Ғунча будию гули ховар шудӣ…

    Ман мутаҳаййир ба рӯи ӯ нигоҳ кардам. Фармуд, ки як шеърамро ба коғаз кӯчонам. Ман ҳам сабабашро напурсида, шеърамро кӯчонидаму Толис варақаи шеърамро аз дастам гирифта, ба киса андохт. Ман чизе нагуфтам, фақат аз хаёл гузаронидам, ки шояд ба газетаи девории факултет медиҳад… Баъди тахминан ду се ҳафта Толис газетаи “Пионери Тоҷикистон”-ро ба ман дароз кард. Чун онро кушода бинам, ҳамон шеър бо сарлавҳаи “Аълохон” дар газета чоп шудааст. Ба рӯйи Толис бо миннатдорӣ нигаристам. Ӯ табассум карда, табриккунон  самимона дастамро фишурд. Он аввалин шеъри ман буд, ки ба хонандагон расид”.

 

Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ зода шудааст. Соли 1948 Омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ, соли 1955 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ фаъолияташро дар риштаи суханшиносӣ ва рӯзноманигорӣ идома додааст.

Орзу ҳамеша маънибахши зиндагии инсонҳо будааст. Замоне Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо ҳам дар дил орзу мепарварид, орзуи шоир шуданро. Муҳаббати адабиёт дар дилаш ҷӯш мезад. Хотираҳои ӯро варақ мезанию бо шавқ мехонӣ ва бори дигар мутмаин мешаваӣ, ки инсон танҳо бо талошу заҳмат метавонад фотеҳи қуллаи мақсуди худ бошад. Ӯ дар хотираҳояш бори аввал қадам ниҳоданашро ба роҳи пуршебу фарози шеър ёдовар мешавад:

“Ман дар синфи панҷум мехондам. Забон ва адабиётро ба мо шоир Тилло Пӯлодӣ таълим медод. Ба муносибати рӯзи Армияи Советӣ 23 феврал он кас ба мо фармуданд, ки ҳар кадоме шеъре нависем. Рӯзи дигар як гурӯҳ хонандагон ба таври худ шеър навишта ба муаллим хондем… Аз ҳамаи шеърҳо он кас фақат шеъри як бачаро писандиданд. Аммо барои он ки мо бачаҳо хиҷолат накашем, муаллим дилпуррӣдода гуфтанд:

Навиштаҳои ҳамаи шумо шаҳодати он аст, ки супориши муаллимро ҳарчи бошад, иҷро кардед.

Дар вақти танаффус дидем, ки газетаи девории мактабӣ баромадааст. Дар он шеъри ба ҷанговарони қаҳрамони советӣ бахшидаи муаллим Пӯлодиро  ҷой дода буданд…

Шеъри муаллим Тилло Пӯлодиро аз газетаи деворӣ мехондаму орзу мекардам, ки шояд ягон рӯз шеъри моро ҳам аз саҳифаҳои газета мехонанд. Ва ниҳоят он рӯз ҳам фаро расид: соли 1949 буд. Ману марҳум Толис дар нахустин соли кушодашавии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар як факултет, дар як шуъба, дар як курс ва дар сари як миз шарикдарс  будем. Ман ба шеърнависӣ машқ мекардам. Шеърҳоямро дар як дафтари умумӣ менавиштам. Чашми Толис ба он дафтар афтид. Вай оҳиста дафтарро аз пешам ба тарафи худ кашид. Ҳарчанд оҳиста муқобилат нишон додам, не гуфтам, ӯ хандакунон ва чашмакзанон дафтарро кушода, шеърҳои навмашқонаамро хондан гирифт. Ман шарм мекардам, хиҷолат мекашидам ва аз дил мегузаронидам, ки ҳозир Толис ба ҳоли ману шеърҳоям хуб механдад. Не, бар хилофи гумонам ӯ баъди хонда шудани дафтари шеърҳо оҳиста, вале ҷиддӣгуфт:

-Мешавад!

Ман мутаҳаййир ба рӯи ӯ нигоҳ кардам. Фармуд, ки як шеърамро ба коғаз кӯчонам. Ман ҳам сабабашро напурсида, шеърамро кӯчонидаму Толис варақаи шеърамро аз дастам гирифта, ба киса андохт. Ман чизе нагуфтам, фақат аз хаёл гузаронидам, ки шояд ба газетаи девории факултет медиҳад… Баъди тахминан ду се ҳафта Толис газетаи “Пионери Тоҷикистон”-ро ба ман дароз кард. Чун онро кушода бинам, ҳамон шеър бо сарлавҳаи “Аълохон” дар газета чоп шудааст. Ба рӯйи Толис бо миннатдорӣ нигаристам. Ӯ табассум карда, табриккунон  самимона дастамро фишурд. Он аввалин шеъри ман буд, ки ба хонандагон расид”.

Шоир дар ин роҳ камари ҳиммат баст ва аз гулзори адабиёт гули мақсуди худро чид. Барои бачаҳо шеър гуфт, барои калонсолон низ. Ашъори барои калонсолон эҷоднамудаи ӯ дар маҷмӯаҳои “Сарои Баҳор” (1967), “Гулхандаи замин” (1974), “Помири ман” (1978), “Баёзи сангин” (1988), “Хонаи обод” (1994), “Сад ғазал” (2002), “Кӯҳдомани сабз” (2003) ва ғайра фароҳам омадаанд.

Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршоро ҳамчун шоир, бо таваҷҷуҳе, ки ба шеър дорад, дар миёни ашъори иншонамудааш дар меёбем. Аз сурудаҳои ӯ пайдост, ки дар ин роҳ қадамҳои устувор гузоштааст. Равонии забону содагии баён ва офаридани тасвирҳои шоиронаву интихоби вазн, ағлаби ашъори ӯро дилрасу шуниданӣкардааст:

Ғунча будию гули ховар шудӣ,

Боз ҳам зеботару дилбар шудӣ.

Ин байт ҳарчан ба ҷуз тасвири шукуфтани як ғунча ба ин содагӣ чизе нест, аммо баёни равшану равонии забони он кофист, ки шеърияти ӯро нигоҳ бидорад.

Ба ин шевоӣ ғазали дигари ӯро бо ҳам мехонем, ки бо мусиқии равони худ моломоли ишқу зебоист:

Субҳидам аз сари раҳ мисли сабо мегузарӣ,

Дода бар дидаи ман нуру сафо мегузарӣ.

Чу шафақ сурхии рӯйи ту ба олам резад,

Ту ба сад ҷилваю бо нозу адо мегузарӣ!

Бар сари шонаи ту мӯйи сиёҳат резон,

Гӯи чун шаршара аз гулдараҳо мегузарӣ.

Дили ман дидаи уммед ба сӯят дӯзад,

Лек то чанд ту сӯзонда маро мегузарӣ?

Бо ту будан чӣ тараб бошаду бе ту чӣ ғаме,

Меравам бо ту, гар аз доми бало мегузарӣ.

Кош монад қадамат дар дили ин шаҳри азиз,

Ки ту бо ин саҳарӣ аз дили мо мегузарӣ.

Агарчи ин ғазал дар ҳолу ҳавои ғазалҳои классикӣ суруда шудааст, дар худ тасвирҳои тозаву тари шоиронае  ҳам дорад, ки ба табиати шеъри имрӯз созгоранд. Дар байти сеюми ғазал, ки мӯй ба шаршараи резон ташбеҳ шудааст, аз тозакориҳои ӯ дар ғазал аст. Таносуби қавӣ миёни мисраъҳои ин байт ва табиӣ омадани калимаву ибораҳои он шукӯҳи онро бештар мекунад. Калимаи “саҳарӣ” дар байти мақтаъ, ки як навъ иҳом шудааст, ба шеър назокату нафосати бештар медиҳад. Дар ин ҷо калимаи “саҳарӣ”-ро чун сифат ба маънии субҳмисолӣ, покройӣ, равшанизудоӣ овардани шоир аз ҳунари офаринишу диди шоиронаи ӯ дарак медиҳад.

Дар гуфтани рубоӣ низ табъи равон дорад. Аз миёни осораш рубоиҳои маҷзубу дилкаше ҷило медиҳанд, ки ширину шевоянд:

Эй мутриби хушнаво, рубобам бинавоз,

Созе, ки намуд дилкабобам, бинавоз.

Савти хуши року уфари шуғнонат

Овард ба авҷу изтиробам, бинавоз.

Шеъри шоирони солҳои 60-70-уми қарни 20 дорои як хусусияти вижа аст, ки мисолашро намешавад бо ин густаришу паҳноӣдар дигар қарнҳо дид. Ин вижагӣ по ба пои зиндагӣ будани шеър аст, хурдтарин ҷузъиётҳои зиндагиро  бидуни таркибу иборасозии барзиёд бо лаҳни сода ва дар ниҳоят сужанок (бо дарназардошти тамоми анвоъи шеърӣ) ба қалам овардан аст. Шеъри “Қосидони роҳ”-и Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо намунае аз ҳамин гуна ашъор аст, ки мақоми як дастоварди кӯчаки замони худро нишон медиҳад:

Боз бигрифта гӯшаки телефон,

Боз аз ишқ ҳаст гуфторам,

Боз аз Москва ба Боми Ҷаҳон

Мекунам гуфтугӯй бо ёрам.

Симчӯбҳои сафкашидаи роҳ

Қосидони сиёҳпӯши мананд.

Гӯш бар гӯш ҳар каломи маро

Мерасонанд то ба кӯҳи баланд.

Эй сутунҳои гапбари телефон,

Оваредам паёми ҷононам.

Аз сари қуллаҳои кӯҳистон

Сухани моҳрӯи Шуғнонам.

Ҳаргиз аз давлати шумо, ҳаргиз,

Нест доғи ҷудоӣдар дили ман.

Гӯиё пеши ман бувад ҷонон,

З-ӯ фурӯзон чароғи маҳфили ман.

Ҳамин симчӯбҳои ошноро мо ҳам дар сари роҳу пуштаҳои деҳамон сафкашида дидаем, мо ҳам пайхас кардаем, ки онҳо маҳз барои гуфтугӯи телефонӣ сохта шудаанд. Аммо, ҳеҷ ба ин биниши шоирона нанигаристем ва тасаввур накардем, ки ин сутунҳои гапбар қосидони сафкашидае ҳастанд, ки садои моро тариқи гӯш ба гӯш ба ҳамсуҳбатамон мерасонанд.

Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо рӯзноманигори хуб ҳам будааст, ҳунари рӯзноманигории ӯ дар китоби “Се насли омӯзгорони Бадахшон” (1991), ки бахше аз очерку мақолаҳои публитсистиаш гирдоварӣ шудаанд, равшан мушоҳида мешавад.

Тарҷумаҳои хубе низ дорад. Ашъори алоҳидаи шоирони рус  С. Маршак, С. Шипачёв, К. Симонов, Н. Доризо, чанд шоири Литва, Арманистон, Қазоқистон  ва Озарбойҷонро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷума дар ҳаёти адибони солҳои 60-70 як анъанаи маъмулӣ ва ҳамешагӣ буд. Робитаҳои адабӣ, баргузории даҳаи адабиёти миллатҳои гуногун онҳоро водор мекард барои расонидани паёми эҷодкорони дигар қавму миллатҳо ба хонандаи тоҷик даст ба кори тарҷумонӣ бизананд. Албатта, барои тарҷума намудани шеъри як шоир пеш аз ҳама завқи баланди шоирӣ бояд дошт. Гузашта аз ин, мазмун, ҳунари шоирӣ, бозёфтҳои шоирона, хулоса рӯҳи шеъри шоири як миллати дигарро, ки бо рӯҳияи миллии худ навишта шудааст, барои хонанда кушода тавониста додан шарти муҳими тарҷумонист, ки на ҳама мутарҷим ба ин муваффақ мешавад. Тарҷумаҳои Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо ин вежагиро доранд. Ӯ ҳамчун тарҷумон ба тарҷумаи шеърҳои шоирони ҳаҷвиянавис низ даст задаст, ки аз табъи зарифу таваҷҷуҳаш ба ин жанри адабиёт дарак медиҳад. Худ низ ҳамчун шоири ҳаҷвиянавис маҳбубият дорад. Китоби “Хористони Хорпуштак“-и ӯ, ки дар пайравӣ ба “Гулистон”-и Саъдӣ ба шакли ҳазлу шухӣ навишта шудааст, қиссаву ҳикояҳои манзуму мансури намакинеро дар бар мегирад, ки барои хонанда шавқовар ва дар навбати худ омӯзандаанд.

Нахустин китоби шеърҳои барои бачаҳо офаридааш “Ҳамсинфони ман“-ро соли 1958 дастраси ҳаводорони шеъру сухан гардонидааст. Баъдан ашъори барои бачаҳо офаридааш дар маҷмӯаҳои “Бачаҳои Маскав” (1971), “Дарё омад” (1976), “Кӯҳи Лаъл” (1982), “Мо аз Боми ҷаҳон” (1986) ва ғ. мунташир гардидаанд.

Дар ашъори бачагонааш шеърҳо вобаста ба завқу салиқа ва дарку фаҳмиши кӯдакон эҷод гардидаанд. Тасвирҳои зебову дилнишин мувофиқ ба фаҳму дарки кӯдакону наврасон дар шеърҳои бачагонаи ӯ ба чашм мехуранд. Дар зеҳни хонандаи наврасу ҷавон ҷо намудани равонии сухан ва мусиқии калимаҳо, гузаштан аз шеърҳои хушку қолабӣ, танҳо ба баёни мавзӯъ такя накардан, ба дарунмояи шеър, тасвир, баёни зебо ва интихоби қофияҳои зебову хушоҳанг, ки дар шеъри кӯдакона, ба вижа дар шеъри ҳиҷоӣ барои таъмини мусиқӣ ҷойгоҳи назаррас доранд, эътибор додан шарти муҳими эҷодкунандаи шеъри кӯдакону наврасон ва ҷавонон аст. Дар шеърҳои барои кӯдакон ва наврасон  сурудаи Муҳамадалишоҳи Ҳайдаршо ин вижагиро мебинем.

Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршо бо осори таълифнамудаи худ як саҳифаи адабиёти муосирамонро рангин намуд. Риштаи умри ин шоир 25 сентябри соли 2014 гусаст, аммо шеъри ӯ дар хотири ҳаводорони ашъораш ҷовидонист.

Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод.

М. Сабурӣ

Аз гурӯҳи “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб” дар Фейсбук

 

АЗ ШОИРИ МАҲБУБ МАҲМАТАЛИШОҲИ ҲАЙДАРШО ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ИН АБЁТ ҚОБИЛИ ДАРЁФТ ВА МУТОЛИА АСТ:

 

 

 Осор:

Ҳайдаршо, М. Сарои баҳор : / Муҳаррир М. Фарҳат .  –  Душанбе : Ирфон , 1966 .  – 84 с.
Ҳайдаршо, М. Оимтилло дар қабулгоҳи Мушфиқӣ: Ҳаҷвия // Занони Тоҷикистон.  – 1972 .  – № 3 . – С. 22.
Ҳайдаршо, М. Помири ман : Маҷмӯаи шеърҳо . – Душанбе: Ирфон, 1978 . – 144 с.
Ҳайдаршо,М. Кӯҳи лаъл: Маҷмӯаи шеърҳо барои бачагони синни томактабӣ . – Душанбе : Маориф , 1982 . – 24 с.
Ҳайдаршо,М. Баёзи сангин: Маҷмўаи шеърҳо .  –  Душанбе: Ирфон, 1985 .  –  80 с.
Ҳайдаршо, М. Мо аз боми ҷаҳон:  Қисса ва шеърҳо барои бачагони синни  хурди мактабӣ . – Душанбе: Маориф , 1986 . – 72 с.
Ҳайдаршо,М.  «Сайри олами  фарҳанг» : Фарҳанги забони тоҷикӣ                          // Омӯзгор . – 1991 . – 6 феврал.
Ҳайдаршо,М. Шукуфон : Очерк // Садои мардум . – 1991 .  – 1 май.
Ҳайдаршо, М. Дубайтиҳо // Сдои Шарқ. – 1991. –  № 11 . – С. 75-76.
Ҳайдаршо, М.  Марав аз ман; Китоби чашми ту хонам шабу рӯз; Дилам хоҳад; Чу сайёди ту дар болои кӯҳсор: Шеърҳо // Коммунисти  Шуғнон . – 1991. –  3 август.
Ҳайдаршо,М. Ҳайкалҳои деҳаШиринии умрам туӣ: Шеърҳо // Бадахшони советӣ  . – 1991 . – 17 август.
Ҳайдаршо, М. Арақ  гуфто : Шеър // Ҳақиқати Ӯзбекистон . – 1991. –                      23 октябр.
Ҳайдаршо,М. Дубайтиҳои тоза // Маърифати Шуғнон. – 1992 . – 18 январ.
Ҳайдаршо, М.Чашмон; Фариштаи  шеър: Шеърҳо // Садои мардум . – 2005 . – 27 октябр.
Ҳайдаршо, М. Гуноҳамро намебахшанд: Шеър // Адабиёт ва санъат . – 2006 . – 31 август.
Ҳайдаршо, М. Ман  ҳамдардат  эй инсон; Мисраи шоир; Бахшандаи  илҳом; Қудрати  ишқ; Бо ту ва бе ту: Шеърҳо // Адабиёт  ва санъат . – 2007. – 11 апрел.
   Ҳайдаршо, М. Аз дафтари ғазал: Ғазалҳ аз ашъори  шоир  // Ҷавонони Тоҷикистон . –  2009. – 19 март.
Ҳайдаршо, М. Аз дафтари ғазал // Адабиёт ва санъат . – 2010 . –  9 декабр.

                        Тарҷумаҳои  Ҳайдаршо  М.

Юренко,О.Модар: Шеър / Аз русӣ тарҷума М. Ҳайдаршо // Маориф ва маданият. – 1969. – 11октябр.
Такур,Р.  Аз силсилаи  Ватан : Шеър / Тарҷумаи М. Ҳайдаршо // Маориф ва маданият. – 1969. – 23 октябр.
Неделина,Н. Ман ба дунё омадам; Борон: Шеърҳои шоираи булғорӣ  / Аз русӣ тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Занони Тоҷикистон. – 1971             . – №10 . – с.8.
Неделина,Н. Ҳазорон дил агар медоштам  ман: Шеър / Тарҷумаи  М.Ҳайдаршо  // Комсомоли тоҷикистон. – 1972. – 12 март.
Межелайтис,Э. Садои дил: Шеър / Тарҷумаи М.Ҳайдаршо                         // Маориф ва маданият. – 1973. – 6 январ.
Юренко,О. Лутф  фармо, дӯст: Шеър / Тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Тоҷикистони советӣ. – 1973. – 14 январ.
Ангуштина,Н. Фарёди одам: Шеър / Тарҷумаи М. Ҳайдаршо // Ҳақиқати Ӯзбекистон. – 1973. – 4 сентябр.
Маршак,С. Амаки хаёлӣ : Шеър / Тарҷумаи озодӣ М.Ҳайдаршо // Машъал. – 1974. – № 4. – С. 72.
Солоухин,В. Дурахши ситораҳо; Хазон дида: Шеърҳо / Тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Газетаи  муаллимон. – 1987. – 18 август.
Аюбов,Т. Низомӣ: Шеър /  Тарҷумаи М.Ҳайдаршо  //  Китоби дӯстӣ: Маҷмуаи шеърҳо. – Душанбе: 1989. – С. 285.
Синелников,М. Дарахт; Овози дӯст (ба ёдбуди Ҳабибулло Файзулло): Шеърҳо /  Тарҷумаи М.Ҳайдаршо // Китоби дӯстӣ: Маҷмуаи шеърҳо. – Душанбе, 1989. – С. 97.

Таҳияи Парвина   Каюмова,
Корманди  шуъбаи  библиографияи миллӣ