Ваҳдати миллӣ аз дидгоҳи Пешвои миллат
Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд заррурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ зери ин сиёсат мутаҳҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагии ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд.
***** ***** ****
Андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад. Сулолаҳо, шоҳону лашкаркашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад.
***** ***** ****
Ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегона напарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд.
***** ***** ****
Аҷнабиёне, ки дар давру замонҳои гуногун ба сарзамини ҳамешабаҳор ва ободии ниёгонамон ҳуҷум мекарданд, ки натавонистанд суннату оийнҳои аҷдоди моро маҳв кунанд. Баръакс, фарҳанги қадимаву расму ойиҳои инсонпарварваронаи мо онҳоро бо гузашти айём асири хеш мегардонданд. Гузашта аз ин, бисёр аҷнабиён Наврӯзро, ҳамчун ҷашни бузурги бошукӯҳ, ба диёри худ бурданд ва аз арзишҳои маънавию фарҳангии халқи мо дарси ҳикмат омӯхтанд.
***** ***** ****
Роҳи мушкил, пурхатар ва душвори расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ барои ҳамаи мо сабақ дод, ки ягон неъмати дигари олам аз истиқлолияту озодӣ, давлати соҳибихтиёри миллӣ ва Ватани муқаддаси аҷдодӣ болотар нест.
***** ***** ****
Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузурги сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад.
***** ***** ****
Мо бояд ифтихор дошта бошем, миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшон сабт мекунад.
***** ***** ****
Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат мебошад.
***** ***** ****
Сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати човидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.
***** ***** ****
Истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ва дар навбати худ, ҳифзу таҳкими истиқлолият ҳамчун замина барои такомули ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд.
***** ***** ****
Мо фарҳанги сулҳ ва ваҳдати бадастовардаамонро қадр ва ҳифз менамоем. Зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузург ва зиёда аз ин, заминаи тамоми таҳаввулоти демократӣ мебошанд.
***** ***** ****
Мо минбаъд низ бояд кӯшиш намоем, ки дар таҳкими сулҳи саҳми арзанда гузорем. Зеро таърихи миллати мо бо ҳамин андешаву амалаш машҳур буд, ба мулкеву кишваре дастарозӣ надошт, яъне вуҷуди миллати мо аз гили сулҳ сиришта шудааст.
***** ***** ****
Халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва, муҳимтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеаи кору зиндагӣ дорад.
***** ***** ****
Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд.
***** ***** ****
Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз нахустин дастовардҳои таърихӣ ва арзишӣ муқаддаси оғози даврони истиқлол мебошад, ки танҳо бо майлу хоҳиши мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгарои тоҷик муяссар гардид, яъне ин дастоварди таърихӣ, пеш аз ҳама, хизмати бузурги халқи тоҷик мебошад.
***** ***** ****
Ҳадафҳои созандагӣ, ҷаҳду талошҳои пайгирона, ормонҳои волои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ҳидоятгари мо ба сӯйи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона мебошанд.
***** ***** ****
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тарақиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу каҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфтанд.
***** ***** ****
Фарҳанги сулҳ пойдевори воқеии халқи ҳалли муқовиматҳо, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ризоити миллӣ дар мамлакати мо гардид, ки назирашро ягон халқу миллат надида буд.
***** ***** ****
Ҳадафи муҳимтарини давлат ва ҷомеаи мо бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдати ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон мебошад.
***** ***** ****
Барои мардуми шарифи кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа арзишҳои муқаддас ва азизанд.
***** ***** ****
Дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар меҳвари фаъолияти сиёсии моро ташкил медиҳад.
***** ***** ****
Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати милиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем. Ин исботи воқеии он хоҳад гардид, ки мо ворисони арзандаи гузаштагони некноми хеш мебошем.
***** ***** ****
Ҳар фарди бонангу номуси Ватан бояд кӯшиш намояд, ки ба қадри имкон дар ободониву созандагии сарзамини аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли худ саҳме гузорад.
***** ***** ****
Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятиҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад. Зеро ҳар як халк ба фарҳанг ва анъанаву суннатҳои миллӣ такя намуда, бо роҳи хоси худ инкишоф меёбад.
***** ***** ****
Вазифаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро, чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз, ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
***** ***** ****
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуда ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.
***** ***** ****
Маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин гардонем.
***** ***** ****
Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.
Аз китоби “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”, Душанбе-2017.
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова