Устод, олим, раҳнамо

Зиндагӣ! Бо гарму сардат гарму сарде доштем,

Ҳамнабарди ҳар набарди ту набарде доштем!

Дар баҳористони шодият баҳорафшон шудем,

Бо хазонрези замонат ранги зарде доштем.

Шеваи озодмардии туро омўхтем,

Гуфтугў ҳарчанд бо номарду марде доштем.

Рўзу шабро дар хаёли равшанӣ барҳам задем,

К-офтобу моҳтоби раҳнаварде доштем.

Умри инсон ба масал оби дарёст, ҳамеша равон аст. Дар маҷрои зиндагӣ кам касоне муввафақ гашта, бо меҳнату талоши шабонарўзии хеш маҳбубу азизи атрофиён мегарданд. Зиндагӣ дар асл худ мубориза аст, мубориза бояд бурд ё ин ки бохт. Дар зиндагӣ бурду бохти ҳар як инсон аз амалу рафтор ва хираду маърифаташ вобаста аст. Шахсе, ки ҳоло дар борааш нақл хоҳем кард, аз нафаронест, ки ҳамеша дар талоши рўйдодҳои нав ба нав ва барои зиндагии шоиста муборизабаранда аст. Агар қатрае аз ҳаёту эҷодиёти ў ёдовар шавем, барҳақ мутмаин хоҳем шуд, ки аз тоифаи инсонҳои комил ва сарсупурдаи миллату давлати хеш ҳастанд.

Устод Шосаидзода Сафар Ҳасан табиатан як шахси хоксор, хушмуомилаву меҳрубон аст. Албатта обрў ва эътибори ҳар фард аз муносибати ў ба атрофиён, аз одобу рафтор, донишу маърифат, фикру ақида, пиндору гуфтор ҳувайдо мегардад. Агар дорои ақлу заковат, маҳорат ва таҷрибаи ҳаётӣ бошад, ин гуна шахс, албатта, дар ҷомеъа иззату эҳтироми хешро пайдо мекунад.

Суҳбати марди Худо мардат кунад,

Суҳбати ҳар носазо сардат кунад.

            Ў олим, эҷодкор, омўзгор ва  китобшиноси варзида буда, барои рушди соҳаи фарҳангу китобдорӣ саҳми худро гузоштааст. Сафар Шосаидзода аз таҷрибаи бойи мактаби китобдории Маскав бо шарофати устодони маъруфи он К.И. Абрамов, Т.Ф. Каратыгина, В.В. Сквортсов, В.С.Крайденко, А.Е. Шапошников, Ю.С. Зубов, Р. Шарофзода, Г. Мушеев, З. Шораҳматов ва ғайраҳо баҳраманд гардида, нозукиҳои касбро аз худ кардааст. Ҳамчунин, рисолаи илмӣ барои сазовар гардидан ба дараҷаи номзади илмҳои педагогиро ҳимоя намуда, ба Ватан баргаштааст.

   Устод дар вазифаҳои муовини декан ва мудири кафедраи библиографишиносии факултети китобдорӣ, сардори Раёсати фарҳанг, сипас Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи Идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии забоншиносӣ ва тарҷумаи Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият намуда, бо хислатҳои хоксориву инсондўстӣ миёни ҳамкорону донишҷўён мақому мартабаи хосро соҳиб гаштааст. Устод имрўзҳо дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолияти меҳнатии хешро идома дода истодааст.

            Дар давоми фаъолияти илмӣ-омўзгорӣ беш аз 200 номгўйи осори илмӣ ва таълимию методӣ чоп намудааст, ки онҳо ба масъалаҳои консептуалии фарҳанг, фаъолияти китобдорӣ-иттилоотшиносӣ бахшида шудаанд. Устод дар таҳияи барномаҳои давлатӣ – «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», инчунин, лоиҳаҳои инвеститсионӣ, стандартҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи китобдорӣ ва асноди ҳукуматӣ оид ба соҳаи фарҳанг ва фаъолияти китобдорӣ саҳми арзанда гузоштааст. Аслан, хизматҳои ҳақиқии Сафар Шосаидзодаро дар таҳияи барномаҳои давлатии соҳаи фарҳанг ва китобдорӣ танҳо шахсоне воқеъбинона арзёбӣ карда метавонанд, ки аз азму талош ва заҳматҳои шабонарўзии ў дар ин самт огоҳ ҳастанд ва тўли ин солҳо бо номбурда мустақиман ҳамкорӣ доштанд.

            Ба ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ сафарҳои корӣ анҷом дода, якҷоя бо фарҳангиён, китобдорон ҳамоишҳо, ҷаласаву семинарҳо ва конфренсияҳо гузаронида, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии сармоягузор барои китобдорон курсҳои кўтоҳмуддати омўзишии китобдоронро ташкил намудааст, ки дар он мутахассисони пуртаҷрибаи соҳа, аз қабили С. Сулаймонӣ, Комилзода Ш., Холов Б. С., Муҳиддинов С. Р., Ғуломзода Қ. Ярбобоев Р. ва дигарон фаъолона ширкат варзидаанд. Соли 2008 Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе як гурўҳ китобдоронро барои такмили ихтисос ва шиносоӣ бо фаъолияти китобхонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мефиристад, ки ў яке аз иштирокчиёни фаъоли гурўҳи мазкур буд. Шиносоӣ ба фаъолияти китобхонаи ин кишвари аз нигоҳи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ мутараққӣ доираи бинишу фаҳмишу ўро оид ба дурнамои рушди китобхонаи Тоҷикистон боз ҳам васеътар намуд.

Оид ба фаъолияти илмию омўзгории устод Сафар Шосаидзода олимону мутахассисони соҳа китобу мақолаҳо навишта, ўро ҳамчун инсони поквиҷдону соҳибмаърифат муаррифӣ карда, нисбаташ эҳтироми хос доранд. Аз ҷумла, собиқ декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Бозорбой Холов дар мақолаи хеш «Сафар Шосаидов ва масъалаҳои барномарезӣ дар соҳаи фарҳанг» овардааст, ки: «Шосаидзода Сафар Ҳасан воқеан аз зумраи олимонест, ки қисми бештари умри хешро дар самти омўзишу таҳқиқ ва баррасии проблемаҳои илмӣ ва мушкилоти соҳаи китобдорӣ сарф намудааст. Меҳру садоқати беандоза ба пайвандон, ҳаммаслакон, вафо ба аҳд, азму талоши пайваста, иродаи қавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ростқавливу поквиҷдонӣ, мавқеи хоса ҳини ҳаллу фасли масъалаҳои муҳим, оштинопазирӣ нисбат ба тамаллуқкорон, аз зумраи  сифатҳое мебошанд, ки ўро миёни дўстону рақибон шуҳратёр гардонидаанд».

    Аз суханони Бозорбой Холов ҳаминро хулоса кардан мумкин аст, ки устод бо муносибати хуби худ байни ҳамкорон ва ҳамкасбон соҳиби обрўйи баланд буда, ўро ҳамчун инсони поктинат, ҳалиму меҳрубон, омўзгори сахтгиру бовиҷдон мешиносанд ва эҳтиром  мекунанд. Ин нуқтаро Қ. Ғуломзода дар мақолаи «Соҳибэҳтиром» чунин ба қалам додааст: «Маҳорати баланди касбӣ, донишу малакаи закӣ Шосаидзода Сафарро миёни ҳамкасбон рўз то рўз соҳибэҳтиром менамуд ва зина ба зина боло бурда, аз вазифаи муаллим, муаллими калон, мудири кафедра, дотсенти кафедра то муовини декан расонид».  Номбурда қайд менамояд, ки ў дар ҳамкорӣ бо собиқ директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг марҳум Қурбоналӣ Бўриев (Абдураҳимзода) беш аз 20 китобҳои таълимӣ, силсиламаҷмўаи илмии «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (иборат аз 5 китоб), маҷмўаи «Фаъолияти китобдорӣ. Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ: назария, услубҳо, амалия», инчунин таҳрири китобҳои соҳавӣ, маҷаллаи илмию таҳлилии «Паёмномаи фарҳанг» саҳми бевосита гузоштааст.

   Китобҳои алоҳидаи Сафар Шосаидзода «Инноватикаи китобдорӣ», «Менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ», «Менеҷменти фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ», «Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо», маҷмўаи муаллифии мақолаҳои илмии устод «Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ: назария, услубҳо, амалия», инчунин дастурҳои тавсиявӣ ва маслиҳатҳои методии «Қаҳрамонон намемиранд», «Мураттабсозии адабиёт ва ташкили феҳристи мураттабӣ», «Хизматрасонии ғайримуқимии китобхонавӣ-иттилоотӣ», «Технологияи бунёд ва истифодаи захираҳои китобдорӣ-иттилоотӣ» ба пешрафти фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ таъсири бузург расонидаанд.

   Мақолаҳои илмии «Cиёсати китобдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Проблемаҳои муосири истифодаи васоити техникӣ дар китобхонаҳо», «Монеаҳои раванди хониш: таснифоти омилҳо», «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи китобдорӣ: вазъият ва проблемаҳо» (дар ҳаммуаллифӣ), «Масъулияти падару модар дар раванди таъмини ҳуқуқи фарзандон ба иттилоот», «Фарҳанги мутолиа ва нақши волидайн дар ташаккули он», «Ҷойгоҳи Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи хотираи миллат», «Фаъолияти инноватсионии китобхона: сохтор, равандҳо ва захираҳо», «Омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангии идоракунии захираҳои инсонӣ», «Таҳсилоти китобдорӣ: вазъият ва дурнамои татбиқи усулҳои муосири таълим», «Стандартсозии  истилоҳоти  китобдорӣ: вазъият  ва проблемаҳо» ин номгўйи нопурра аз осори илмии устод ба шумор рафта,  масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ ва номакшуфи илми муосири китобдориро инъикос менамоянд.

     Барои ҳамаи мо устод Шосаидзода Сафар инсони бузургест. Фаъолияти эҷодии устод серпаҳлў буда, тамоми онро дар доираи як мақола рўйи коғаз овардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, он чи мо дар мавриди хислату рафтор ва кору пайкори устод навиштем, ин танҳо қатрае аз баҳр аст ва мо боварӣ дорем, ки паҳлўҳои зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии устод дар оянда аз ҷониби мутахассисони соҳа омўхта шуда, маълумотномаи муфассал пешкаш хоҳад шуд.

      Шосаидзода Сафар «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дорандаи медали «Хизмати шоиста», аъзои Конфедератсияи байналмилалии журналистон мебошад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи III дода шудааст.

            Дар ҷодаи фаъолияти илмию эҷодӣ ва амалии устод комёбиҳои бештарро таманно намуда, барояшон зиндагии осуда ва пурфайзу баракатро хоҳонем!

Умратон дарозу комёбиҳо ҳамеша ёратон!

Юнусзода Бунафша,

мутахассиси шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ.