Вақте ки роҳбар назорат мекунад….
Моҳи май ҷамъбаст шуд. Дар сомонаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин як моҳ бо ду забон 220 маводи нав гузошта шуд. Дар 22 рӯзи корӣ 220 матлаби нав, яъне ҳар рӯз 10 маводи нав барои хонанда омода ва пешкаш шудааст.
Дар ин як моҳ 28 ҳазору 446 нафар вориди сомонаи Китобхонаи миллӣ шудаанд. Яъне боз ҳам ба ҳисоби миёна мо дар ҳар рӯзи корӣ беш аз 1290 бинанда доштем.
Моҳи май шаш шуъбаи Китобхонаи миллӣ аз даҳ мавод бештар пешкаши хонанда карданд. Инҳо Маркази забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа, шуъбаи адабиёти хориҷӣ, шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ, Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.
Аввалан, сипос ба ҳамкорон, ки бо заҳмати якҷоя тавонистем сомонаро бо маводҳои хонданӣ таъмин кунем. Бисёре аз ин матолиб дар саҳифаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳсу баррасӣ ҳам қарор дода шудаанд. Мутаассифона, мо ҳанӯз ин имконро наёфтем, ки баҳсҳои фейсбукӣ атрофи матолиби интишормешуда дар сомонаро арзёбӣ кунем. Аммо ин кори оянда аст ва дар наздиктарин фурсат анҷом хоҳад шуд.
Ҳамкоронамон аз бахши матбуот ва робита бо ҷомеа дар таблиғи матолиби сомона аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук хеле фаъол буданд, ки шоиста таҳсин аст.
Сомонаи Китобхонаи миллӣ як пойгоҳи таблиғотии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар китобу китобхонист. Хушбахтона, ба фарқ аз баъзе ниҳодҳо дар Китобхонаи миллӣ роҳбарият, бахусус директори он, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахона Файзализода ба кори сомона диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Устод Файзализода аз нахустин рӯзҳои таъин шудан ба ин вазифа тарҳи нави сомонаро бо ду забон пешниҳод ва амалӣ карданд. Ҳар моҳ дар ҷаласаи моҳонаи назди директор ҳатман гузориши таҳлилии масъули сомона қироат мешавад ва камбуду норасоиҳо ва муваффақияти сомона мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Маҳз таваҷҷуҳи роҳбарият аст, ки масъулини бахш бо ҷиддияти том ба кори худ муносибат мекунанд. Ҳатто таҳияи гузоришҳо аз ҷаласоту маҳофил ва нишасту ҳамоишҳои Китобхонаи миллӣ қолабӣ нест, балки муфассалу пурбор аст.
Сухани гуфтанӣ дар бораи услубу шеваи кори сомонаи Китобхонаи миллӣ зиёд аст. Аммо дар ин як хабар-гузориш маҷоли баррасии пурраву ҳамаҷонибаи он нест. Ин корро ба вақти дигар мавқуф мегузорам ва ба ҳамкоронам барои фаъолияти хуб ва ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои дастгирӣ изҳори сипос мекунам.
Бобоҷон Шафеъ,
Масъули сомонаи
Китобхонаи миллӣ