“Ҳусни баён”. Дастури нави таълимии забони тоҷикӣ

Ҳусни баёнКитоби «Ҳусни баён»  бо қарори Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ тадқиқотии МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» муҳокима ва барои чоп тавсия шуда, дар нашриёти «Нури маърифат» аз чоп баромадааст. Китоби мазкур соли 2022 аз чоп баромада ва ҳоло ба  Китобхонаи миллӣ низ расидааст.

Дар пешгуфтори китоб номзади илмҳои филологӣ, Мӯсо Олимҷонов менависад: Забони тоҷкӣ аз аксари забонҳои дунё бо доро буданаш ба сарватҳои беназири луғавӣ ва қолабҳои фаровони сарфию наҳвӣ фарқ мекунад. Бо истифода аз чунин захираҳои вожаҳову қолабҳои баён метавон айни як матлабро бо даҳҳо усул ифода кард ва ҳангоми истифодаи мавридшиносонаи ин гуна унсурҳои луғавӣ сухан на танҳо ба ақл, балки ба эҳсос низ таъсир мерасонад. Як муҳассаноти забони осори ниёгони шарафманди мо маҳз дар ҳамин корбурди мавридшиносонаи калима дар қолабҳои хушсохти вожасозиву ибораорӣ аст ва ин равиши баёни андеша ҳоло аз ҷониби гурӯҳи калони аҳли адаби мо идома дорад. Вале мутаассифона, дар радифи истифодаи бамавриди калимҳо, корбурди қолабҳои зебову мувофиқи ифода дар забонамон бемаврид ё барзиёд ба кор бурдани унсурҳои луғавӣ, бидуни огоҳӣ аз маънои аслии вожаҳо бар ивази як воҳиди луғавӣ мавриди истифода қарор додани калимаи дигар, қолабҳои вайронсохти ба табиати забони тоҷикӣ бегона мушоҳида мешавад.

Аз назари таҳлил гузаронидани ҳусни сухани тоҷикӣ дар давоми беш аз шаст соли охир нишон медиҳад, ки  рӯ овардани мардуми тоҷик ба сухани нобарҷову қолабҳои вайронсохти баён ба ҷои камшавӣ рӯ ба афзоиш дорад. Ин ҳолатро ба як далел метавон собит кард: китоби академик Муҳаммадҷон Шакурӣ «Хар сухан ҷоеву ҳар нукта моқоме дорад» то имрӯз се маротиба: соли 1968-ум, 1985-ум ва 2005-ум нашр гардидааст. Аз қиёси се нашр мушоҳида мегардад, ки ҳаҷми китоб аз 159 саҳифа то 400 саҳифа дакка зад.

Кафедраи забони тоҷикӣ бо ду мақсад: аввалан, бо андешаи кӯмаки назариву амалӣ бо донишҷӯёни соли якуми ихтисоси суханшиносии тоҷик ва сониян,  иҷрои барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои  2020-2030 – юм, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020-ум қабул шудааст, дастури таълимӣ – методии мазкурро барои нашр омода намуд.

Хоҳишмандон китоби «Ҳусни баён»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд