Унвони Шоири халқӣ ба устод Хайрандеш муборак!

Шоири маҳбуб ва ҳамкори азизамон устод Хайрандеш имрӯз сазовори унвони олии Шоири халқии Тоҷикистон шуд. Шоире, ки ҳамвора бо мардум буд ва даҳсолаҳост маҳфилдор аст. Маҳфиле, ки боз даҳҳо шоиррро ба камол расондаву дар боғи адабиёт сабз карда.

Хайрандеш ё Қурбонов Хайриддин Шарифович 4 апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноҳияи Маскав (ҳоло Ш. Шоҳин) ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро то синфи 9 дар зодгоҳаш гирифта, мактаби миёнаи №30 ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Кушониён)-ро соли 1978 хатм кардааст.

Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикисторо хатм карда, соли 1999 гимназияи хусусии «Хайрандеш»-ро таъсис дода, директори он буд. Ӯ муаллифи асарҳои «Хайробод», «Зиёратнома», «Сад қатра ашк», «Замзама», «Хайробод», «Тоҷикнома», «Чархофалак», «Ғазалпайванд» ва «Куллиёт» мебошад.

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст ва маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарварӣ мекунад, ки умри 40-сола дорад. Ҳамзамон, сардабири нашрияи бачагонаи “Пайрав”, замимаи ҳафтаномаи “Омӯзгор” мебошад.

Устод Хайрандешро самимона муборакбод мекунем ва ин суҳбатеро пешкаш мекунем, ки моҳи ноябри соли 2022 анҷом шуда буд. Суҳбат ин ҷост:

ХАЙРАНДЕШ: АГАР ҲАҚҚИ МУАЛЛИФ РИОЯ МЕШУД, ШОЯД ҲОЛО МИЛЛИАРДЕРИ ТОҶИК МЕБУДАМ