Ваҳдати миллӣ – асоси Истиқлоли давлатӣ

“Сулҳу ваҳдат бароямон дастовардҳои бузургтарин буда, барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани ин арзишҳои муҳим минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъматҳои бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳақиқат вожаи ваҳдат ва мафҳуми Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷикистонӣ арзиши бебаҳои худро дорад. Се даҳсолаи охир миллати тоҷик чӣ будани ваҳдатро хуб медонад, маънои истиқлоли давлатӣ, давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу суботро амиқ ва ҳаматарафа дарк мекунад.
Миллати азияткашидаи тоҷик 35 сол пеш сарозери ҷанги бародаркушӣ гардида, аз даст додани писару падар, духтару бародар, бехонумон шудан ва рӯ ба гурез афтодан, гуруснагӣ ва бенавоиро хуб медонад. Сарнавишти сангину талх насиби миллат шуд. Зиёда аз як миллион нафар хонаву дари худро партофта, хориҷ аз кишвар шуданд ва тақдири фоҷиабор ва мусибатҳои сахти зиндагӣ насибашон гардид, зиёда аз 150 ҳазор сокинони кишвар қурбонии ин ҷанги бародаркуш гардиданд. Барои аз ин вартаи мусибатнок ва озмоишҳои сахти зиндагӣ баромадан ба мо нафаре лозим буд, то миллати тоҷикро аз нобудшавӣ раҳо созад. Ба бахти мо дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯро интихоб гардиданд ва дар қалби миллати тоҷик умед ба ояндаи дурахшон ва обод шӯълавар гардид.
27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид, ки кишварро аз нобудшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ наҷот дод. Созишнома баъд аз ҳашт давраи гуфтушунид (5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997) миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин ба имзо расид. Ин маънои онро дорад, ки ин санаи таърихӣ ва ин ҷашни хотирмон ба осонӣ ба даст наомадааст. Даври аввали гуфтушунид моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид. Баъдан, шаш маротибаи дигар дар шаҳрҳои Ашхобод, Алмаато, Бишкек, Исломобод, Кобул ва Машҳад ва билохира рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва мулоқоти охирон миёни Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионӣ баргузор гардид.
Нахустин суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ба шумо сулҳ меоварам” буд ва ба бахти миллати тоҷик дар ҳақиқат ин шахси фидокор ва ватандӯст ба сухани худ содиқ монда, сулҳу оромиро ба мо ҳадя намуданд. Сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ба даст овардани озодӣ ва истиқлоли давлатӣ, рушду пешрафт, иттиҳоду сарҷамъӣ саҳми беназир ва арзандаи худро гузоштааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани сиёсати созандаву ободкоронаи худ дар самти таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузоштанд. Дар китоби таърихи миллати тоҷик саҳифаи ҷадид ва тозаи фаромӯшнашаванда сабт гардид.
Расо 29 сол пеш дар ин рӯзи таърихӣ миллати тоҷик бо ба имзо расидани Созишнома сазовор ва соҳиби сулҳи деринтизор гардид. Он рӯзҳои даҳшатнок дар хотири якояки мо абадӣ нақш бастааст. Мо ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, осмони софу беғубор, фазои осоишта ва амнияти миллӣ мерасем. Шукрона, ки имрӯзҳо фарзандони мо дар шароити хуб ба воя мерасанд. Баҳри онҳо тамоми шароит барои хондан ва ривоҷ ёфтан муҳайё гардидааст. Вазифаи мо дар он аст, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат ба фарзандон ва наберагони худ чи будани ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, истиқлоли давлатиро фаҳмонем. Насли наврас ва ҷавонон бояд донанд, ки чи гуна Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳо карданд, то онҳо имрӯз дар фазои тинҷиву оромӣ, осмони софу беғубор зиндагӣ кунанд ва рушд намоянд.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон чунин иброз намуданд: “Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯйи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфта ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрати матонат азму талош карда истодааст”.
Пас ин суханҳои ҳикматомӯзи Сарвари давлатамонро пайравӣ намуда, баҳри пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар тамоми саъю кӯшишамонро равона созем.
Бунафша Раҳмонова
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.