Вагаршак Карамов – шахсе, ки дар Арманистон зода шуду дар Тоҷикистон шуҳрат ёфт

Карамов_Вагаршак_ДжавадовичКарамов – (Карамян) Вагаршак Ҷаводович (1. 5. 1900, деҳаи Хинзираки ноҳияи Зангезури Арманистон 13. 8. 1956, Душанбе), ходими давлатӣ, муҳандиси шӯравӣ, яке аз фаъолони сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон.

Челонгари депои З-ди парвозтаъмиркунии шаҳри Қизиларвоти ҶШС Туркманистон (1914-21), котиби масъули Кумитаи комсомоли шаҳри Қизиларвот (1921-25), сардори сохтмони роҳи оҳани Самсоново – Тирмиз – Душанбе (1925-31), сардори Сарраёсати хоҷагии роҳу нақлиёти ҶШС Тоҷикистон. (1931-36), комиссари халқии хоҷагии коммуналии ҶШС Тоҷикистон. (1936-39), ҷонишини сардори Сарраёсати хоҷагии роҳу нақлиёти назди Шӯрои комиссарони халқ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, муовини комисари халқии нақлиёти автомобилии ҶШС Тоҷикистон. (1939-44), сардори Сарраёсати роҳи оҳани камбари назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ҳамзамон сардори сохтмони Неругоҳи барқии обӣ-и Варзоби Поён (1944-53), муовини аввали вазири нақлиёти автомобилӣ ва роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1953-54), сардори “Тоҷикэнергосоз”, ҳамзамон сардори Неругоҳи барқии обии “Шаршара” (1954-56).

Дар давраи сарвари Саридораи хоҷагии роҳу нақлиёти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон будани Карамов аз Душанбе ба Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб, Рашт, Хоруғ ва Хуҷанд 8 ҳазор км роҳ сохта шуд.

Карамов ронандаи аввалин қатораи ба Душанбе омада буд. Узви Кумитаи маркази Ҳизби коммунисти (б) Тоҷикистон (аз 1930). Дар анҷумани 10-уми Ҳизби коммунистии Тоҷикистони номзад ба узвияти Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон интихоб шудааст (1956). Узви КИМ-и ҶШС Тоҷикистон. (1927-37), вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 4-ум).

Бо 5 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени “Нишони фахрӣ” медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Неругоҳи барқии обии Варзоби Поён ва яке аз кӯчаҳои қисми шимолии шаҳри Душанбе ба шарафи Карамов номгузорӣ шудаанд.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 471.

Муаллиф: Қ. Расулиён

Таҳияи Замира Давлатова, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.