Устод Лоҳутӣ ва санъаткорони навраси Помир

Лолащои-бадахшонБояд қайд кард, ки саҳми устод Абулқосим Лоҳутӣ на танҳо дар пешрафти адабиёт ва маорифу илми тоҷик хеле бузург аст, балки дар инкишофи санъат низ хидматҳои эшон аз рўзхои аввали ба Тоҷикистон, «ба умеди дили рамидааш» омадан шоистаи таҳсин аст. Бахусус, таваҷҷухи устод Лоҳутӣ ба аъзои Ансамбли бачагонаи этнографии Помир беҳад зиёд буд .

Албатта, он солҳо ҳайати  эҷодии театр гурўҳҳои консертии клубҳо ва ғайраҳо монанди имрўзҳо бо кадрҳои баландихтисос ва маълумоти олидор мукаммал набуданд. Бо вуҷуди он ки дар ҷумҳурии ҷавони мо танҳо се чор театр амал мекард, ҳайати эҷодии ин театрҳо аз ҳисоби ҳаваскорони санъат пурра мешуданд. Зеро дар тамоми гўшаву канори Тоҷикистон кружокҳои худфаъолиятии бадеии ҳаваскорони санъат бо ҷўшу хурўш амал мекарданд. Роҳбарони аввали ҷумҳурӣ зарурияти ташкил кардани театр, клубу қироатхона ва дигар муассисаҳоро дарк намуда, бо имкониятҳои мавҷуда корҳои шоёнро  ба сомон мерасониданд.

Дар баробари ин, зарур шуморида шуд, ки дар марказ, яъне шахри Сталинобод, дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон Ансамбли ашўла ва рақсҳои Тоҷикистон ва ба ин монанд ансамблҳо ташкил шаванд. Аммо муаммое аз пеш баромад. Ансамблҳо ташкил мешаванд, вале кадрҳо-ҳунарпешаҳо, мутрибон, раққосаҳо, сарояндаҳо ва ғайраҳоро аз куҷо бояд пайдо кард?

Тавре, ки мегўянд: «Халқи одӣ худ эҷодкор аст». Аз ин пас, дар ҷумҳурӣ гузаронидани олимпиадахои санъат, азназаргузаронии ҳаваскорони санъати халқӣ ва даҳаи санъати вилоятҳоро ба роҳ монданд. Ба ин васила аз байни халқ гулҳои худрўй, истеъдодҳои ҷавон ва нисбатан ҷавонро интихоб карда, барои кори минбаъда ба шаҳри Сталинобод, ба Театри давлатии опера ва  балет, Театри Лоҳутӣ ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон даъват мекарданд.

«Мусобиқоти интихобӣ», одатан, аввал  дар маҳалҳои тамоми ҷумҳурӣ, баъд дар боғи марказии истироҳат ва маданияти шаҳри Сталинобод сурат мегирифт. Ҳайати жюрӣ низ миқдоран маҳдуд, аз ҷумлаи фаъолиятмандони илму адабиёт ва санъат муқаррар шуда буданд.

Дар  яке аз ин гуна тамошоҳо шоир Абдулқосим Лоҳутӣ чун аъзои жюрӣ иштирок дошт. Устод Лоҳутӣ ба ҳар як ҳаракати иҷрогар бо диққати тамом зеҳн мемонд ва ҳамоно дар дафтар чизе қайд мекард. Дар ин асно бо ў ҳарф задан мумкин набуд, ў мутлақо саргарми дидану шунидани консерт буд. Шоир на танҳо муваҷчеҳи он буд, ки кадом яки ҳунармандонро дар марказ, кадомашро дар район ва кадоми онҳоро дар маҳалҳо таъин бояд кард. Шоир диққати ҷиддӣ медод, ки мардум дар вақти иҷро дар тан чӣ либос пўшидаанд, ҳаракати онҳо аз якдигар чӣ тафовутҳо дорад, асбобҳои худсохти онҳо ба чӣ хусусиятҳо моликанд ва чӣ гуна истифода мешаванд.

Устод Лоҳутӣ бори нахуст ҳунарнамоии санъаткорони наврас – аъзои Ансамбли этнографии бачагонаи Помир тамошо карда, хеле хушҳол мешавад ва  ин шеърро иншо карда, ба онҳо мебахшад. Таърихи эҷоди шеър ба соли 1940 рост меояд ва ин шеър дар «Девони Лоҳутӣ» соли 1940  бо зерсарлаҳваи «Лолаҳои Бадахшон» (ба ансамбли этнографии Помир) чоп шудааст.

Равшанӣ борад зи рўшон, насли рахшонро бубин,
Лолаҳои навраси Хоруғу Рўшонро бубин!

Гар надидӣ гавҳари рақсону лаъли нағмахон
Ганҷҳои санъати кўҳи Бадахшонро бубин!

Бар гул ин лабҳои хандон шодмонӣ медиҳанд,
Пирӣ аз хотир баранд, ин навҷавононро бубин!

Кас надида рўи ҷонро то кунун бо чашми сар,
Дар  рухи ин бачаҳо, эй дил, биё ҷонро бубин!

Ҳолашон пурҷилваву ояндашон тобанда аст,
Шодию фахру умеди Тоҷикистонро бубин!

Панҷсола кўдакон ҳам номдорӣ мекунанд,
Пур зи осори Сталинист, давронро бубин!

Бозчоп аз китоби Тилло НеккадамовЛолаҳои Бадахшон”.

Ин китоб соли 2022 зери назари яке аз бунёдгузорони Ансамбли тарона ва рақси Помир (солҳои 1955-1957) Алиризо Раҳмонқулов чоп шудааст. Китобро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таӽияи мутахассиси пешбари
шуъба Г.Имомназарова