Ваҳдати миллӣ рамзи оромӣ ва сулҳу оромӣ
Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлоли комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Дар сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд.
Барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-уми июн аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдир мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст ва ҳеч гоҳ зудуда намегардад. Дар ин рўзи мубораку саид пас аз талошу қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, – иброз дошт Шаҳодат Давлатова корманди шуъбаи кӯдакон ва наврасон дар маҳфили навбатии «Дастони моҳир».
Маҳфили «Дастони моҳир», ки бо ташаббуси шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ин навбат ба мавзўи ваҳдати миллӣ ва гиромидошти он бахшида шуд.
Дар рафти маҳфил корманди шуъба Шаҳодат Давлатова бо хонандагони фаъоли шуъба доир ба мавзўи ваҳдати миллӣ, муҳим будани ваҳдату ҳамдилӣ ва арҷ гузоштан ба он суҳбат набуд.
Хонандагони фаъоли шуъба чун рамзи сулҳу озодӣ ва ваҳдату ҳамзистӣ моҳирона акси кабутарро тасвир намуда, ҳамчунин аз қоғазҳои ранга кабутар, ки рамзи сулҳу оромиш ва пайғомрасони навиди ваҳдат аст, омода намуданд.
Дар зимн иштирокчиён низ вобаста ба ваҳдат, эҳтиром гузоштан ва ҳифзи он фикру мулоҳизаҳои хешро байён намуданд.