Ваҳдат ва китоб. Нақши Китобхонаи миллӣ дар таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ

Дар шароити муосир Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ ва иттилоотӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди худшиносии миллӣ ва тарғиби арзишҳои сулҳу субот нақши муассир дорад. Маҳз дар фазои орому осуда ва дар заминаи ваҳдати миллӣ барои рушду тавсеаи фаъолияти китобхона, ғанӣ гардонидани захираҳои иттилоотӣ, рақамикунонии мероси хаттӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеи дастрасӣ ба дониш шароити мусоид муҳайё гардид.

****    ****    ****

Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои бунёдӣ ва омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи таърихии кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамгироии неруҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаҳои воқеии рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа фароҳам мегарданд. Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нави сиёсӣ, идеологӣ ва геополитикӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа аҳамияти беш аз пеш касб намудааст.

Дар робита ба ин масъала, дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти вижаи ваҳдати миллиро ба ин маъно таъкид намуданд: «Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил ба шарофати кӯшишҳои шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, он шарти асосии пешрафти давлат, ободии Ватан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.»

Дар ин замина, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу оштии миллӣ ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки падидаи сарнавиштсоз ва омили асосии таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор меравад.

Солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) рост омаданд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ расонида, боиси талафоти зиёди ҷонӣ, муҳоҷирати маҷбурии аҳолӣ, коҳиши иқтидори иқтисодӣ ва заиф гардидани сохторҳои давлатӣ гардид.

Дар чунин шароити ҳассос зарурати таъмини сулҳу ризоияти миллӣ ба масъалаи ҳаётан муҳими давлат ва ҷомеа мубаддал гашт. Бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва иродаи сиёсиву шаҳрвандии мардум, раванди музокироти байни тоҷикон оғоз гардида, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Ин санади таърихӣ ба муқовимати сиёсӣ хотима бахшида, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, муттаҳид сохтани ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва оғози марҳилаи нави рушди сиёсиву иқтисодии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти сарнавиштсоз дошта, натиҷаҳои муҳими зеринро ба бор овард:

барқарор гардидани сулҳу субот ва амнияти сиёсӣ;

– таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии миллӣ;

– эҳёи сохторҳои идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун;

– фароҳам омадани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ;

– боло рафтани нуфуз ва мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– эҳё ва таҳкими арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ;

– беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ.

Маҳз дар заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, сиёсати созандаи давлатро дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ амалӣ намояд.

Дар илми сиёсатшиносӣ ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз унсурҳои асосии устувории низоми сиёсӣ ва кафолати рушди давлат арзёбӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тавонист бо такя ба арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ пояҳои давлатдории миллии худро таҳким бахшида, заминаи рушди устуворро таъмин намояд.

Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ на танҳо кафили амнияти миллӣ, балки шарти асосии татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, рақамикунонии иқтисодиёт, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди сармояи инсонӣ маҳсуб меёбад.

Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи танҳо мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти умумимиллӣ ва рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтироми қонун, таҳаммулпазирӣ, фарҳанги муколама ва ҳисси баланди ватандӯстӣ омилҳои муҳимми пойдории сулҳу субот ба шумор мераванд.

Дар ин раванд нақши ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа хеле муҳим мебошад. Насли ҷавон бояд аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ сабақ гирифта, барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорад.

Ҳамин тавр, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ва шарти асосии таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 саҳифаи нави таърихи давлатдории тоҷиконро боз намуда, заминаи боэътимоди пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овард.

Дар шароити муосир Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ ва иттилоотӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди худшиносии миллӣ ва тарғиби арзишҳои сулҳу субот нақши муассир дорад. Маҳз дар фазои орому осуда ва дар заминаи ваҳдати миллӣ барои рушду тавсеаи фаъолияти китобхона, ғанӣ гардонидани захираҳои иттилоотӣ, рақамикунонии мероси хаттӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеи дастрасӣ ба дониш шароити мусоид муҳайё гардид.

Кормандони Китобхонаи миллӣ бо гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихиву фарҳангии миллат, таҳияи дастурҳои библиографӣ, нашрияҳои илмӣ ва фарҳангӣ, баргузории ҳамоишҳо, намоишҳои китоб ва чорабиниҳои маърифатӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, рушди худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии тоҷикон саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳамзамон, Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ низ дар ин раванд бо омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон, инчунин таҳияи осори илмӣ ва библиографӣ, дар тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорад. Зеро китоб ва маърифат аз омилҳои асосии пойдории сулҳу субот ва рушди устувори давлату ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Пас, ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ на танҳо омили пешрафти сиёсиву иқтисодии кишвар, балки заминаи муҳимми рушди илму фарҳанг, китобдорӣ ва ҳифзи мероси маънавии миллат ба шумор рафта, Китобхонаи миллӣ ҳамчун махзани бузурги дониш ва маркази тарғиби арзишҳои миллӣ дар татбиқи ин рисолати муқаддас саҳми арзанда мегузорад.

Муҳаммад САФАРОВ, номзади илмҳои педагогӣ, муовини сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.