Ваҳдат омили рушди устувори ҷомеа

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, ба мамлакати биҳиштосо мубаддал мегардад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлол, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлузаковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад»

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

  Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

Аз ин хотир, ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар бояд ин неъмати Илоҳиро қадр намояд, дӯст дорад ва эҳтиром намояд, зеро бо доштани ин ганҷ миллату сарзамини мо ҳамешабаҳор мемонад.

Пояндагии ваҳдат кафолати беҳбуди шароити зисту зиндагии сокинони кишвар аст. Мо бояд ба қадри ин суботи ҳамешагӣ бирасем ва онро чун гавҳараки чашм азиз дорем.

Зайнура Неъматова,

мутахассиси пешбари Шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ.