Ҳузури густардаи Тоҷикистон дар сивучаҳорумин Намоиши байналмилалии китоби Теҳрон

китоби ТеҳронҚарор аст рӯзи дигар сивучаҳорумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ба кори худ поён бахшад. Намоиши байналмилалии китоби Теҳрон 10-уми май оғоз шуда буд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Намоишгоҳ меҳмони вижа ба ҳисоб мерафт. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода сарварӣ мекунад.

Расми ифтитоҳ ва ширкати Тоҷикистон дар ин Намоишгоҳи байналмилалӣ дар хабаргузориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, нашрияҳои чопиву электронии он бозтоби густардае доштааст.

Аз ҷумла, хабаргузории Тасним рӯзи аввали ифтитоҳи намоиш навишт: Ғурфаи Тоҷикистон дар вуруде бахши байналмилали Намоишгоҳ ба шакли яке аз маконҳои  таърихии ин кишвар, яъне Қалъаи Ҳисор тарроҳӣ шудааст. Қалъаи Ҳисор мутааллиқ ба қарни IV милодӣ аст ва дар ҳафт километрии самти ҷануби шаҳраки Ҳисор воқеъ шудааст, ки намоди фарҳангии бостонии ҳудуди 3 ҳазорсолаи мардуми тоҷик ва ҳамзамон яке аз биноҳои таърихии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

китоби ТеҳронМуҳаммадмеҳдии Исмоилӣ вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи ин маросим дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Меҳмони вижаи ин даври Намоишгоҳ кишвари Тоҷикистон аст, ки дар хидмати вазири фарҳанги ин кишвар қарор дорем. Хушбахтона, кишвари Тоҷикистон ҳузури хубе дар намоишгоҳ дорад. Мо низ дар як соли гузашта дар бештар намоишгоҳҳои кишварҳои минтақа ширкат кардем. Умедворем солҳои оянда шоҳиди ҳузури ноширони бештаре аз кишварҳои хориҷӣ бошем.

Вазири фарҳанг ва иршоди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши дигар аз суханронии худ афзуд: Соли гузашта ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон дар Теҳрон, Табрез ва Шероз баргузор шуд ва мо низ дар Душанбе ва Хуҷанд ва чанд шаҳри дигари Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии мухталифе баргузор кардем.

Хушбахтона, китобҳои бисёре аз шуарои Тоҷикистон дар Эрон мунташир шудааст ва ба сурати мутақобил китобҳои пуршуморе низ аз шоирони мо дар Тоҷикистон мунташир шудааст.

Раиси сивучаҳорумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон Ёсир Аҳмадванд бо ишора ба зарфиятҳои густардаи фарҳангии кишвари Тоҷикистон дар ҳавзаи санъати нашр гуфт: Ду кишвар: Эрон ва Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба қаробатҳои фарҳангӣ, зарфиятҳои истифоданашудае дар ҳавзаи нашри китоб доранд.

Зикр гардид, ки робитаҳои фарҳангии ҷумҳуриҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрон бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои сарварони ҳарду кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам ҷаноби оқои Иброҳими Раисӣ ҳамвора густариш ва тавсеа меёбанд.

Чунончи, дар натиҷаи мулоқотҳои созанда ва мутақобилан судманди сарони кишварҳо танҳо дар давоми соли гузашта Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар фазои комилан дӯстонаву самимона баргузор гардиданд, ки аз ҷониби мардумони фарҳангпарвар ва ҳамдилу ҳамзабони тоҷику эронӣ мавриди истиқболи гарм қарор гирифтанд. Ҳамчунин, соли гузашта ноширони Тоҷикистон дар 33-юмин давраи Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон ширкат варзиданд ва ноширони эронӣ дар 10-умин Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Душанбе меҳмони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Имрӯз сатҳи равобити дӯстонаи фарҳангии ду кишвар боз ба як зинаи дигар боло рафт. Ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистон бо даъвати вазири муҳтарами фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ ба ҳайси меҳмони вижа дар 34-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон ҳузур доранд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода барои ин даъвату инояти вижа аз ҳамтои эронии хеш ҷаноби оқои Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ изҳори сипоси вижа намуд.

Мавсуф ҳамчунин бар нуктаҳо таъкид кард, ки фазои Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон дар воқеъ барои ноширон, муаллифону муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва мудирони риштаи табъу нашр ин фурсати тилоиро фароҳам сохтааст, ки дар ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманд ва табодули таҷрибаи муфид иқдомҳои амалии бештар анҷом бидиҳанд.

Намоишгоҳ имконоту фурсатҳоеро дар ихтиёри мо қарор додааст, ки мо бо чашми китоб ва аз миёни сатрҳои китоб ҳамдигарро бубинем, беҳтарин муаллифонро бишносем, беҳтарин таълифотро интихоб кунем, беҳтарин китобҳоро барои азизони хеш ба армуғон бибарем, беҳтарин шариконро ба ҳамкорӣ даъват намоем ва дар ифои рисолати аслии хеш – тарғиби мардум ба китобу фарҳанг муҳимтарин иқдомотро анҷом бидиҳем.

Ба андешаи Зулфия Давлатзода – “Асли фарҳанги ҳар миллат дар китобҳои он маҳфуз аст ва агар бихоҳем, ки дар ҷиҳати рушду тавсеаи фарҳанги миллии хеш кори мондагоре анҷом бидиҳем, бояд, ки рӯ ба китоб биёрем.

Китоб гаронсангтарин ва арзишмандтарин сармояи муштараки фарҳангии мардумони фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷику эронӣ аст.

Мо ин ҳидоят ва насиҳатро ҳанӯз беш аз ҳазор сол муқаддам аз падари шеъри порсӣ устод Рӯдакӣ ёд гирифтаем, ки:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ!

Намояндагони фарҳанги ду кишвар изҳори хушҳолӣ карданд, ки имрӯз ба хотири ҳамин ганҷи шойгон, яъне китоб дар канори ҳам қарор гирифтаанд ва ба ҳайси ворисони барҳаққи ин фарҳанги беназир адои вазифа менамояд. Бидуни шак, фарҳанг дар ҳама давру замон мунодии дӯстиву рафоқат, сулҳу сафо, амнияту оромиш, наҷобату шарофат ва омилии аслии пойдории равобити ҳасана дар миёни ҷомеаи башарӣ буд ва то ҷаҳон боқист, ин рисолат бар дӯши аҳли фарҳанг ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.

Ҳеҷ неруе ба ҳадди неруи фарҳанг қавию ҷаззоб нест.

Ҳарду ҷониб изҳори омодагӣ карданд, ки ин дарахти баруманди дӯстиву рафоқатро ҳифзу парвариш намоянд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар интиҳои сухани хеш, ба ҳамаи созмондиҳандагону дастандаркорон ва ҳамаи меҳмонону иштирокдорони ин ҳамоиши муҳташами фарҳангӣ, яъне 34-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” барори кор, иззату ифтихор ва тавфиқи бешумор таманно намуд.

Бо истифода аз матолиби хабаргузориҳои Эрону Тоҷикистон Шаҳноза ДОНИЁРОВА