Устоду шогирд: Яке пирӯзу дигар ба умеди пирӯзӣ
Насруллоев Зоҳир донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносӣ соли ҳафтум аст, ки хастанопазир дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок менамояд. Аҷибаш ин аст, ки ӯ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта бошад, ҳам, шогирдаш дар озмуни мазкур ғолибиятро ба даст овардааст. Бисёр ҷолиб аст, на? Гумон мекунам, шумоён ҳам бо ин фикри банда мувофиқед.
Зоҳир Насруллоев мегӯяд, “вақте ки синфи 7 будам, аввалин маротиба ролики тарғиботии озмунро дар оинаи нилгун дидам ва худ ба худ андешидам, ки дар ин ин ҷо киҳо метавонанд иштирок кунанд?. Он замон ҳатто дар гӯшаи хайёлам набуд, ки ман низ иштирокчии ҳамин майдони набард хоҳам шуд. Ду соли аввал аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир ва соли панҷум аст, ки дар адабиёти классикӣ қувваозмоӣ мекунам. Тӯли ҳафт соле, ки иштирокчии озмун будам, боре ҳам мағлуб нашудам, зеро маҳз ана ҳамин аз як давр ба даври дигар гузаштанҳо шахсро комилтар, донишашро пурратар менамояд ва маърифату маънавиёт ва ҷаҳонбиниашро васеъ месозад. Орифе мефармояд: “Агар шахс маротибаи аввал “Гулистон”-ро мутолиа кунад маъниеро дармеёбад, аммо вақте бори дуввуму севум мехонад, боз ҳам маънии нав, гавҳари нав, ҷилову тобиши воқеан дигарро дармеёбад, ба асар аз кунҷи ҷадиде назар меандозад, ки дафъаҳои пешин надида буд.” Воқеан ҳам ин баландтар аз иқди Сурайё истодани назми тоҷик аст, маънавиёту ҳастии тоҷик аст”, иброз медорад ҳамсуҳбати мо.
Зоҳир Насруллоев ҳанӯз хонандаи МТМУ буд, ки дар ин озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок варзидааст, аммо таърихи дар озмунҳо иштирок доштанаш аз иштирок дар озмуни Маснавихонӣ оғоз гаштааст.
Дар ду соли аввали иштирокчии Фурӯғ буданаш аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик иштирок кардаасту, баъдан ғазалҳои дилошуби адибони классики тоҷик ӯро шефтаи худ сохтанд. Ана ҳамин бузургии адабиёти оламшумули классикии форс-тоҷик буд, ки Зоҳир рӯ ба ин номинатсия овард. Се соли авали иштирокаш ӯ то ба даври вилоятӣ омада расидаасту чаҳор соли баъдӣ ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтааст.
Омодагиҳо ҷиддӣ буданд: 110 ғазал, 250 адад рубоӣ ва дубайтӣ, 156 байт достон, 106 байт дигар навъҳои шеърӣ, 110 байт қасида пешниҳод намудам, аз осори насрӣ бошад, зиёда аз 20 асари бадеӣ хондам, мегӯяд Зоҳир Насруллоев. Ӯ ҳамаи ҳамон асарҳоеро пешниҳод намудаааст, ки дар Низомнома номбар шудаанд, ба монанди “Самаки айёр”, “Наводир-ул-вақоеъ”, “Бадоеъ-ул-вақоеъ”, “Ҷомеъ-ул- ҳикоёт”, “Сафарнома”, “Ахлоқи Муҳсинӣ”, “Футувватномаи Султонӣ”, “Баҳористон”, “Гулистон”, “Қобуснома”, “Тӯтинома”, “Ҳазору як шаб” ва амсоли инҳо.
Асарҳои чи адабиёти классикӣ ва чи адабиёти муосири тоҷик ҳама баландмазмунанд ва интихоб намудани яке аз ин миён басо душвор аст, аммо яке аз асарҳое, ки вобаста ба завқу интихоби Зоҳир Насруллоев мақоми худро ёфтааст, ин “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш мебошад. Ба ақидаи ӯ тамоми ҳодисаҳое, ки дар хати сужаи асар омадаанд, фикрронии шахсро дигар мекунанд, яъне воқеъбинона назар карданро ба хонанда талқин менамоянд.
Ба ақидаи Зоҳир маҳз роҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат боис гаштанд, ки ӯ тавонист шогирдеро ба озмун тайёр ва омода кунад, ки аз устод пеш гузарад. Ба хотири омӯзонидани шогирд гаштаву баргашта нуқтаҳои муҳими асарҳоро хондааст, то шогирдаш ба дарки маънии онҳо сарфаҳм равад. “Фаҳмидам, ки устод будан, раҳнамоӣ кардани нафаре чи қадар масъулияти баланд будааст, зеро ту вазифадорӣ, ки хондаву фаҳмидаҳои худро ба шахси дигаре бирасонӣ”.
Шогирди Зоҳир Насруллоев хонандаи МТМУ № 11 шаҳри Норак Аслам Қаҳҳоров – барандаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” буда, айни ҳол муҳассили курси якуми ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ дар ДМТ мебошад. Зимнан, имтиёзи озмуни ҷумҳуриявӣ буд, ки ӯ бе имтиҳон ва ба тариқи ройгон ба донишгоҳ дохил шуд. Ин ғолибияти Аслам Қаҳҳоров дар навбати худ боис гашт, ки Зоҳир Насруллоев, донишҷӯи курси дуввуми ДМТ ҷавонтарин Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад. Ба гуфтаи худи Насруллоев “толеъ чеҳраи худро ба сӯи ӯ тобонд“, чун дар қатори омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба унвони баланди Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон насибаш гашт. Зоҳир Насруллоев мегӯяд, аз он ки ӯ нафареро роҳнамоӣ кардаасту он нафар бурд кардааст, ҳоло бозгӯи омӯзгор будани ӯ (Зоҳир) нест, вале ин дастгириву қадрдониҳои давлату Ҳукумат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро руҳбаланд сохт.
Лозим ба ёдоварист, ки Зоҳир ва Аслам – омӯзгор ё худ роҳнамо ва шогирд, ҳарду баробар дар як номинатсия – номинатсияи адабиёти классикии тоҷик довталаб буданд. Ҳарду аз субҳ то шом дар Китобхона буданд. Бо кормандони Китобхона омада баробари онҳо аз Китобхона берун мешуданд. Дар Китобхона, мегӯяд, Зоҳир, барои хонандагон шароити мусоид фароҳам аст. Толорҳои барҳаво ва равшан, хидматрасонии саривақтиву муомилаи хуши кормандон. “Ҳарчанд ҷойи зисти ман хобгоҳи Донишгоҳ қайд шуда бошад, ҳам ман он ҷо фақат барои хоб кардан меравам, – шухӣ мекунад Зоҳир, – зеро ҳамарӯза дар Китобхонаам.” Зоҳир Насруллоев Китобхонаи миллиро ҳамчун хонаи худ медонад. Агар рӯзе дертар ба Китобхона ояд, худро сарзаниш мекунад, ки чаро дер кардаву соатеро аз даст додааст? Дар ин як соат метавонист бобе ё қиссаеро мутолиа карда бошад. Муҳимаш он аст, ки омадан ба Китобхона хоҳиши ҳамешагии ӯст, зеро бо иштирок дар озмун ва омаданҳо ба Китобхона дӯстону ҳамнишинони зиёде пайдо кардааст, ки ҳама китобхону китобдӯстанд.
Зоҳир Насруллоев ба мо аз яке аз сабабҳои ба Китобхона омаданҳояшро гуфт. Ӯ мегӯяд, китобҳои ба синну сол бузург як бӯи ба худ хос доранд, ки бо пайваста мутолиа намуданашон ба он одат мекуниву шамидани буйи он бароят гуворост.
Дарси дигаре, ки Зоҳир аз озмун гирифтааст, аз тарсу ҳарос дур шудан мебошад ва мегӯяд: “Вақте мо ба дарсҳои семинарӣ ё имтиҳонҳо ворид мешавем, худро озод ҳис мекунем, бо омӯзгор озод суҳбат мекунем. Аз иброз доштани фикрҳои худ, аз иброз доштани нуқтаи назари худ намеҳаросем, зеро медонем, ки агар нуқтаи назар ва ё андешаи ғалат дорем, устод роҳу тарзи дурустро ба мо нишон медиҳад. Ба иборае, аз тарс наметарсем, – табассумкунон мегӯяд вай. Ӯ бовар дорад, ки ҳар заҳмате, ки имрӯз дар роҳи китобу дониш мекашад, фардо самари арзандаи худро хоҳад дод.
Махфират Муҳидинова бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа
Теги: робита бо ҷомеа