Устоди ғамхори ҷавонон. Шиносоии аввалин бо Фазлиддин Муҳаммадиев

Фазлиддин МуҳаммадиевТу ҳам мисли ҳамин духтарак як навишта бин.

Вай баланд-баланд хандида аз ҷой хест:

— Чӣ? Ман ҷиннӣ нашудаам.

Устод завқкунон китфонашонро ларзонида, хандаи беовоз намуданд. Ба назарам ба соддагию нодонии вай афсӯс мехӯрданд, ки ҳатто аз чашмонашон об баромад.

— Чӣ механдед? – норозӣ шуд духтар, ки касе номашро намегирифт, ки ман фаҳмам.

— Дуруст гуфтӣ, менавиштагиҳо ҳамаашон ҷиннӣ, — гӯён устод бо рӯмолча оби чашмонашонро тоза карданд.

Ман тавассути маҷаллаи «Садои Шарқ» «Палатаи кунҷакӣ»-ро пурра хонда баромадам. Рости гап, садҳо адад қиссаю романҳоро хонда бошем ҳам, чунин асари ба рӯҳу равони шахс таъсиркунандаи ҳайратоварро то он замон (солҳои ҳафтодуми асри гузашта) дучор наомада будам. Қаҳрамонҳо шахсони одии дар соҳаҳои гуногун меҳнатдида, ҳамеша фикри ҷамъияти аз олудагиҳо тозаро дар дил мепарвариданд. Ивон амак, Носир Аббосро  каззобию бевиҷдониҳои баъзе роҳбарон бемори бистарӣ карда бошад ҳам, дар чунин ҳолат онҳо ғами аҳли ҷамъиятро мехӯранд.

Ман ин романро то ҳанӯз хонда меистам. Услуби навишту воқеагузорӣ, ҷумлабандиҳои босаводонаи бо омезиши классикона лирикаи девони Хоҷа Ҳофизро ба ёд меорад.

Хулоса карда гӯям, ман устодро бори аввал бо ёрии ҳамин асар шинохтам. Аз ин рӯ, як даста ҳикоёти худро ба нишони «Садои Шарқ» ба номашон роҳӣ намудам. Дере нагузашта, ҷавоб омад. Дар курта намеғунҷидам: наход муаллифи чунин асари пурқудрате, ки аллакай байни мардум ғулғула баровардааст, ба навиштаҷоти ночизаки ман ҳусни таваҷҷӯҳ намудаанд?!

Бо ҳаяҷони зиёд мактубашонро борҳо хондам.

Он кас навишта буданд, ки фалон рӯз ба Самарқанд парвоз мекунанд. Агар ҷоиз бошад, як сари қадам ба Хона-музейи устод С.Айнӣ биравам. Дар хусуси навиштаҷот он ҷо фикрҳояшонро мегӯянд.

Рафтам. Дар хонаи Айнӣ мӯйсафедони бисёре (тахминан даҳ-дувоздаҳ нафар) зери воиш давра менишастанд. Салом дода, худро муаррифӣ кардам. Фикр кардам, агар ному насабамро гӯям, Муҳаммадиев осонакак мешиносанду фикрҳояшонро мегӯянд. Болта Ортиқов ба факултаи мо чанд бор рафта буданду бо повести «Гули садбарг»-ашон шиносоӣ доштам.

Ягон хондание овардед, духтарам? – пурсиданд.

— Бале.

Яке аз ҳикоятҳоямро хондам. Аммо ҳар замон истода, ба шахси нуронии пойгаҳнишин зимнан назар мекардам, ки чӣ фикре дар хусуси чизҳои хондаистодаам мегуфта бошад. Баъди хондани ҳикоя якчанд нафар ҳусну қубҳи онро эҳтиёткорона баён карданд, вале шахси нуронӣ ғайр аз табассуми базеб чизе нагуфта меистод. Ман асабонӣ шудан гирифтам: наход ваъдаашон фаромӯш шуда бошад? Шахси нуронӣ якбора хестанду  ба даре даромада чой оварданд.

Баъди ҳамин хатоямро фаҳмида, оҳиста аз Болта Ортиқов пурсидам:

Муҳаммадиев наомадаанд?

— Омаданӣ буданд, корашон баромадааст.

Баъд фаҳмидам, ки шахси нуронӣ мудири Хона-музейи Айнӣ – Абдукарим Ғанизода будаанд.

ШАРМ МЕДОРАМ

Боз як бор таъкид мекунам, ки дар вохӯрии аввалин оиди симои устод маълумоте надоштам. Ҳамаи бузургон барои ман бузург буданд. Ба ҷойи иқомату таваллудашон чандон аҳамият намедодам.

Вақте ки бо додарам Ибодулло   ба фурудгоҳи Душанбе фаромадем, хатоямро фаҳмидам.

Акнун он касро чӣ тавр мешиносем? – гуфт укоям афсӯсхӯрон.

— Ғам нахӯр, шахсе ки ҳамин қадар китобҳои ғалатӣ навишта, образҳои ғароиб офаридааст, наход моро нашиносад?

Укоям боз сарзаниш кард:

— Ақаллан хеш-пеши дурашон бошем, ки шиносанд.

Мо анбӯҳи одамонро бурида аз роҳрав берун шудем. Дар гӯшае марди миёнақаде, ки дар бар боронии заминранг дошт, бо табассум ба мо нигоҳ мекард. Пеш омаду даст дароз кард. Гарчанде ҳеҷ боварам наояд ҳам, «шумо Муҳаммадиев?» гӯён пурсидам.

– Ҳамин тавр. Хуш омадед! — гӯён моро ба «Волга»-и шахсиашон нишонда, то меҳмонхонаи «Душанбе» оварда ҷойгир кунонданд. Рӯзи дигар ҳамон навиштаҷотамро як-як хононда баҳо доданд.

— Боз кор кардан лозим, — гуфтанд дар хотима ва то пагоҳ бо мо хайрухуш карданд.

Дар газетаи рӯйи миз бо хати майдаи каҷукилебашон фикрҳои пурқимате навишта рафтанд.

Рӯзи саввум омада, моро ба идораи «Хорпуштак» бурданд, ки Басир Расо муҳаррирӣ мекард. Баробари даромадан ҳама аз ҷой бархостанд.

Ҳатто пай бурдан душвор нашуд, ки як-ду нафар хушомадгӯёна таъзим ҳам намуданд. Чун замони дар ин идора сарвар буданашон нишаста саргарми кор шуданд.

— Канӣ ҳамон ҳикояи наздатон бударо ин сӯ гиред! – гуфтанд даст дароз карда. Пас чашм давонданду ба ман доданд. – Синонимҳои хубтар ёбед.

Баъди ислоҳи калимаҳои синонимдор «ана ин гапи дигар» гӯён ба Басир Расо баргардонданд ва ба ҳама шунавонда гуфтанд: «Шумо шинохтед, ҳикояти «Эҷодкор»-и дар «Хорпуштак» чопшуда аз они ҳамин кас».

Вақти хайрухуш як даста китобҳояшонро ҳадя намуданд.

«ДУ МАРДАКИ ФАРБЕҲ»

Ман дар хона нишаста тараддуди мактабравӣ мекардам. Дарс дар сменаи дуюм бояд сар мешуд. Бачае тозон ба хона омада хабар дод, ки «ду мардаки фарбеҳ» шуморо мепурсанд. Дилам «шуввӣ» кард. «Номи комиссия кай гум мешуда бошад?» гуфтаму дафтару китобҳоро бардошта давидам. Нимаи роҳро тай накарда, дар рӯ ба рӯям мошини сабукрав омада истод. Устод Муҳаммадиев сари рул, дар паҳлӯяшон Болта Ортиқов. Ҳар ду баробар аз мошин фаромаданд. Ё тавба, барои чӣ заҳмат мекашанд? Ҳамроҳашон ба хона баргаштем. Модарам тағои калонамро наздашон даъват карданд. Тағоям Абдурашид Қаюмзода муаллими дар нафақа буданд. Одамдӯсту фарҳангдӯст буданд. Ҷевонҳояшон пури китобҳои наву арабихат буд. Сониян, бо аҳли адаб ҳамеша дар бораи бо Айнибобо вохӯрданҳояшон нақл мекарданд.

Он рӯз хурсандии авлоди мо поён надошт. Гарчанде маошгири ягонаи хонадонамон ман будам, модарам барои меҳмонҳои азиз як табақ палав пухта тавонист. Ман бо давуғеҷ овора шуда, натавонистам наздашон нишинам, чунки ба модарам раҳмам омад. Вай саросемавор чойнику гоҳ табақчаҳоро меғалтонд. Укаҳоям дар мактаб буданд.

Меҳмонҳо дар рӯйи суфа шишта, ҳамроҳи тағоям хеле сӯҳбат карданд. Азбаски курсиҳои зиёдатӣ надоштем, дар атрофашон рост истода, ба гапҳояшон гӯш мекардем. Ман зуд-зуд сӯйи дарвоза нигоҳ мекардам». Шояд мудирамон «ақл карда» бо ин шахсони табаррук дар мактаб вохӯрӣ ташкил намояд. Ман аз оҷизиам шарм мекардам, ки дар чунин вазъият аз дастам чорае намеояд. Дар он замон ҳатто барои вохӯрии оддияк аз ким-куҷоҳо иҷозат гирифтан лозим буд.

Меҳмонҳо қариби бегоҳ рафтанд.

Рӯзи дигар ба дарс рафтам. Мудир маро бо қавоқи овезон пешвоз гирифт.

Дирӯз дарсро партофтӣ?

Маоши якрӯзаамро буред.

— Хуб, — гуфту ба кабинеташ даромад.

Охири моҳ маоши якрӯзаам кам шуд, ҳам барои маҳмаддоногиам ба номам танбеҳ нависонданд.

«БО ҚАЛАМ, ҶИЯНАКАМ!»

Боре дар яке аз машваратҳои  эҷодӣ чанд рӯз бо духтарони пешқадами тоҷик ҳамроҳӣ намудам.

Пеш аз сафар устод Муҳаммадиев огоҳ намуданд, ки эҳтиёткор бошам, баъзеҳо ҳар гуна саволҳо доданашон мумкин. Рӯзе дар айни мубоҳисаю гуфтугӯҳо яке аз духтаракони шеърнависи тоҷик фонае ба фарқам зад:

— Чанд вақт боз ба шумо нигоҳ мекунаму ба пурсидан ҷуръат намекунам. Муҳаммадиев ба шумо кӣ мешаванд?

— Устод, — ҳатман ҷавоб додам ва кунҷкобона пурсидам: — Чӣ буд?

Шоира хаёломез гуфт:

— Ман ҳазл намекунам, шумо ба он кас хеле монанд, ягон хешигарӣ надоред?

— Ҳа-а, дар рӯйҳоямон холҳо дорем.

Ҳарчанд духтарак шеър менавишт, маълум гардид, ки бо асарҳои устод пурра ошноӣ надорад.

Пас аз чанд вақт устод аз ман пурсиданд, ки сафар чӣ тавр гузашт?

Валӣ будаед, — гуфтам, — яке пурсид, ки Муҳаммадиев ба шумо тағо мешаванд?

Устод бо заҳрханда гуфтанд:

Шумо нагуфтед, ки амакам мешаванд?

— Ҷавоб ба ҷоҳилон сукут.

Ҷоҳилиро нест кунед, сукут накунед!  Бо қалам! Бо қалам, ҷиянакам.

МАН ҶИННӢ НЕ!

Боре устод маро ба хонаашон оварданд.

— Ман шуморо бо оилаам як шинос кунам, — гуфтанд.

Пешакӣ аз бозор якчанд харбузаву майда-чуйдаҳо харида пушти мошин гузоштанд.

— Бо янгаву духтарҳо шинос мешавед. Пас якҷоя ба ҳавлии хоҳарам мебарам. Он ҷо маъракаи соли марҳума рафта истодааст. Ҳамроҳи занҳо мешинед. Як гала гапҳои аҷоиб ёфтан мумкин, — гӯён пешакӣ огоҳ намуданд.

Янгамулло занаки шӯхтабиат будаанд. Дар роҳ овозашонро ба овози кадом, зани ба ман номаълум монанд карда, ману духтарҳояшонро хандонда рафтанд.

Ниҳоят, ба ҳавлии хоҳари устод расидем. Рӯз бегоҳ шуда буд. Меҳмонҳои дигар омадан гирифтанд.

Моро муваққатан дар рӯйи кати зери воиш шинонданд. Духтари болобаланди назар ба духтарони устод сергӯшттаре бо ҳама вохӯрдӣ мекард. Кӣ будани маро оҳиста аз устод пурсид, ки занашон дарҳол ҳозирҷавобӣ намуданд:

— Ин кас аз Самарқанд – шогирди тағоятон мешаванд.

Аввалин духтараки насрнавис, — гуфта равшанӣ андохтанд Муҳаммадиев.

— Як худакашон аз ҳамин қадар роҳ омадаанд? – тааҷҷуб намуд ҷиянашон.

— Аз тағотон ба дарс гирифтан омадаанд, — илова намуданд янга.

— Наход? – мегуфт ҷиянашон ба рӯйи тағо бо тааҷҷуб нигариста.

Устод аз саволҳои соддалавҳонаи вай ба ваҷд омада, ба китфаш бо навозиш тап-тап зада, таклиф карданд:

Ту ҳам мисли ҳамин духтарак як навишта бин.

Вай баланд-баланд хандида аз ҷой хест:

Чӣ? Ман ҷиннӣ нашудаам.

Устод завқкунон китфонашонро ларзонида, хандаи беовоз намуданд. Ба назарам ба соддагию нодонии вай афсӯс мехӯрданд, ки ҳатто аз чашмонашон об баромад.

— Чӣ механдед? – норозӣ шуд духтар, ки касе номашро намегирифт, ки ман фаҳмам.

Дуруст гуфтӣ, менавиштагиҳо ҳамаашон ҷиннӣ, — гӯён устод бо рӯмолча оби чашмонашонро тоза карданд.

Маҳбуба ТУРСУНОВА,
адиба, узви Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон.

Аз сомонаи овози Самарканд