Ваҳдат, Давлат, Президент. Ҷилди ХХХIV
Ин китоб соли 2022 ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа таҳия шуда, дар он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, раванди ташаккули ваҳдати миллии тоҷикон, масъалаҳои истиқлоли давлатӣ ва аркони давлатдорӣ ва марҳалаи тозаи созандагӣ аз ҷониби муаллифони мақолаҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.
Китоб бари сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, кормандони илмӣ, омӯзгорон, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагоне, ки ба масъалаҳои назарияи ваҳдати миллӣ ва ғояҳои умумимиллӣ рағбат доранд тавсия шудааст.
Китоб бо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ о-оз шудааст. Дар идома мақолаҳои таҳлилии донишмандону сиёсатмадорон ва сиёсатшиносону таҳлилгарон омадааст.
Хонандагон аз ин китоб мақолаҳои Эмомалӣ Насриддинзода, Нурулло Оқилзода, Фарҳод Раҳимӣ, Саидмурод Фаттоҳзода, Мағфират Хидирова, Хуршед Зиёӣ, Кароматулло Олимов, Рудоба Мустаҷобова, Абдухалил Ғафуров, Марҳабо Ҷабборӣ, Саидмукаррам Абдуқодирзода, Шамсиддин Орумбекзода, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Нуралӣ Нурзод, Бахтиёр Ҳамдамов ва дигаронро метавонанд мутолиа кунанд.
Хоҳишмандон китоби “Ваҳдат, давлат, президент. Ҷилди ХХХIV”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Исмоил САИДЗОДА,
муовини сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.