Ваҳдат калиди хушбахтиҳои имрӯз аст
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб муборакбод мекунам.
Ваҳдати миллӣ калиди ҳама хушбахтиҳои имрӯз ва бузургтарин дастоварди замони истиқлол аст, ки имрӯз бо тантана онро таҷлил мекунем. Ин рӯз шоиста аст асрҳо ҷашн гирифта шавад, чун рӯзест, ки ба ҷангу хушунату пархош поён дод. Кишварро аз нобудӣ ва миллатро аз парешонӣ наҷот дод.
Мо ҳанӯз он рӯзҳои мудҳишро фаромӯш накардаем. Рӯзҳое, ки миллат аз дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба дод омада буд. Он рӯзеро ҳам фаромӯш накардаем, ки марде аз табори хираду андеша – Эмомалӣ Раҳмон зимоми ҳукуматро ба даст гирифт ва бо боварӣ иброз дошт: МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОВАРАМ!
Ин суханон ҳанӯз дар гӯшҳои мо садо медиҳанд. Бо гузашти солҳо ва талошҳои бардавом пойдевори ин сулҳ гузошта шуд. Миллат корномаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хати заррин дар саҳифаҳои таърих хоҳад навишт.
Барои талошҳо ва азхуд гузаштанҳоМуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсе шуданд, ки номашон дар таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт.
Аз худ гузаштанҳо, кинаҳоро берун аз дил карданҳо, гузаштҳои пайдарпай билохира омили сулҳи ҳамешагӣ шуд.
Имрӯзи Тоҷикистони азиз бо беш аз бист соли гузашта қиёснопазир аст. Кишвари азизамон рӯ ба рушди устувор овард ва дар ҳама соҳаҳо: сиёсат, иқтисод, илм, фарҳанг, маориф ва ғайра қадам ба қадам ба зинаҳои рушд расид.
Шукрона аз он дорем, ки барномаҳои сазандаи иқтисодӣ самар оварданд, мамлакати мо батадриҷ роҳи инкишофро пеш гирифт ва имрӯз кишвар барои худкифо шудан қадамҳои устувор мебардорад.
Бино ба оморҳои расонаишуда танҳо дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расид. Дар ин давра дар Тоҷикистон бештар аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. .
Таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф ва фарҳанг дар сиёсати Пешвои муаззами миллат дар мадди аввал буду монд. Дар 33 соли охир дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд ёфт. Барои рушди илму фарҳанг барномаҳои калидӣ роҳандозӣ шуданд.
Таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ низ як бахши муҳими барномаҳои фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва ғайра ва ҷудо кардани миллионҳо сомонӣ барои ҳавасмандкунии ширкаткунандагони ин озмунҳо мисоли рӯшананд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд:
Мо фарҳанги сулҳ ва ваҳдати бадастовардаамонро қадр ва ҳифз менамоем. Зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузург ва зиёда аз ин, заминаи тамоми таҳаввулоти демократӣ мебошанд. Имрӯз дар Тоҷикистон муҳити ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ мавҷуд аст, яъне асосҳои ҷомеае фароҳам оварда шудаанд, ки ба фаъолияти тамоми мардум ва мавқеи ватанпарварии ҳар як шахс такя менамояд. Маълум аст, ки таҳкурсии мустаҳками демократия ин ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ мебошад. Дар кишвари мо барои чунин ҷомея шароити асосии сохторӣ дар шакли ҳуқуқи воқеии шаҳрвандон ҷиҳати ташкили созмонҳои дар ҳақиқат мустақили ҷамъиятӣ мухайё карда шудааст.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳамаи Шумо, азизон муборак бошад!
Бо эҳтиром, директори Муассисаи
давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Файзализода Ҷумахон Хол