Устод Шаҷариён: Аз сухани ишқ надидам  хуштар…

коллажИн суҳбати хушу гуворо миёни устодон Муҳаммадризо Шаҷараён, Нур Табар, Одина Ҳошим ва Давлатманд Хол соли 1992 дар Теҳрон сурат гирифтааст. Аз муқаддимаи кутоҳ бармеояд, ки ин се нафар дар Даҳаи фаҷр даъват шудаву дар маҳофили гуногун ширкат кардаанд. Устоди шодравон Нур Табар фурсати муносибе ёфта, бо устод Муҳаммадризо Шаҷараён- устураи мусиқии Эрон суҳбат кардаанд ва дар ҷараёни суҳбати ин ду Одина Ҳошим ва Давлатманд Хол ҳам ҳозир шудаанд.

Ҳоло ин чаҳор нафар тарки дунё кардаанд. Аммо суҳбати ишон, ки худи ҳамон сол, аниқтараш 19 марти соли 1992 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шудааст,  гӯиё ҳаминрӯзист. Бихонем ин суҳбатро ва ба садои қалби азизони ҳунарманди худ гӯш андозем. Бахусус таассуроти устод Шаҷараён аз диду боздидаш аз Тоҷикистон басо гуворост.

Сипос ба ҳамкорамон Фирӯза Раҳимова аз шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ, ки лутф кардаву ин суҳбатро аз “Адабиёт ва санъат” барои мову шумо рӯнавис кардаанд.

 Оқои Шаҷариён як-ду ҳарф аз ёддошти Душанбею Кўлобу аз он мулоқотҳои Тоҷикистон. Аз байн ду сол гузашт, чӣ ҳол доред?

–Чӣ хотираи хубе, воқеан, иштиёқе, ки ман солҳо доштам ба Тоҷикистон омадам. Бо мусиқишон, бо одобу русумашон, бо лафзҳояшон, бо меҳмоннавозишон, бо куллияи ҳунарҳои театрӣ ва ҳунарҳои истилоҳи меъмориашон ошно шудам. Чизе, ки бештар дар ман таъсири худашро қарор дод, меҳрубонии беш аз ҳади мардуми тоҷик буд, ки воқеан одама сеҳр мекард. Ин қадар муҳаббату меҳрубонӣ мекарданд ва садоқату самимияте, ки дар рафтору гуфтору нигоҳошон одам медид, одама асири худаш мекард. Ризо Қосимӣ, ки бо ман буду сетор мезад ва ҳама бо ў ошно ҳастанд, як рўз бо ҳам сўҳбат мекардем, гуфтам, ки Ризо, бубин, ин чеҳраи духтарон ва занҳои тоҷик чӣ қадр маъсуб ва поке, ин гуна чеҳраро наметавон ҳеҷ ҷо пайдо кард. Ин зебоии хосе, ки доранд ба ҷои худ, аммо ин нигоҳҳо ва он гавҳари инсонӣ ва даруни зебое, ки инҳо доранд, кулли кайфияташон, ҳолу аҳволашон ва Ризо бо вуҷуди он ки зану бача дошт, гуфт, ки ман михом ҳамаро раҳо кунам ва аз ин ҷо зан бигирам.

Баъд ин табиати хеле зебое, ки дар ақиби Душанбе буд, ман сабзаҳое, ки дар теппаҳову кўҳҳои атрофи Тоҷикистон дидам, дар ҳеҷ ҷои дунё надидам. Аслан ин сабзаҳо як ранги дигаре дошт, ки дурахшиши хоси худро дошт, ки таърифашро наметонам букунам.

Айёми баҳор буд…

            – Айёми баҳор буд, чун ман тамоми дунё сафар кардам, чунин зебогиро надидам. Ҳама ҷоро сайр мекардам, акс мегирифтам, сер намешудам, сеҳр мешудам. Баъд дар дараҳои Варзобу Ромит чӣ қадар лаҳзаҳои хуш гузаронидем. Канори он рўдхона чӣ ғизоҳои лазиз дуруст мекардед, он бороне, ки меомад. Ваҳ- ваҳ… хеле барои ман пурхотира буд. Махсусан,  ҳунармандони хубе, ки ман дар Тоҷикистон дидам, созҳои қашанге, ки доштанд, созҳои хубе, ки менавохтанд, хеле нағз навохтанд. Рақсҳои, зебое, ки дидам, воқеан, мардуми Ирон фаромўш карданд, ин рақсҳоро. Рақсҳое, ки узви зиндагист. Он рақсҳое, ки шаби аввал ва шаби охари кунгураи Борбад мо дидем ва дар баъзе барномаҳои хосе, ки ман дидам. Меҳрубонии беш аз ҳади мардуми тоҷик забонзади  ҳамаи касонест, ки миён аз Тоҷикистон бармегарданд. Ман барои  намуна якеашро аз инҳо мегўям.. ..

Як рўз Ризо ба ман гуфт, ки ман як-ду рубл дорам, ки хориҷ аз шуравӣ кор намеёояд, чӣ кораш бикунам. Гуфтам, ки ягон чиз бигир. Гуфтам, ки ин ҷо дурбини хуб доранд «Зенит», бихоҳӣ, бигир. Бидуни роҳнамое рафт то дурбин бихарад. Рафту зуҳр омад ва бо тааҷчуб гуфт, ки инҳо чӣ қадар меҳрубонанд? Ман воқеаи имрўз ин қадар хиҷолат кашидам, ки  шарманда шудам. Гуфтам, ки чӣ шуд? Гуфт: рафтем пеши як нафар, ки аккосӣ дошт, ба ў гуфтам, ки мехоҳам «Зенит»  бихарам. Гуфт хеле хуб, шумо ирунӣ ҳастед, гуфтам – бале. Гуфт, ман мерам аз як ҳамкорам мегирам ва ба шумо меорам. Ў рафту оварду дод. Ҳарчӣ хоҳиш кардам  пулашро нагирифт. Ҳар қадар барош гуфтам, нагирифт, гуфт: ту меҳмони мо ҳастӣ. Ман сахт хиҷолат кашидам, гуфтам набарам инро Ирон нашуд.

Бибин гуфтам, мардуми тоҷик мардуми хеле сарватманде нестанд, воқеан инҷо иқтисоди хеле мутавассите доранд ва панҷсад пул хеле пул аст ва ў як гузашт кард ба хотири ин ки мо иронӣ ҳастем, меҳмон ҳастем. Ин буд меҳмоннавозию муҳаббати мардуми тоҷик. Ва ман вақте ки муҳаббатро медидам, махсусан аз хонаводаи шумо, ки дигар ман ҳарфе надорам, барои гуфтан.

Гуфтам, ки агар мардуми тоҷик, агар биёянд Теҳрони мо бибинанд, ки мардуми мо чи қадар гирифтори мошин шуданд, муҳаббатҳояшонро фаромўш карданд, пайвандҳои инсонӣ ёдашон рафта, чӣ меша, одам чи қадар хиҷолат мекашад. Худо кунад, ки наёянд Теҳронро бибинанд.

Ҷиддӣ мегам. Чун воқеан мо ва ин Теҳрон мошинӣ шуданд, албатта, мардуми мо мардуми бад нестанд, зиндагии ин ҷо тавре шуда, ки фаромўш карданд ҳамаро, яъне ҳар кас ин қадар гирифтори худашон ҳастанд, ки дигар аз дўсту ошно фаромўш мекунанд. Ва худатон бохабаред, аз ин вазъи мошинҳо, аз ин вазъи ронандаҳо.

Аммо вақте ки ба одамон наздик мешем, туи хонавода мерен ин муҳаббатро мебинед. Дар хиёбон ҳеҷ чизе аз онро намебинед.

– Дар аксари шаҳрҳо ҳамин тур аст. Шаҳр одамро аз якдигар дур мекунад. Зоҳиран дар як муҳитанд, лекин аз ҳамдигар дуранд. Ҳар кас аз паи кори худ.

            – Ман аз Тоҷикистон, ки баргаштам теъдоди бештаре меомаданд, суол мекарданд, чӣ мегуфтанд, чӣ зиндагӣ доранд, одаташон чӣ буд? Ман, ёдатон бошад, як дафтарчае доштам луғоте ҷамъ мекардам, ёддошт мекардам. Аксҳои хубе  ҳам  гирифтам. Ду се соат менишастанд, ин аксҳоро тамошо мекарданд, баъд луғотеро, ки то андозае ёддошт кардам, мехондам, мегуфтанд: оҳо бубин чӣ қадар форсии дурусте, мо ин ҳарфҳоро ба кор намегирем. Аз ҷумла калимаҳои нагз, чака, форидан, мо калимаи фориданро тамоман надорем. Хеле чизҳое ҳастанд, ки мо фаромўш кардем. Шумо нигоҳ доштед. Баъд мегуфтам, Тоҷикистон, мардумаш ҳамон покӣ ва садои 150 сол пеши моро доранд. Иллати ин ки канор афтоданд ва тамаддуни ваҳшии Ғарб ин ҷо натавонист мардуми тоҷикро иваз бикунад. Онҳо худашон ҳифз карданд зебоиҳои фарҳангашонро. Вале мо, мутаасифона, ҳама чизро фаромўш кардем.

ФотоЯк шаберо бо Одина Ҳошим, бо ин марди бузург гузаронидем. Устоди беназир, ки бештар аз мо аз Ҳофизу Саъдӣ баланде аз мо аз хеле нек пазироӣ кард ва барномаҳои  қашанге иҷро кард. Чи шабҳои хубе доштем онҷо ёди Сурур ҳам ба хайр, ки бо ҳам сўҳбат мекардем. Садои Гулчеҳра чи қадар қашанг буд. Баъд рафтем Кўлоб бо Давлатманду театраш ошно шудам.Чӣ тааеатри қашанге. Аз аввал то охири намоиш гиря мекардам. Ин қадар бароям лаззат дошт, зебо буд. Шояд тоҷикон надонанд, чи қадар ин театр қашанг. Театрҳои зиёде дидам дар ин дунё, дар Ирони худамон дидам, театрҳои классик ва мудерн, вале ин театр мутлақ… аслан таҳамулот, камина, мо худамон дар Ирон театри суннатӣ дорем, хеле хубе мешуд, ки рўзе ду бор намоиш медод, боз билет пайдо намешуд, яъне мардум алоқаманд ҳастанд ба театр.

– Ҳоло ин театр ҳаст?

            – На мутаассифона, нест. Аз инқилоб ин тараф ин театр ташкил шуд. Аммо дар Тоҷикистон он театр хеле зебо буд ва дилам мехоҳад ин театрро ҳамаи дунё бубинад. Театри Давлатманд фалсафаи хеле амиқе дошт, хеле зебо зиндагии тоҷикро нишон медод.

– Мо ороиши саҳна мегўем.

– Бале ороиши бисёр зебо буд ва бо дидгоҳи он театр ҳамхонӣ дошт. Бозигарон хеле хуб бозӣ карданд, рақсҳо ин қадар зебо буд. Он пир вақте рақсид, ман шурўъ кардам ба гиря кардан. Рўза буд, ман ёдам ҳаст.

Бале ў рўзадор ҳам буд. Замони рўза ў мисли мурғ мепарид. Баланд шуд, партофт худашро рўи ду зону, гуфтам зонуҳош шикаст. Аслан мисли мор ба худаш мепечид ин қадр нарму қашанг буд. Хеле бо ў чақ- чақ кардам.

Шумо суруд ҳам хондед?

– Бале, бо созҳои тоҷикӣ, суруд  ҳам  хондам. Давлатманд соз зад.

– Барбат заду…

            – Бале, Шумо меген Барбат.

– Бале.

            – Борбад. Борбат ҳам мо мегем. Борбат ҳам мо мегем. Борбат ба маънии синаи мурғобӣ. Бот- мурғобӣ, бор – сина. Чун шаклаш айни синаи мурғобист. Борбату Барбат ба ҳам наздике. Ман то ҳол пай набурда будам, ки ин ду то калима ба ҳам наздиканд ва…

Созандаи ин соз ҳамон Борбад аст. Борбаде, ки ба таҷлили ҷашнаш рафта будед.

– Бале, Хуб ифтихоре ҳам ба ман доданд, мардуми тоҷик, дар кунгураи Борбад ва ман ҳам узви ифтихории раёсати кунгураи ҷаҳонии Борбад гаштам. Ба рафиқ Раҷабзода Аскаралӣ бигўед, ки гирифтааст ин номаро. Аз муҳаббатҳои Раҷабзода куллӣ ташакур мекунам, ки он ҷо меҳмонаш будам, чи қадар ҳавои маро дошту аз ман эҳтиром мегузошт. Хеле босадоқате. Баъдан  лутф кардану маро узви раёсати Кунгура гузоштанд, ки воқеан ман ифтихор мекунам ва ируниҳо моро табрик меган.

– Мо ҳам табрик мегем.

            – Ташаккур. Аммо ман он қадр гирифтории Теҳрон доштам, ки чанд вақтест натонистам посух бигўям, чун намедонистам ба куҷо нома бинависам.

– Дар Душанбе созмони байналмилалии Борбад ҳаст.

– Ҳоло ман ин номаро менависам, медиҳам хидмати худатун.

– Махсусан ҳоло бо овози худатон бигўед, ҳастед ба ин унвон?

– Ҳам қалбан, ҳам забонан ташаккур мекунам аз ин иқболи баланде, ки аз ман насиб шуд.

            – Шумо Дарвоз рафта будед?

–Дарвоз рафта будам. Хеле ҷои зебо буд. И ҳам аз хотироти хуби ман аст. Чи ҳад он ҷо зебо, чӣ табиати қашанге. Он рўз ҳам мардум чи ҳад аз мо хуш истиқбол кардану барномаҳои хубе иҷро шуду созу навоҳое, ки буд, сўҳбати хубе кардему..

– Шумо он ҷо суруд ҳам хондед…

– Оре, хондам. Аммо ёдам нест чӣ хондам. Марбут ба дидор.

Саъдӣ чу васли дўст дастат намерасад,

         Боре ба ёди дўст замоне ба сар барӣ.

            Аммо ҳоло мо дур ҳастем. Иншооллоҳ, ин хати ҳавоӣ байни Ирону Тоҷикистон барқарор бишавад, мо битавонем биёем.

Ҳоло ки Тоҷикистон истиқлоли худро ба даст оварад, як- ду сухан бигўед.

– Воқеан, ҷо дорад, ки ин ҷо ба мардуми тоҷик табрик бигўем ва ҳамаи ҷумҳуриҳое, ки истиқлол пайдо карданд ва худашон таъинкунандаи сарнавишти худашонанд бо кўшиш ва пайгирӣ ва ҳамоҳангӣ ва ягонагии мардум, ки якдилу ягона бошанд дар ҷиҳати як зиндагии пур аз меҳру сафо, як системае битавонад ҷавобгўи тамоми ниёз, ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ ва отифии мардум бошад. Умедворем, ки давлатмардон – касоне, ки дар ҷойгоҳу пойгоҳи тасмимгирӣ қарор мегиранд, якҷониба амал накунанд. Бибинанд, мардум чӣ меход. Ва хостаҳои мардумро ҳамоҳанг кунанд ва аз ин ҳамоҳангӣ натиҷае ҳосил хоҳад шуд, иншооллоҳ, зиндагии хуб бирасад, ҳарчанд наметавон ба зиндагии идеол бирасӣ. Вале то ҳадде мешавад ҳамоҳанг зиндагӣ кунанд, махсусан, ки мардуми тоҷик олудагие ба мошин ва Ғарб пайдо накарданд ва метавонанд ҳамдил бошанд. То ҳамдил набошанд, наметавонанд. Асл ҳамдилӣ ва ягонагист. Мисоле меорам, агар як оркестр, як гурўҳи навозанда агар инҳо созҳошонро ба ҳам ҷўр накунанд ва садои ягона аз ин оркестр берун набиёд, садои зиндагӣ берун намебиёд, садои худо, садои осмон берун намебиёд, садои марг бурун меёд. Барои он ки ҳар созе як чизе мезане.

Инсонҳо бояд соли дилашонро бояд ба ҳамдигар кўк  кунанд. Вақте ки сози дил кўк шуд, ҳама чиз дурусте.

– Шумо, ки монанд кардед ин ду чиза – созмони давлатдориро ва созмони рўзгор ва кори як оркестрро, фикри шумо дар рушду камоли иртиботи фарҳангии байни Ирону Тоҷикистон аз ҷониби ҳунармандони ҳарду мамлакат чӣ гуна аст, инҳо чи кор карда метавонанд? 

            – Боист, ки ҳунармандонатонро бифиристед ба Ирон, аз донишҷўёну ҳунарҷўён биён ин ҷо таҳсилоти ҳунарӣ бикунанд, то асотире, ки баладанд, биён ин ҷо ёд бидан. Ва ҳамчунин аз ин ҷо ҳунарҷўю донишҷў бираванд он ҷо аз асотири инҷоро баранд онҷо, ки ин мақомоти моро, мусиқии моро он ҷо дар донишгоҳ тадрис кунанд. Чун ҳам шумо хеле дар мусиқӣ ва рақс ва ритмҳои мусиқиатон чизҳое дорен, ки барои мо ҷолиб аст ва даст хўрдааст ва мо метавонем аз онҳо истифода кунем ва ҳам шумо метавонед аз мусиқии мо хеле чизҳоро истифода кунен. Ба назари ман мусиқии Тоҷикистон ҳамон мусиқии фалак аст, ки дар манотиқи бумӣ иҷро мешавад. Мусиқии классик, ки ба он маъное, ки мо доштем дар Тоҷикистон набуд ва агар мусиқӣ дошта бошад, мақомоташ ҳамаи мақомоти мусиқии мост. Мақомоте, ки ба забони форсист. Як миқдор мақомоти туркӣ вориди мусиқии шашмақоматон шуде.

Хамчуноне, ки забон лаҳҷа дорад, мусиқӣ ҳам ранг дорад, лаҳҷа дорад, мусиқӣ ҳам ранг дорад, лаҳҷа пайдо мекунад. Он чизе, ки Одина Ҳошим ва Гулчеҳра доранд, ин дурусттарин мусиқиест, ки марбут ба ин забон аст.

–Яъне мувофиқати савтиёти сухан ва савтиёти мусиқӣ…

            – Бале, мувофиқати савту сухан. Ин мусиқиро ман бештар ташхис додам, ки моли ин забоне, он мусиқӣ ҳам, ки марбут ба худи минтақаи Ҳофиз аст, минтақаи форс аст.

–Мехостам шумо як-ду сухани ба унвони он  ашхосе, ки шуморо дўст медоранд бигўед.

            – Ҳеҷ гоҳ забон наметавонад баёнгари он эҳсосоти наҷиб бошад.    Бозору Гулрухсор, Акбар Турсун, Толибхон чӣ қадар муҳаббат карданд.

Ин дам ба утоқ Одина Ҳошим даромад.

Н. Т. Шуморо намедонам, лекин ман бисёр шодам аз ин, ки ҳоло дар маҳфили ду марди бузурги санъат нишастаам ва дилам равшан аст аз сўҳбати ҳардуи шумо. Ва чунон ки мебинам, мардуми Теҳрон бисёр хушашон омад аз консертҳои шумо. Шумо дар ин мавзўъ чӣ гуфтан мехостед?

            Одина Ҳошим:  Ман борҳо гуфтам, ки шояд сабабгори ба Теҳрон омадани мо Муҳаммадризои Шаҷариён буд, ки мо ба ин ҷо омадем. Ва  ман аз ин хеле шодам. Дар сафари худ Шаҷариён ба ман 6 касетаи худашро дода буд ва ман онҳоро дар хона мешунавам, хусусан он ғазали Ҳоҷа Ҳофизро, ки мехонад:

Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ,

Аз ин бод ар –мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрўзӣ.

Мешунавам, лаззат мебурдам ва аз худо илтиҷо мекардам, ки боз як бори дигар маро ба дидори Шаҷариён бирасон. Иншооллоҳ, боз ба дидори ҳамдигар расидем. Бисёр хушҳолам. Аллакай дар тамоми гўшаву канори Тоҷикистон овозае паҳн  шудааст, ки дар моҳи март –дар иди Наврўз Шаҷариён ба Тоҷикистон меояд.

Н.Т. – Ташаккур. Ана акнун оқои Шаҷариён шумо бигўед, ки кай ба Тоҷикистон меоед?

            М. Ш. – Умедворам, ки ҳар чи бештар тавфиқ воқеан ёр боша ва саодат насиб боша, ки битавонам биём ба Тоҷикистон. Чунки борҳо бо Сурур қарор гузоштем, ки биёем Тоҷикистон барои дидор аз минтақаи Бадахшон. Ишон рўи забон таҳқиқ бикунад ва ман мусиқӣ ва рақсои он минтақаро таҳқиқ бикунам. Вай ба дили худаш, ман ба дили худам. Чун ман ҳам ба гул хеле алоқамандам, колексиони гул ҷамъ мекунам ва ишқе ба мусиқӣ дорам, дар кори мусиқӣ таҳқиқ мекунам, рақсро ҳам хеле дўст дорам…

            Н. Т.  Шикорчии хуб ҳам ҳастед?

            М.Ш. – Бале. Ва ин корро ҳам хоҳем кард. Ва ҳоло боиси ман барномаҳома баррасӣ букунам, кай метавонам барои ду моҳ- се моҳ биём ба Тоҷикистон. Агар бо Сурур бошад чӣ беҳтар, агар нашуд, худам танҳо меём. Миём аз шумо ва дўстон истифода бикунам ва ба манзурам бирасам.

– Шумо биёед.  Сурура меорем мо.

            – Мехом, биём,  акс бигирам, баъд мардуми тоҷикро бештар бибинам, дўстони қаблиро, ки дар ман хотири хуше гузоштанд, дубора дидор бикунем. Бишинем, сўҳбат бикунем.

Ин лаҳза Давлатманд меояд.

М. Ш.Умедворам, ки рўзҳои Давлатманд ва ёронаш дар Теҳрон зиё бад нагузашта бошад. Теҳрон чи тур аст?

Д. – Бениҳоят аз пазироии мардуми Теҳрон миннатдор ҳастем. Чунки…

М.Ш. – Лутфу гузашти бузургвории шумост, зеро мардуми Теҳрон коре барои шумо накарде.

Н. Т. – Не,  каф кўфтанд, моро даъват карданд.

            Д. – Бисёр кори неке карданд.

О.Ҳ. – Барои ҳунарманд уштур лозим нест, ғайр аз кафкўбӣ.

М. Ш. – Ман орзуи ине, ки Давлатманд ун театри қашанге, ки дар Кўлоб дидам, рўи саҳнаи Теҳрон биёрӣ. Бо Сурур ҳам борҳо сўҳбат кардам ва гуфтам, ки ту як коре бикун ва ин барномаро рўи саҳнаи Порис биёрӣ ва ин хеле хуб хоҳад буд. Фақат танҳо чие,ки мушкили мекунанд. Мо дар Теҳрон феълан миллате, ки ҳанўз масъалаи рақс ҷое боз накарда барои худ, ҳанўз мушкилот дорад дар табақоти байни рўҳониён, ҳанўз намешавад зиёд рақс, матраҳ кард. Магар ба унвони ҳаракати мавзун. Ва ин ҳаракати мавзунро бештар ҳоло пазируфтаи оқоён мекунанд. Меган, ки хонумҳо феълан набояд рўи саҳна бошанд.

Вале умедворам, ки як рўз ин масъала ҳам ҳал бишавад ва ман ҳунармандони  шуморо, он рақсҳои  воқеан қашанге, ки ман он рўзҳо дидам, рўи  саҳнаи  Теҳрон  рўзе бинам.Он ороиши  қашангу он фалсафаи  амиқ ва қавие, ки туи ин намоишнома буд, мардум бубинанд. Намедонам, дигар ин намоишномаро дар Кўлоб идома додед ё не?

Д.Х.Бале, бисёр хуб, тамоми ҷумҳуриятро гаштанд. Дар мусобиқа байни театрҳои ҷумҳурӣ  аввал шуд.

М.Ш.- Бале, хабар дорам, табрик мегўям.

Д.Х.Ташаккур. Ҳарчанд ҳукумат ҳеҷ чиз надод, лекин мо хурсанд ҳастем.

М.Ш.- Хуб ҳукумат аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф аст, чизе надорад.

Д.ХНа. Сиёсатмадорон инро ба назар нахостанд  бигиранд, чунки ин кори театри суннатӣ буд. Баъд ин кор бо кўмаки устод Нур буд ва номашро ҳам ў монда буд. Ман омадам назди устод ва пурсидам, ки  чӣ ном монам? Гуфт, ки «Фалак» мон.

Н.Т. «Фалак» бисёр номи хуб аст. Номи маҷозист. Фалаки  ҳам бовафо ҳам бевафо.

М.Ш. Оре, одам набояд забунӣ бикашад,биравад корашро бикунад,ҳақашро бигирад.

Ҳақ гирифтанист, доданӣ нест. Махсусан, ки Тоҷикистон  худмухтор шуду мардум  худашун метавонанд  сарнавишташонро муайян кунанд. Бо таваҷҷўҳ бо ҳамин зебогиҳои фарҳангӣ, ки дорад, масоили иқтисодӣ ҳам ҳал хоҳад шуд.

Вале, он чиз муҳим аст, ки инсон бояд дилаш хуш бошад.Инсон агар дилаш хуш набошад, тамоми  сарватҳои дунёро агар барояш  бидиҳанд, боз меравад худкушӣ  мекунад. Ман касонеро медонам, ки дар хонаводаҳояшон милиардер буданд. Яъне аз чизе камбудӣ надоштанд. Ҳар чӣ мехост, мекард. Мехост, мерафт Амрико, мехост, мерафт пеши дарё, мехост мерафт Фаронса, баъд даст ба худкушӣ мезад.  Чаро ки дунёи маънавӣ  надорад. Дунёи моддӣ аст. Он чизе, ки  мехост, намерасад…Ҳай  мерафт, розиаш  намекард. Моддиёт дар ҳадди камаш  агар вақте хонааш бошад, хеле роҳат  фароҳам  мешавад. Инсон бояд аз он тараф сарват ба даст биёрад ва он сарвати  қаноат ва иззати нафс аст, ки ба тарафи  зиёдӣ  равӣ  надорад. Ҳар чи бештар пул ба даст биёрад, асири худаш мекунад. Аммо аз ин тараф  агар биёяд аз ҷиҳати  қаноат, дар ҷиҳати сарфаҳҷўӣ, дар ҷиҳати бениёз будан ба моддиёт ҳаракат букунад, ба камтарин даромад метавонад ҳам зиндагиша бибина, ҳам аз маънавиёташ  дилаш  хуш бошад. Зебоии маънавиро бо ҳунар метавон ба даст овард. Якеаш  театре, якеш мусиқист, якеш шеъре, якеш синамост, якеш наққошист, якеш муҷассамасозист… Хуш инсонест, ки ба ҳунар оростааст, чун ҳеч вақт танҳо нест. Касоне, ки пир мешаван ва ҳунаре надоранд, хеле рўзгори  танҳову  баде мегузаронанд. Касоне, ки ҳунар доранд, то лаҳзаи охир бо ҳунар беҳтарин зиндагӣ мекунанд.

Теҳрон. Баҳманмоҳи соли 1992.

“Адабиёт ва санъат” 19 марти соли 1992
Таҳияи Фирӯза Раҳимова
Муовини сардори шуъбаи матбуоти   даврӣ