Ваҳдати миллӣ – дастоварди беназири даврони истиқлол
Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Яке аз дастовардҳои беназири даврони истиқлол таъмину таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Рўзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ҳамчун санади сарнавиштсоз барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмину таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон мусоидат кард.
Ба ризоияти умумӣ ва сулҳи пойдор муваффақ гардидани тоҷиконро коршиносони хориҷӣ ҳамчун падидаи нигиносои асри бист арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла, коршиноси Олмон Арне Клеманс Зайферт чунин ишора мекунад: «Дар ҳақиқат муҳокимаҳои сиёсие, ки солҳои охир пас аз бастани Созишномаи умумӣ дар бораи сулҳ ва ризоият ба вуқўъ пайваст, дар ҷомеаи тоҷикон таҷрибаи беназиреро дар фазои Аврупо ва Осиё тавлид кард» ва ё коршиноси Ингилистон Кэтрин Баренс дар ин маврид чунин андеша рондааст: «Ҷараёни муноқишаи тоҷиконро хуб баррасӣ намуда муайян сохтан лозим аст, ки чи тавр ин сабақи тоҷикон метавонад барои хубтар фаҳмидани ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи дигар ба мо кўмак расонад».
Баррасии ҳамаҷонибаи дастовардҳои сулҳи тоҷикон мавриди омўзиши амиқи на танҳо коршиносони алоҳида, балки институтҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардид. Боиси ифтихормандӣ ва сарбаландии миллати тоҷик аст, ки 26 июли соли 2011 Кумитаи академикии Шурои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои шоиста ва арзандаашон дар таъмину таҳкими сулҳ, тамаддунсозию фарҳангпарварӣ, мусоидат ба ваҳдати миллӣ ва ҳифзи муҳити зист, рушди пояҳои иҷтимоӣ ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ ба унвони олии фарҳангию сиёсӣ «Пешвои асри XXI» мушарраф гардонд.
Барои ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарғиби сулҳи тоҷикон нақши китобу китобхона бузург аст. Бахшида ба дастовардҳои сулҳи тоҷикон, ваҳдати комили миллӣ беш аз 5000 маводи чопию электронӣ ба табъ расидаанд, ки тавассути онҳо коршиносони ватанию хориҷӣ, донишмандону аҳли адаб афкор ва андешаҳои худро баён кардаанд. Нашри силсилаи китобҳои бисёрҷилда таҳти унвони «Ваҳдат, Давлат, Президент», китобҳо ва маҷмуаҳои илмии «Ҳомии сулҳу ваҳдат», «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон», «Омилҳои Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Роҳи сулҳ бебозгашт аст», «Пайки оштӣ», «Ваҳдати миллӣ – пояи устувори мустақилияти ҷумҳурӣ», «Фалсафаи ваҳдати миллӣ», «Сулҳнома», «Сулҳ, ризоият, ваҳдат», «Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ», «Шоҳроҳи сулҳофарӣ ва бунёдкории Президент Эмомалӣ Раҳмон», «Достони ваҳдати миллат», «Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Ваҳдатнома», «Ваҳдат ва раванди гуфтугўи тамаддунҳо», «Ваҳдат – кафолати ҳастии миллат», «Пешвои сулҳофарини миллат», «Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон», «Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа», «Ваҳдат ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ ва фарҳангсолории миллати тоҷик», «Таджикистан: путь к миру и согласию», «Опыт мирного разрешения конфликтов в Республике Таджикистан», «Формула мира Президента Рахмонова», «Путь к миру и созиданию Президента Эмомали Рахмона», «Миростроительство в Таджикистане», «Дорога к согласию», «Национальное примирение: перспективы развития суверенного таджикского государства», «Политическое противостояние, война и миротворчество в Таджикистане» ва дигар осори интишорёфта барои омўзиш ва таҳқиқу баррасии ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сулҳу ризоият ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Китобхонаҳо дар робита бо тамоми ташкилоту муассисаҳо, марказҳои эҷодию илмӣ-таҳқиқотӣ, созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ вазифадоранд, ки дар тарғиби таҷрибаи беназир ва ибратомўзи сулҳи тоҷикон, арзиш ва ғояи ҳифзи он саҳм гузоранд. Тавассути созмондиҳӣ ва баргузории силсилаи чорабиниҳои муҳими тахассусӣ, аз қабили конфронсу семинарҳо, вохўриву мизҳои мудаввар, суҳбату ҳамоишҳои илмӣ, намоишгоҳҳои китоб ва таҳияю интишори дастурҳои методиву библиографӣ насли имрўзаро ба нерўи созандагӣ, ташаккули ифтихор аз меҳану миллати хеш, эҳтирому пос доштани якпорчагии Тоҷикистон даъват намоянд. Инчунин китобхонаҳо муваззафанд, ки баҳри бедор кардани ҳисси худшиносию меҳанпарастӣ ва ташаккули тафаккури созандаву ахлоқи ҳамидаи мардум ҳарчи бештар усулу равишҳои наву самарабахши корҳои фаҳмондадиҳиро мавриди истифода қарор диҳанд.
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо мақсади шинос намудани аҳли ҷомеа ва муаррифию тавсияи адабиёти баргузида оид ба масоили ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ феҳристи «Ваҳдати миллӣ»-ро таҳия намуданд.
Дар феҳрист унвони осори номнависшуда, тибқи стандарти маъмул ба забони асл тасвир ёфтааст. Навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда, тибқи замони нашрашон, зери як асар, бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ, пешниҳод шудааст. Мундариҷаи асарҳои бузургҳаҷм ба намоиш гузошта шуда, асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмунашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои феҳрист, тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо, аввал ба забони тоҷикӣ, сипас ба забони русӣ, ҷобаҷо гузошта шудааст.
Феҳрист дар заминаи захираи Китобхонаи миллӣ, нашрҳои библиографии Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон тартиб дода шуда, 3831 маводи чопии солҳои 1991-2022 нашршударо фаро гирифтааст.
Бояд гуфт, ки дар ин феҳрист на ҳамаи маводи интишорёфта ворид шудааст. Сабаби асосии номнавис нашудани тамоми маводи ба мавзуъ ихтисосдошта, қабл аз ҳама, дар он аст, ки на ҳамаи маҳсулоти чопии дар қаламрави ҷумҳурӣ нашршуда аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ ва Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон ворид мешавад. Илова бар ин, бо теъдоди кам нашр шудани китобҳо (аз 50 то 100 нусха) имкони дастрасиро душвор гардонида, барои бақайдгирии саривақтӣ ва феҳристнигории минбаъдаи онҳо монеа эҷод мекунад.
Барои осон намудани кори пажўҳандагон, дар поёни феҳрист кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод шудаанд.
Феҳрист барои бештару хубтар ошноӣ пайдо кардани гурўҳи васеи хонандагон бо асарҳои марбут ба сулҳу ризоият ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ёрӣ расонида, имкон медиҳад, ки раванди пажўҳиш ва интихобу хостагирии адабиёти дилхоҳ осон гардад.
Шариф КОМИЛЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент