фоиданок анҷом ёбад.

Муҳидинова Махфират, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа