“Ваҳдат, Давлат, Президент”. 33-умин ҷилд аз ин силсила аз чоп баромад

Китоби мазкур идомаи силсиламаҷмуаи “Ваҳдат, Давлат, Президент” буда, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳия гардидааст. Дар он афкору андешаи намояндагони қишрҳои гуногуни фикрию сиёсию иҷтимоӣ дар бораи нақши муҳим ва арзиши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва рисолати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар шудааст.

Илова бар ин, муаллифон паҳлуҳои гуногуни таҳкими Ваҳдати миллӣ, тарғиби сулҳу субот, ҳамзистии мусолиматомези тоҷикистониён, дастовардҳои замони истиқлол, худогоҳӣ ва худшиносӣ, ҳувияту манофеи миллӣ ва масоили бархӯрдҳои ҷаҳонишавиро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор додаанд.

Китоби мазкур ба истиқболи 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Маводи китоб барои сиёсатшиносону маъмурон, ходимони давлативу кормандони илмӣ ва мутахассисони соҳаҳои мухталифе, ки майл ба омӯзиши масъалаҳои илмиву амалӣ ва назариявии ваҳдати миллӣ ва муҳимтарин арзишҳои мактаби сиёсии давлатдорӣ доранд, пешбинӣ шудааст.

  Ҷилди XXXIII китоби “Ваҳдат, Давлат, Президент”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

М.Муҳаббатова